Пешвоии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон: таҳлили сиёсӣ

598

Фаъолияти ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи махсуси муҳаққиқон, сиёсатшиносон, файласуфон ва ҷомеашиносону ҳуқуқдонон қарор дорад. Дар ин росто, нақши таърихнигорон низ арзанда аст, ки фаъолияти Пешвои миллатро дар пасманзари раванди таърихӣ ва таҳаввулоти азими ҷомеаи мо мавриди таҳқиқу таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд.

Ҳадафи мо омӯзишу таҳлили ташаккули сифатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат мебошад, ки дар баробари фалсафа ва ҷаҳонбинии ӯ, бо ниҳодсозии мақоми сиёсӣ ба ҳайси роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рӯнамо гардид.

Равиши ниҳодии асосёфта ба омӯзиши маводи таърихӣ ва ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф шавад ва таваҷҷуҳи махсус ба ҷанбаҳои идоракунии нави давлатӣ, қонунҳои қабулшудаи даврони истиқлол, сохтори низоми сиёсӣ ва салоҳияту ваколати Пешвои миллат, яъне дар он самтҳое, ки сифатҳои пешвоии ин шахсияти бузург рӯнамо гардидаанд, зоҳир карда шавад.

Чунонки профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р.Ш. Нуридинов дар мақолаи худ қайд менамояд, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки 26 октябри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, сароғози баррасии ин падида дар расонаҳои иттилоотӣ гардид. Сабаби баррасии қонуни мазкур дар он буд, ки якчунин таҷриба дар таърихи навтарини кишвар падидаи нав ва нодир буд. Бояд таъкид кард, ки баррасии ин мавзӯъ аз тарафи зиёиёни тоҷик ҳанӯз дар соли 2011 оғоз ёфта буд.

Сарфи назар аз он ки дар бораи пешвоӣ – сарварӣ дер боз бисёр сухан мегӯянд ва менависанд, то ҳанӯз ба чунин саволҳои сода ҷавоби аниқ ва равшан дода нашудааст: «Шахс чун пешво ташаккул меёбад ё таваллуд мешавад? Кадом омил сабаб мешавад, ки пешвои миллӣ қобилияти аз паси худ бурдани пайравону ҳаммаслаконашро пайдо мекунад? Чаро дар сурати сифатҳои шахсии якхела, яке пешвои эътирофшуда мегардад, вале дигаре не?» Ба ақидаи мо, зоҳиран, ҷавоб ба ин «чаро» ва «чи гуна» хонандаи муосирро, ки мехоҳад ҷавоби умумӣ ва дар айни замон сода ба саволҳои зикршударо дарёфт намояд, қонеъ намесозад.

Пешвоӣ чун падидаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва равоншиносӣ ончунон миқёснок, зиддиятнок ва гуногуншакл аст, ки эҳтимолан дар таҳқиқи он ҳеҷ гоҳ нуқта гузошта нахоҳад шуд. Замона тағйир меёбад, одамон дигар мешаванд, таҷрибаи пешвоёни гузашта таҳлил ва ҷамъбандӣ мешавад, аммо дар ҳар лаҳзаи замонӣ аз тарафи ҷомеа ба сифати пешво шахсе эътироф хоҳад шуд, ки посухгӯйи орзую омоли имрӯзаи мардум буда, тамоюли онҳо ба ояндаро пайгирона амалӣ месозад ва кафолат медиҳад (Р.Ш.).

Барои тавсифи моҳияти пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду омил ё ду ҷузъ аҳамияти махсус дорад: мақомӣ ва ахлоқӣ. Омили мақомӣ имкон медиҳад, ки мақому ваколати роҳбари давлат бо такя ба салоҳияти хеш дар чаҳорчӯбаи масъулияти конститутсионӣ дарк карда шавад. Омили дувумӣ масъулияти ахлоқии Пешвои тоҷиконро дар назди ҷомеа барои ҳифзи субот, амният ва пешрафти давлат фаро мегирад.

Аз нигоҳи мақомӣ Президенти Тоҷикистон чун олитарин мақоми давлатии фарогири идоракунии давлат ва чун қабулкунандаи қарорҳои муайянкунандаи равишу ҷанбаҳои фаъолияти тамоми сохторҳо ва ташкилотҳои идоракунӣ шинохта мешавад.

Дар айни замон, имкониятҳои мақомӣ-вазифавии Президенти ҷумҳурӣ ҳамеша бо чунин тавсифҳои шахсӣ, монанди азму ҷуръати истисноӣ дар қабули қарорҳои сиёсии ғайримаъмулӣ, софдилӣ, ошкоргӯйӣ, эътимоднокӣ дар суҳбатҳо ва дар мулоқотҳо бо мардум, ҳадафмандӣ, амалгароӣ ва боварӣ ба ояндаи неку хушбахтӣ тақвият меёбад.

Рафтори муассири стратегии роҳбари давлат сарчашмаи тағйироти бунёдии ниҳодӣ гардида, имкон дод, ки ҷомеа суботи худро ҳифз намояд, ба сӯйи ҳадафҳои муайянгардида пеш равад ва Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр шакл гирад. Аз ҷониби дигар, стратегияи ҳамкории роҳбари давлат ва ҷомеа ба мутобиқати мутақобилаи манфиатҳо асос ёфтааст. Метавон ин нуктаро ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ниҳодҳои куҳнаи шӯравиро бо ниҳодҳои нави ҷавобгӯйи замон иваз намояд. Нақши Президенти ҷумҳурӣ дар ин раванд шоистаи таҳсину арзанда аст, чунки имконияти рушди муназзами Тоҷикистонро дар даҳсолаҳои минбаъда фароҳам овард.

Бояд таъкид кард, ки ҳокимият дар шахси Пешвои миллат чун маҳорату қобилияти таъсиррасонии ӯ ба аҳолӣ ва ба қабули қарорҳо дарк карда мешавад. Ҳокимият дар ин маврид бо чунин падидаҳои иҷтимоиву равонӣ, ба монанди таъсиррасонӣ, нуфуз, эътимод тақвият меёбад, ки тавсифи Пешвои тоҷиконро нисбат ба сохторҳои давлатӣ ва робитаи сиёсию ҳукуматӣ мушаххас менамояд.

Дар тамоми давраи фаъолияти сиёсии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътибору нуфузи баланд бархӯрдор аст, ки имкон медиҳад муҳимтарин афзалиятҳои ризоияту мувофиқа байни Пешво ва ҷомеа ошкор, тамаркуз ва тақвият дода шаванд, зеро барои пешвоёни сиёсӣ ва давлатмардон доштани қобилияти ифодагарии афкори мардум ва муоширати сиёсии шаклдиҳандаи ризояти мардум муҳим аст.

Эътибору нуфузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни муоширату муколамаи ӯ бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст. Обрӯю нуфузи рӯзафзун яке аз омилҳои муайянкунандаи рафтори Сарвари давлат гардидаанд, ки ба эътимоду боварии одамон ба сиёсати пешгирифтаи ӯ, ба эътирофи сифатҳои шахсӣ ва ташкилотчигии ӯ, ҷолибияти даъватҳо ва барномаҳои ӯ ва ба дурустию адолати амали ӯ асос ёфтаанд. Эътирофи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бонуфуз ба аҳли ҷомеа имкон медиҳад, ки довталабона ва огоҳона дар рушди давлат ширкат намоянд.

Эътимоду боварӣ ба Президенти Тоҷикистон хислати ҷозибият ва таъсиррасониро медиҳад, ки бидуни баҳси бемавқеъ, вазъиятро воқеъбинона дарк намуда, қарори заруриро интихоб мекунад ва онро амалӣ месозад. Яъне тадбир ва арзёбиҳои Президенти Тоҷикистон аз тарафи аҳли ҷомеа қабул мешаванд. Хислати беназири пешвоии сиёсии Президенти ҷумҳурӣ дар ҳамин зоҳир мегардад. Нуфузи ӯ ҳатто дар он ҳолатҳое, ки муътақид кардан мушкил аст, самарабахш воқеъ мегардад. Ин ба таври рӯшан дар ҳолатҳои мураккаб рӯйнамо мегардад. Масалан, таъсири манфии буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҷомеаи мо сатҳи баланди эътимод ба Пешвои миллатро баръало нишон дод ва собит сохт.

Олиҳимматии Пешвои миллат натиҷаи қобилияти бемисли ӯ мебошад, ки аз тарафи аксари аҳолии кишвар эътироф ва қабул карда мешавад. Президенти Тоҷикистон чун шахсияти бонуфузи сиёсӣ муносибат бо аҳли ҷомеаро бар асоси эътимоднокӣ роҳандозӣ менамояд ва чунин сифатҳои неки ӯ, мисли ошкорбаёнӣ, хайру некхоҳӣ зоҳир мешаванд, чунонки дар яке аз вохӯриҳои хеш бо мардуми кишвар таъкид доштанд: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана, ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ана, ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем!».

Президенти Тоҷикистон бо такя ба эътимоду бовари мардум, мақоми сиёсии хеш ва услуби нотакрори фаъолияти худро ҳифз менамояд.

Масъалагузории бомаҳорату воқеъбинонаи вазифаҳои истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳимояи аҳолӣ ва ҳифзи суботу ваҳдати миллӣ ба рушди ҳайсияту нуфузи Пешвои тоҷикон дар фазои пасошӯравӣ мусоидат кард ва ӯро дар радифи аввалин давлатмардони сиёсии миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дод.

Тоҷикистони мустақил саъю талош кард, то ин ки раванди ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёриро ба анҷоми мантиқӣ расонад, мардум ва аҳли ҷомеа дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуданд. Тавре ки рӯйдодҳои минбаъда нишон доданд, нуфузу эътибори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ислоҳоти низоми сиёсии давлат, балки умуман, дар шаклгирии давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозид.

Парвин НУРИДДИН, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ.