ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

590

Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,
Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

Ҳамаи ин иқдомот ба хотири таъмин намудани амнияти миллату давлат, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ буд. Барои он буд, ки мардуми мо дигарбора ба рӯзҳои сахте, ки солҳои 90-ум ба сарашон омада буд, дучор нагарданд.

Эмомалӣ  Раҳмон

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик дар баробари истиқлолияти давлатӣ неъмати пурарзиш ва ганҷи бебаҳост. Ҳар як фарди ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик дар тули таърих табиатан сулҳдӯстӣ, фарҳангпарварӣ, тамаддунофарӣ ва созандагию бунёдкориро пешаи кори худ медонад.

Санаи ба имзо расии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ яъне 27- уми июн дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт, ки миллати сулҳпарвари тоҷик бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ин имтиҳони таърихиро сарбаландона паси сар намуд.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва дар назди халқу миллат бо эътимоду боварии комил ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

 Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як тоҷику Тоҷикистони бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза кушиш намояд. Дар ин хусус Роҳбари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Роҳи ҳазорҳо нафар тоҷики парокандаро барои зиндагии осоишта равшан намуд.

Боиси зикр аст, ки нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Роҳбари давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори роҳбари давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд. Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида софдилонаву содиқона дар атрофи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа талош кунем. Чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Агар мо хоҳони онем бошем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик баракати зиёде ба бор овард ва оварда истодааст.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат, Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!

Тупалов Ғ. Ш., дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқӣ.