Сулҳ тақозои заифон нест, балки сулҳ мазҳари шуҷоат, ҳиммат ва хиради сиёсии озодагон ва ҷаҳонсозон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳ ҳамчун арзиши олии умумибашарӣ дар ҳама давру замон мақоми баланд дошт. Маҳз сулҳ омили рушду нуму ва бақои халқу миллатҳо гардида, заминаи дастовардҳои оламшумул мебошад. Миллати тоҷик, ки таърихи шашҳазорсолаи давлатдорӣ ва фарҳанги худро соҳиб аст, арзишҳои инсондӯстӣ ва сулҳро тараннум намуда, санаҳои таърихӣ борҳо гувоҳӣ додаанд, ки ҷанг ва низоъҳо боиси коҳиши пояҳои давлатдорӣ ва таназзули фарҳанг гардида, баръакс сулҳу ризоият роҳро ба сӯи ободӣ боз мекунад.
Ҳамзамон, таърихи инсониятро ҷангҳо ҳамроҳӣ намудаанд. Дар рафти рушди ҷаҳон низоъҳо чунон зиёд буданд, ки (дар 5500 соли охир 15,5 ҳазор низоъ ва ҷангҳо ба қайд гирифта шуда дар рафти онҳо 3,5 млрд инсон талаф ёфтаанд) дар маҷмӯъ таърихи башарро инъикос намуданд. Дар ин самт муҳаққиқи олмонӣ Карл фон Клаузе Витс таърихи оламро «таърихи ҷангҳо» номидааст. Тавре маълум, низоъҳо дар ҳаёти ҷомеа бе асар намемонад. Ҷанг – харобиҳои зиёд оварда, одамонро аз рӯзгори осӯда маҳрум месозад ва аз ҳама муҳим раванди пешрафти ҷомеаро боз медорад. Асри гузашта бо ду ҷанги ҷаҳонӣ (талафот ва зарари гушношунид) ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва низоъҳои шаҳрвандӣ инсониятро водор намуд, ки хатари низоъҳои сиёсиро дарк намуда, онҳро пешгирӣ созад. Маҳз дар заминаи ин падидаи манфӣ чандин давлатҳо, халқҳо ва тамаддунҳо аз байн рафта, аксари ҷангҳо боиси харобиҳои зиёд ва монеи рушд гардидаанд. Дар замони муосир бо дарназардошти омили ғоявӣ, мавҷудияти аслиҳаи қатли ом ва шиддати бархурдҳои тамаддунӣ, миллӣ ва мазҳабӣ хатари ҷангҳо ба маротиб боло рафта метавонад заминаи аз байн рафтани тамоми дастовардҳои касбнамудаи инсоният гардад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи ҳассос ва мураккаб барои таърихи инсоният нақши шахсиятҳои пешво, муттаҳидкунандаи халқ ва рисолати сулҳофарӣ боло меравад.
Дар таърихи халқи тоҷик баъди садсолаҳои надоштани давлати миллӣ, бо касби истиқлолият зимни таҳрики қувваҳои хориҷӣ, манфиатҷӯйии баъзе гурӯҳҳои дохилӣ ва дар заминаи падидаи манфури маҳалгароӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки метавонист на танҳо боиси харобӣ ва талафоти зиёд, балки омили нобудии миллат ва нест шудани давлати миллии тоҷикон аз харитаи сиёсии олам гардад. Ба бахти мардуми тоҷик дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба сари қудрат омад, ки кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишвар суботу оромӣ овард.
Бо ирода ва садоқати қавӣ ба халқи худ, Пешвои миллат шиори таърихии худро баён намуд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!». Ин суханон ба рамзи умеду эътимод барои миллат табдил ёфт ва роҳро ба сӯи сулҳу субот боз кард. Рисолати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат танҳо як иқдоми сиёсӣ набуда, балки ба як ҷаҳонбинӣ, як дастури зиндагӣ ва стратегияи миллӣ табдил ёфт, ки на танҳо Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ берун овард, балки мардуми онро ба роҳи созандагӣ ҳидоят намуд. Мисоли рисолати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иродаи қавӣ, мардонагӣ, ҷасорати бемаҳдуд ва дурандеширо ба хотири миллат мебошад. Ҳамагон медонанд, ки зимни музокироти байни тоҷикон таҳдиду суиқасдҳои зиёд аз дохилу хориҷ, хатари табдили кишвар ба майдони рақобати мансабталошон ва бозингарони минтақавию ҷаҳонӣ возеҳ буд. Устуворӣ ва қатъият новобаста аз душмании рӯйрости қувваҳои дохиливу хориҷӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо роҳбари мухолифин дар Кобулу Хусдеҳ, гузашт ба хотири миллат аз рисолати сулҳхоҳонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Тавре ки устод Ятимов С. таъкид менамояд: «зуҳуроти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти фавқулодаи сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик, падидаи ғайриинтизор нест. Ӯ ифодакунандаи рушду камол, хираду андешаи таърихии миллати тоҷик дар роҳи Истиқлоли давлатӣ, маҳсули асрҳост, ки дар нақши ин абармарди сиёсат таҷассум ёфт. Эҳёгари ормону орзуҳои миллат дар ҳазораи ахир гашт».
