Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, танзими мушкилиҳои байналмилалӣ ва пешбурди дипломатияи фаъол ва сулҳҷӯёна мусоидат намуданд. Дар баробари ин, дар ин сол Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ ба уҳда дошта, дар давоми сол дар дораи ИДМ як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаҳо аз кишварҳои узви ИДМ доир гардид.
Ҳадафи ин чорабиниҳо таҳкими ҳамкориҳои мутақобила дар доираи ИДМ ва омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 ба ҳисоб меравад. Бинобари ин, дар ин мақола тартиби баргузории чорабиниҳо дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ мавриди баҳогузорӣ қарор дода шудааст.
Ҳануз, 22 январи соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи тантанавии Шурои намояндагони доимии ИДМ доир гардид, ки дар раванди он маросими расмии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ эълон карда шуд. Дар ин чорабинӣ, роҳбари Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазоратикорҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Саидмуродзода Нақшаи афзалиятҳои раёсати Тоҷикистонро дар ИДМ дар соли 2025 дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамчунон дар самти мубориза бар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир муаррифӣ намуд.
Дар ин замина, 23-24 январи соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баррасии Барномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати раёсати кишвар дар ИДМ машваратҳои сиёсии байниидорӣ доир ба таҳкими фаъолияти ИДМ доир гардид. Бояд гуфт, ки ин Барнома баргузории 113 чорабиниро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишварҳои узви ИДМ ва дар дигар саҳнаҳои байналмилалӣ пешбинӣ менамояд. Дар раванди ин чорабинӣ табодули афкор миёни раёсатҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ доир ба мувофиқакунии баргузории чорабиниҳо, тартиби қабули қарорҳои байнидавлатӣ, таҳкими заминаҳои ниҳодии ҳамкориҳо, бозбинии ҳадаф ва вазифаҳои ба дурнамо нигаронидашуда ва тавсеаи пойгоҳи меъёриву шартномавии ИДМ баргузор гардид.
10 феврали соли 2025 Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин аввалин ҳайати расмии нозирони ИДМ-ро таҳти роҳбарии Муовини дабири кули ИДМ Нурлан Сейтимов ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳо дар доираи ИДМ баррасӣ гардида, самтҳои калидии ҳамкориҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон баҳогузорӣ гардиданд.
11 апрели соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ИДМ дар соли ҷорӣ муаррифӣ намуда, диққати асосиро ба тақвияти амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, истифодаи иқтидори алоқаҳои нақлиётиву транзитӣ, рушди ҳамкориҳои гуманиратӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳои узви ИДМ равона намуд.
7 майи соли 2025 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълони махсусро ҷиҳати ба қайдгирии намояндаҳои ВАО барои инъикоси ҷаласаи Сарони ҳукуматҳои ИДМ нашр намуд. Дар асоси он, бояд тамоми расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷиҳати пахш ва инъикоси ҷаласаи Сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 4-5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, аз қайди ВКХ гузаранд. Бояд гуфт, ки ҷаласаи Сарони ҳукуматҳои ИДМ ин раванди омодагӣ ҷиҳати ҷаласаи Сарони давлатҳои узви ИДМ ба ҳисоб меравад.
Масъалаи баргузории ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ 4-5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикстон Фаррух Шарифзода ва Муовини дабири кули ИДМ Нурлан Сейтимов мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, ҷанбаҳои дигари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуд.
28 майи соли 2025 ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ҷаласа намояндагиҳои хадамоти консулии Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва Мақомоти иҷроияи ИДМ иштирок намуданд. Дар ҷаласа меъёрҳои асосии Эъломияи Вена дар бораи робитаҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963, конвенсияҳои дуҷонибаи консулӣ баррасӣ гардида, меъёрҳои Эъломия дар бораи кумаки ҳуқуқии шаҳрвандон ва оилаҳо аз 7 октябри соли 2002 мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуд.
4 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Машварати мувофиқашуда доир ба раванди баргузории Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ бо иштироки намояндаҳо аз давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар раванди машварат, мавзуи асосӣ муайян намудани рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа қарор карда шуд, ки рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ рушди ҳамкориҳои мутақобилаи бисрёҷанбаи иқтисодӣ дар доираи ИДМ эълон карда шавад.
11 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ 38-умин ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои узви ИДМ доир карда шуд. Дар чорабинии Кумитаи машваратӣ маҷмуи масъалаҳо дар соҳаҳои ҳамкории шартномавию ҳуқуқӣ, таҷрибаи ҳуқуққабулкунӣ, мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар доираи ИДМ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
29 июли соли 2025 дар ш. Минск зери раисии сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Б. Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ, баррасии раванди омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 5 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб мерафт.
22 августи соли 2025 дар шаҳри Минск зери раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои вижа роҷеъ ба масъалаҳои такмилдиҳии фаъолияти ИДМ баргузор гардид. Масъалаи мазкур дар нишасти сарони давлатҳои узви ИДМ низ мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.
25 августи соли 2025 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 5 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, эълон намуд.
27 августи соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи “Ҳамкорӣ миёни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ дар соли 2025 пешбарӣ гардидааст, қабул намуд. Ин ҳолат талашҳои сиёсии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими пояҳҳои шартномавию ҳуқуқии ИДМ нишон дода, воситаи муҳим дар самти ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти ИДМ мебошад.
24 сентябри соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи махсус доир ба ҷаласаи дар пеш истодаи Сарони давлатҳои узви ИДМ доир карда шуд. Дар ин мусоҳиба ҳайати корпуси дипломатӣ, намояндагони расмии кишварҳои узви ИДМ ва намояндаҳои ВАО ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ, маълумоти асосӣ доир ба баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 муаррифӣ гардид. Инчунин, ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба раванди омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои узви ИДМ посух дода шуд.
Бояд гуфт, ки Саммити сарони давлатҳои узви ИДМ 8-10 октябри соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт ва дар ташаккули низоми ИДМ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узви ИДМ таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Анвари Сафарӣ – н.и.т., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