Рафти конференсия дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

338

 Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар моҳи апрел бахшида ба рӯзи илм, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони  ДМТ  баргузор мегардад. Имсола конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ  бахшида ба «Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)» ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» буд.

Дар заминаи он  дар кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ санаи 22-юми апрели соли 2022, соати 9:00, бинои № 11, синфхонаи № 225. Ин конференсия баргузор гардид. Раисии конфронсро  н.и.с., дотсент Нуриддин П. Р. ва котибии конфронс бошад  ассистент Файзуллоев К. С.бар уҳда доштанд.

Дар конференсия чунин мавзуъҳо шунида шуданд: Сиёсати давлатии кадрҳо – заминаи рушди устувори ҷомеа Сухангў: н.и.с., дотсент Нуриддин П. Р.  Нақши Пешвои миллат дар таҳия ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат Сухангў: н.и.т., дотсент Самиев Х. Д. Дурнамои ҳамкориҳои гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар қаринаи вазъи геополитикии минтақа Сухангў: муаллими калон Басиров Б. С. Моҳияти дипломатияи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сухангў: ассистент Файзуллоев К. С. Густариши ҳамкориҳои илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой (2010-2022) Сухангў: н.и.т., ассистент Мирзоев Ҳ. Т.  Истифодаи таҷрибаи Сингапур дар қаринаи татбиқи Стратегияи миллии рушд – 2030 Сухангў: н.и.т., муаллими калон Пайвандов Х. Б. Китайско-таджикское стратегическое партнерство в условиях пандемии сухангуй: аспирант Ван Л. Л. Миротворческий потенциал Организации Договора о коллективной безопасности в свете новых реалий сухангуй: аспирант Назарова Ф. Дар охир байни иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимаҳову пешниҳодҳо баргузор гардид.