Зимни пайгирии сиёсати сулҳофаринӣ яке аз падидаҳои манфури иҷтимоӣ – маҳалпарастӣ ниҳоят коҳиш ёфта, эҳсоси ягонагӣ ва расидан ба ҳадафи якдилии ҳар як тоҷикистонӣ тақвият меёбад, ки аз намунаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар ин радиф табдили Тоҷикистон аз кишвари се қисмат ба якпорча тавассути бунёди нақбу роҳҳо боиси таъкид мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки яке аз шартҳои расидан ба сулҳ дар кишвар ин эътимоди ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва фаъолон ба шумор меравад. Инъикоси ин амр дар ташкили Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 1996 ифода меёбад. Аз ҷониби дигар тадриҷан аҳзоби сиёсӣ дар атрофи ғояи сулҳ ҳамчун омили бақои миллат муттаҳид гардида, гуфтшуниди ҳизбҳо оид ба ин масъала ташкил карда шуд.
Яке аз омилҳои асосии истиқрори сулҳ ин ташаккули механизмҳои татбиқи қарорҳои қабулшуда дар раванди музокирот – Комиссияи оштии миллӣ мебошад. Маҳз бо дурандешӣ ва гузашти Пешвои миллат комиссияи оштии миллӣ бо фарогирӣ аз ҳарду ҷониб, яъне ҳукумат ва мухолифин созмон ёфта, он ба халъи силоҳи дастаҳои мусаллаҳ, гурӯҳҳои ба истилоҳ худмуҳофиз, воридшавии силоҳбадастон ба неруҳои ҳукуматӣ нақши муассир гузошт. Таъини С.А.Нурӣ ба сифати роҳбари комисссия масъулият ва эътимоди ҷониби мухолифро зиёд намуда, ахиран ба сулҳу суботи воқеӣ овард. Зеро бо даъвати мухолифини силоҳбадаст баъзе гурӯҳҳои ғаразноки дохилӣ ба даст силоҳ гирифта, алайҳи ҳукумати қонунӣ сар боло намуданд. Дар чунин шароити ҳассос размандагони мухолифин дар паҳлуи сарбозон ва афсарони давлатӣ истода онҳоро шикаст доданд.
Рисолати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири тоҷикон ҳамчун як падидаи нодир ва бесобиқа ҷойгоҳ пайдо кардааст. Сулҳи тоҷикон на танҳо натиҷаи гуфтушуниди сиёсӣ, балки натиҷаи хирад, устуворӣ ва садоқати Пешвои миллат ба рисолати сулҳофарӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон бо шарофати он дар фазои сулҳу субот рушд мекунад ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беназир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегардад.
Ташаккули Рисолати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат боиси он гардид, ки 23 сентябри соли 2024 дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Эълони даҳсолаи мазкур мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳхоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам кард. Ин иқдом собит сохт, ки таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон на танҳо барои кишвар, балки барои башарият сабақи муҳим аст.
Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон бо аҳамияти миллӣ ва ҷаҳонии худ дар ҷодаи ба маҳалли муқими зист баргардонидани беш аз 1 миллион фирориёни иҷборӣ ва ташкили ҳамгироиҳои иҷтимоии онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо воқеъбинона ба сифати модели нодиртарини сулҳофарӣ эътироф ва арзёбӣ гардид. Ба хотири қадрдонӣ аз ин ҷонфидоиҳо Раёсати Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ ба ихтиёри Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Зиёда аз ин формулаи сулҳи тоҷикон дар тамоми пажуҳишгоҳҳои байналмилалӣ ва маркази таҳқиқи низоъҳои миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Аз ҷониби дигар маҳз устуворӣ ва сулҳхоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи мураккаби сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ ба фазои сулҳу субот ва дӯстии абадӣ табдил гардида, заминаи таҳкими сулҳу субот, рушди устувор ва умқи равандҳои ҳамгироии минтақавӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат зимни татбиқи пайгиронаи арзишҳои бунёдӣ дар шароити ниҳоят мураккаби муносибатҳои байналхалқӣ, шиддати рақобатҳои абарқудратон ва осебпазирии кишварҳои миллӣ тавонистанд, ки давлатдории миллии тоҷиконро ҳифз намуда, онро ҳамчун давлати ташаббускори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Имрӯз, рисолати сулҳофарии Пешвои миллат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ натиҷаҳои боровар дод, мояи таҳкими сулҳ дар арсаи сайёра арзёбӣ гардида, ифтихори ҳар як фарди бо нангу ор ва ватандӯст гаштааст. Аз ин рӯ, мебояд дар атрофи Пешвои миллат ва арзишҳои сулҳофаронаи онҳо муттаҳид гардида, барои таҳкими сулҳ дар тамоми сайёра ба хотири рушди устувор ва наслҳои оянда талош намоем.
Шарипов Амриддин, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ







