РАНГҲОИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ БАЛАНД

953

Парчами миллӣ яке аз муқаддасоти давлатӣ мебошад, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки – парчам таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад.

Вобаста ба таъриху фарҳанг, урфу одатҳо ва ахлоқу маънавиёти миллати тоҷик парчами миллии мо шомили рангҳои сурх, сафед, сабз ва зард (тоҷу ситароҳои он) аст, ки ин интихоби рангҳо тасодуфӣ нест.

Худи масъалаи рамзҳои рангӣ яке аз масъалаҳои меҳварии вобастагии байни рангҳо ва равони инсонҳо ба ҳисоб меравад. Пайдоиши рамзҳои рангӣ ва мазмуни он ба муносибати байни инсонҳо, воқеаву ҳодисаҳои ҳаёти мардум ва фарҳангу маданияти байни онҳо вобастагӣ дорад.

Ҳанӯз дар ҷомеаи ориёиҳо ранги сафед вижаи руҳониён, сурх вижаи размиён ва сабз вижаи мардуми кишоварзу чорводар будааст.

Чуноне ки маълум аст, ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам будаанд, ки бо номи диравш машҳур аст ва он дар даврони Сосониён аз чор ранг иборат буд: сафед, сурх, сабз ва зард.

Мардуми тоҷик умуман, доир ба рамзи рангҳо маълумотҳои амиқу дақиқ доштанд.

Масалан, рангҳои сафед ва ранги зарди тиллогин яке аз рангҳои муҳиму асосии мардуми тоҷик буд, ки ҳамчун рамзи офтоб, равшанӣ, зиндагии нек ва неъматҳои он шинохта мешуд.

Ранги сурх низ ранги муқаддас буд. Ин ранг рамзи ҷавонмардӣ, ҳимматбаландӣ ва шарафмандии бузургмардони миллати тоҷик дониста мешуд.

Ранги сабз низ аз рангҳои махсуси мардуми тоҷик буд ва он рамзи қуввату тавоноӣ, инчунин рамзи рушду ташаккули миллату давлат дониста мешуд.

Тоҷикон дар тӯли таърих соҳиби парчамҳои гуногун буданд, ки дар хусуси онҳо маълумоти амиқу дақиқ пайдо нест.

Парчами имрӯзаи миллати тоҷик яке аз рамзҳои муҳимми Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. (Эмомалӣ Раҳмон)

Рангҳои парчами имрӯзаи мо низ маъноҳои хоси худро доро мебошад:

Ранги сурх – ин нишонаи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик баҳри озодиву истиқлол ва инчунин фаровониву осудаҳолии мардуми мост.

Ранги сафед – нишонаи сулҳу осоиштагӣ ва саодатмандиву хушбахтии халқи тоҷик мебошад, ки соҳиби таърихи тӯлонӣ, ниёгони бой ва фарҳанги барҷаста аст.

Ранги сабз – нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадияти мулки тоҷик мебошад.

Шоир рангҳои парчами моро чунин васф намудааст:

Рамзе, ки он зи ҳар чӣ азизу муқаддам аст,
Парчам аст!

Се ранг дорад он:
Сурху сафеду сабз.
Мазмуни ранг-ранг ба ҳар ранг андар аст,
Дар ранги сурх шуълаи хуршеди Ховар аст,
Сурхии нони гандумии дасти модар аст.
Ранги сафед, роҳи ҷавонони кишвар аст,
Пайғоми сулҳ, боли сафеди кабутар аст.
Сабзаш баҳори сабзи умедасту бовар аст,
Фардои сабзи ин ватани сабзманзар аст.

Чун кӯҳ устувор бувад парчами ватан,
“Шаҳнома”-и виқор бувад парчами ватан!

Маҳмудзода Мунира, муаллими калони кафедраи мутолиоти шарқ