Пешвои миллат – роҳнамо ва илҳомбахши рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ бо кишварҳои минтақа

729

Ба назари аввал чунин мерасад, ки дар шароити буҳрони глобалӣ унсури гуманитарии ҳамкориҳо дар байни субъектҳои равобити байналмилал бояд ба мақоми дуюм мегузашт, зеро барои давлатҳо масъалаи ҳифзи шарикӣ (ё ҳамкории иттифоқӣ) дар соҳаҳои иқтисодиву молиявӣ ва амниятӣ  мубрамияти бештар касб менамоянд. Аммо муаллиф он андешаро ҷонибдор аст, ки робитаҳои гуманитарӣ дар шароити хозира аҳамияти хосро соҳиб гаштаанд. Маҳз имрӯз, дар шароити ташдиди буҳронҳо ва таҳдиди онҳо ба вазъ ва дурнамои робитаҳои иқтисодиву сиёсии кишварҳо, робитаҳои гуманитарӣ қодиранд нақши омили мавзункунанда ва ҳофизи  муколамаҳои байни субъектҳоро дар сатҳи зарурӣ бозида диққатро аз нокомиҳои самтҳои дигар берун баранд.  Арзиши амалии ҳамкориҳои гуманитарӣ дар он аст, ки онҳо метавонанд ҳамчун механизми тақвиятбахши  зербинои сиёсиву иқтисодии созмони байналхалқӣ хизмат карда дар ин ҳол маблаѓҳои ҳангуфти молиявӣ ҳам талаб накунанд.  

Муҳиммияти ҳамкориҳои гуманитариро дар шароити ҳозира он нуқта сидқ мекунад, ки ин намуди ҳамкориҳо дар консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳидоят ва раҳнамоии  бевосистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия  ва амалӣ мегардад, ба ҳайси самтҳои афзалиятнок пазируфта шуда, таъкид гардидааст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд. 

Расидан ба ҳадафҳои мазкури дипломатияи  фарҳангӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хориҷии кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро тақозо мекунад: – таҳкими пояҳои шартномавию ҳуқуқии робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ; – ҳимояи фаъолонаи ҳуқуқ, манфиатҳо ва эътибори шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тавассути эҷоди заминаҳои фарогири ҳуқуқӣ ва тавсеаи ҳузури консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои иқомати шаҳрвандони кишвар дар хориҷа;    

– дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатии ҳамватанони бурунмарзӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба иттиҳоди ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳифзи вежагиҳои этнофарҳангӣ, аз ҷумла забони модарӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишварҳои будубоши онҳо; – мусоидат ба фаъолияти созандаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҷиҳати таҳкими робитаҳои кишвар бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби зарфиятҳои онҳо барои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва маънавиву фарҳангӣ, эҷоди ҳусни таваҷҷуҳ ва муносибати хайрхоҳона ба Тоҷикистон ва мардуми он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доираҳои сиёсии байналмилалӣ; – мусоидат ба фароҳам овардани шароити фарогиру муносиб барои будубош ва сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати рушди туризми байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат; – мусоидат ба роҳандозии муколамаи байни тамаддунҳо ва динҳо бо такя ба таҷриба ва саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули таҳаммулгароии динӣ ва тамаддунӣ.

Ҳамкориҳои гуманитарӣ бо  кишварҳои минтақа дар сатҳҳои дуҷониба ва чандҷониба ҳамчун самти афзалиятнок  дар сиёсати хориҷии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хос дорад.  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз ташаббускорон ва асосгузорони Созмони Ҳамкориҳии Шанхай баҳри эҷоди шароити мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ, созиш ва ҳамкориҳо дар созмон ва ҳамчунин тавсеаи “Оилаи бузурги” – и кишварҳои ҳамёр кушишу талошҳои зиёде ба харҷ додааст. Хизмати Пешвои миллати тоҷикон дар он ки созмон тайи бист соли мавҷудият аз  маҳфили панҷ кишвар ба созмони бузурги фаро минтақавӣ табдил ёфтааст, назаррас  ва ин бебаҳс аст.  Ин гуфтаҳои моро он амр тасдиқ мекунад, ки агар дар таърихи имрузааш Созмон се маротиба тавсеа ёфт ва кишварҳои нави минтақаро ба канори ҳамкориҳои ҳамаҷониба кашид,  дар ҳар сеи он саҳми бевоситаи Пешвои миллат назаррас аст ва хоса ки ба Созмон пайвастани ду кишвари ба мо наздик   – Ӯзбекистон ва Ирон дар Душанбе  сурат гирифт. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, тайи 20 соли мавҷудияти хеш СҲШ пайваста “Руҳи Шанхай” -ро, ки таҷассумгари эътимоди тарафайн, нафъи ҳамдигарӣ, баробарҳуқуқӣ, машварати ҳамдигарӣ, эҳтиром ба гуногуннавъии фарҳангҳо, кушиш ба рушди муштарак аст, дастури амал қарор додааст.  Созмон аз чаҳорчубаи мафкураҳо, низомҳои сиёсӣ ва фарқиятҳои фарҳангӣ  дар ҳамкориҳои байналмилалӣ берун рафта, устуворона аз усули ҳамроҳнашавӣ ба паймонҳо, адами тақобул ва  мавқеъгирӣ  алайҳи кишварҳои сеюм пайравӣ мекунад. Маҳз бо такя ба усули мазкур СҲШ ба шоҳроҳи ҳамкорӣ ва пешрафт баромад, ки ҷавобгуи воқеияти минтақа ва ниёзҳои ҷонибҳо буда, тарҳи нави ҳамкориҳои минтақавиро таҳия намуд. Таҷрибаи андухтаи созмон амалияи муфиди эҷоди намунаи нави робитаҳои байналмилалӣ ва ҷавомеъи сарнавишти ягонаи башар мебошад.[1]                                    

Тайи бист соли мавҷудияти Созмон кишварҳои узв бо пайравӣ аз асли консенсус якҷоя нақшаи рушди Созмонро таҳия намуда, хамкориҳоро дар соҳаҳои амният, иқтисод,  фарҳангиву гуманитарӣ таҳким мебахшанд. Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ баҳри мубодила ва омузиши ҳамдигарӣ дар байни тамаддун ва фарҳангҳои гуногун баромад мекунад. Дар чаҳорчубаи СҲШ механизми ҳамкориҳои васеи фарогир ва муҳаррик дар соҳаҳои таҳсилот, фарҳанг, туризм, варзиш, васоити ахбори омма, инчунин дар масъалаи  занон эҷод шуда, силсилаи барномаҳои баландсифати табодули фарҳангӣ, аз қабили Донишгоҳи СҲШ, фестивалҳои фарҳанг ва санъат, лагерҳои ҷавонон ва намоишгоҳҳои истеъдоди бачагон амалӣ мегарданд. Ҳамаи ин ба наздикшавии халқҳо ва таҳкими заминаҳои ҷамъиятии рушди дарозмуддати СХШ мусоидат намудааст.  Чун сухан аз ҳамкориҳои гуманитарӣ дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай меравад, пеш аз ҳама бояд ба ҳудудҳои маъноӣ ва миқеёси фарогирии онҳо мутаваҷҷеҳ шуд. Созмони Ҳамкории Шанхай созмони нодирест, ки намояндагони фарҳангу тамаддунҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад. Дар ин робита дарёфти арзишҳое, ки мақбули тамаддуну фарҳангҳои шомил бошад, кори хеле мураккаб ва нозук ҳам мебошад. Аз ин хотир вуҷуд ва амали “Руҳи Шанхай ” ҳамчун пойгоҳи мустаҳками идеявиву ахлоқӣ ва арзишии Созмон падидаи хеле нодир дар таърихи созмонҳои байналхалқии имруза мебошад.                                                       

Метавон гуфт, ки дар доираи ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистон бо кишварҳои шарик дар СҲШ авлавияти бештар ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф дода мешавад ва ин бесабаб нест.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парламенти кишвар ҳануз дар моҳи апрели соли 2011 ба ин мавзўъ рў оварда, гуфта буд: “Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки имрўз ҳамватанони мо дар беҳтарин саҳнаҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамоянд. Тавассути дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият санъаткорони мо ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Танҳо дар соли 2010 ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораву озмунҳо ва фестивалҳои 20 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида, фарҳангу ҳунари волои миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд”.[22, 235]                         

Тайи мавҷудияти СҲШ заминаи устувори меъёриву ҳуқуқи барои рушди ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узв (Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ дар  бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз 16 августи соли 2007 дар Бишкек) ва  механизми устувори ҳамкориҳо дар сатҳи вазирони  фарҳангҳои кишварҳои иштирокчӣ (баргузории машварати вазирони фарҳанг) фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тибқи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025  сиёсати фарҳангӣ дар самтҳои зерин татбиқ карда мешавад: – омузиш ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии минтақаи СҲШ, аз ҷумла дар масири «Роҳи бузурги Абрешим», пешгирии қочоқи арзишҳои фарҳангӣ; – бунёди базаи маълумотҳои ва феҳристи ёдгориҳои фарҳангӣ; – тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангиву тамаддунӣ; – эҳёи офаридаҳои санъат; ташхиси илмӣ-техникӣ ва санъатшиносӣ; – лоиҳакашии осорхонаҳо; омузиши мероси фарҳангии айримоддӣ; таҳқиқи фолклор, фарҳанги муосири адабӣ ва медиа, кинематография, санъати театрӣ; –  таҳқиқотҳо дар соҳаи иқтисод ва сотсиологияи санъат ва сиёсати фарҳангӣ. [19,19]    

Метавон гуфт, ки заминаи меъёриву ҳуқуқӣ барои иҷрои муқаррароти зикршуда Созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз соли 2007 мебошад.[1]                    Агар дар сатҳи дуҷониба ин равандро ҷаласаҳои комиссияҳои ҳукуматӣ оиди ҳамкориҳои гуманитарӣ роҳандозӣ ва назорат намояд, дар сатҳи чандҷониба мунтазам машваратҳои роҳбарони вазорату идораҳо бо шумули вазирони фарҳанг, тандурустӣ, таҳсилот, нақлиёт, технологияҳо ва ҳолатҳои фавқулодда баргузор мегарданд. Имруз метавон даҳҳо далелҳо аз баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ: баргузории ҷашнҳои фарҳанги рус (Чин, 2003) ҷашнҳои фарҳанги чинӣ ( Россия, 2004), соли Россия дар Чин (2006),  соли Чин дар Россия (2007), ҷашни фарҳангии Казоқистон (дар Чин, соли 2001),  кинофестивали кишварҳои СХШ (якум – 2006 дар Душанбе, кинофестивали Иссиқкул дар Чолпон-Ато), форуми адабии «Кули Сихуро тасвир мекунем» дар Ханчжоу, экспозитсияи адабии «Тиру камони баҳорӣ» дар Узбекистон, выставкаи санъати тасвирӣ (выставкаи нахустни соли 2004 дар Россия, баъд дар Остона), Тошканд, Москва, Казон, Набережные Челни, Елабуг, Бишкек, Чанжи, Шанхай, Гуанчжоу, Ханчжоу, выставкаи СҲШ «Кудакон афсонаҳоро ба тасвир мекашанд», марказҳои фарҳангӣ дар пойтахтҳои якдигар («Олами рус», маркази фарҳангии Конфутсий) мебошанд.  Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Қирѓизистон, Россия, Қазоқистон, Чин ва дигар кишварҳо бо иштироки беҳтарин ҳунармандону санъаткорони ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар доираи онҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, намоишҳои консертӣ баргузор шудаанд.  Аз ҷумла, тайи 4 соли охир ду маротиба “Рузҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ” (майи соли 2017, ноябри соли 2019),  ва як маротиба  «Рузҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон » (октябри соли 2017) баргузор гардиданд. Ҳамроҳ бо чорабиниҳои фарҳангии берун аз марзҳои мамлакат дар худи кишвари мо мунтазам конфронсҳои байналхалқӣ бахшида ба санъат, мусиқӣ, эҷодиёти классикҳои адабиёти тоҷику форс доир гардидаанд. 

Ҳамкории босамари ҳамкориии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф дар мисоли фаъолияти Донишгоҳи СҲШ дидан мумкин аст, ки аз соли 2008 фаъолият мекунад.  Рисолати аслии Донишгоҳи СҲШ татбиқи раванди тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар заминаи барномаҳои инноватсионии таҳсилотӣ аз руи ихтисосҳои афзалиятнок барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои узви СҲШ ба шумор меравад.  Ба таркиби Донишгоҳи СҲШ аз Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абулаи ибни Сино,  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улузода,  Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шомил шудаанд. Донишгоҳ мутахассисонро дар чунин соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили энергетика, экология, минтақашиносӣ, нанотехнология, IT-технология, омузгорӣ, иқтисод тайёр мекунад. Дар чаҳорчубаи Донишгоҳи СҲШ низоми чандсатҳии таҳсилот – бакалавриат, магистратура, аспирантура, докторантура амал мекунад. Тайи мавҷудияти хеш Донишгоҳи СҲШ  на танҳо абзори асосии ҳамкориҳои чандҷониба дар маҳдудаи СҲШ, балки лоиҳаи асосии гуманитарӣ ҳам гардид, ки ба таҳкими эътимоди тарафайн ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳои узв ва болоравии мақом ва имиҷи СҲШ дар арсаи байналхалқӣ мусоидат мекунад. Донишгоҳи СҲШ ҳамчун шабакаи донишгоҳҳои амалкунанда дар кишварҳои узв, кишварҳои нозир ва шарикони муколама амал мекунад.  Дар рафти баргузории ҳафтаи XI (дар Душанбе, 2016) намояндагони кишварҳои узв лоиҳаи ҳуҷҷати асосӣ –  Созишнома дар бораи таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ – ро баррасӣ ва мувофиқа карданд, ки мақоми ҳуқуқии Донишгоҳро мустаҳкам намуда фаъолияти онро ба танзим медарорад.  Вазифаҳои асосӣ ҷиҳати  татбиқ ва ҷорӣ кардани барномаҳои таҳсилотии байналхалқии кафедраи Донишгоҳи СҲШ – таъмини табодули академӣ дар чаҳорчубаи донишгоҳҳои шарик, мувофиқсозии барномаҳои таҳсилотии магирстӣ ва татбиқи онҳо, созишномаҳои иловагӣ байни шарикон, таъминоти методикӣ ва ташкилотии раванди таълим дар чаҳорчубаи  Донишгоҳ ба шумор мераванд. Лоиҳаи инноватсионии бунёди Донишгоҳ идомаи мантиқии ҳамгароии низоми таҳсилотии байналхалқӣ гардид.                     

Тавре дар боло ишора рафт, яке аз муқаррароти «Стратегияи 2025» чунин аст: «Кишварҳои узв дар форматҳои дуҷониба ва чандҷониба пайгирона робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилотӣ, илмӣ ва таҳқиқотиро тавсеа бахшида, барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки илмиву таҳқиқотиро, ки мавриди таваҷҷўҳи тарафайн мебошанд татбиқ хоҳанд кард».  Нақши хосро дар ҳамкориҳои соҳаи таҳсилот баргузории ҳафтаҳои таҳсилоти кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Тахсилот бидуни марз», баргузории конфронсҳои байналхалқӣ, мизҳои мудаввар, форумҳои ректорони донишгоҳҳои пешбари СҲШ ва форумҳои ректорони академияҳои хизмати давлатии кишварҳои узви созмон бозӣ мекунанд.    Аз ҷумла, ҳафтаи таҳсилотии СҲШ дар Москва дар соли 2008 ба вохуриҳои анъанавии коршиносон дар соҳаи маорифи кишварҳои узв асос гузоштанд. То соли 2013 ҳафтаҳои таҳсилоти СҲШ дар Москва баргузор мегардиданд. Тайи солҳои баъдина  вохуриҳо дар Уфа, Барнаул, Белгород, Далян, Остона, Душанбе гузаштаанд.                         

Дар ҳамкориҳои илмӣ рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ мубрамияти худро гум накардааст.  Албатта, дар соҳаи инноватсионӣ, ки ҳам мубрам ва ҳам афзалиятнок аст, ҳалли масоил ва вазифаҳое, ки пайваста пеш меоянд, зарур аст. Аз қабили: кооператсияи байнидавлатӣ дар соҳаҳои илмиву техникӣ ва илмиву таҳсилотӣ, дастгирӣ ва рушди ҳамкориҳои илмиву техникии кишварҳои иштирокчӣ, инчунин ташкили ҳамкориҳои самараноки онҳо дар фазои инноватсионӣ, илмиву техникӣ ва иттилоотии муштарак ва таъмини муътадил-гардонии  мувозинати технологӣ.  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 7-уми Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки 16 августи соли 2007 дар Бишкек баргузор гардида буд, ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои узв  дар соҳаи фарҳанг ва таҳсилот дахл карда, изҳор дошта буд, ки ҳамкориҳои давлатҳои узви СҲШ дар соҳаҳои фарҳанг ва таҳсилот қувват гирифта ва бо гуногуннавъӣ фарқ мекунад. Татбиқи созишномаҳои байни ҳукуматҳои кишварҳои мо ба имзо расида дар масъалаҳои зикршуда ҳамкориҳои давлатҳои узви СХШ  ро дар соҳаҳои маънавӣ-фарҳангӣ ва таҳсилотӣ ганӣ гардонда, халқҳои моро боз ҳам ба ҳамдигар  наздиктар мегардонанд.                                            

Дар моҳи июни соли 2008 дар шаҳри Урумчи бори аввал Форуми намояндагони Академияҳои илмҳои давлатҳои узви СҲШ доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ баргузор гардида буд.  Дар рафти вохурии аввали коршиносони давлатҳои узви СҲШ доир ба илм ва техника дар моҳи июли соли 2009 дар Урумчи оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чунин соҳаҳо, аз ҷумла, омодасозӣ, такмили ихтисос ва табодули мутахассисон, пешбурди корҳоимуштараки илмӣ-тадқиқотӣ, семинарҳои илмӣ, курсҳо, ташкили намоишгоҳҳои илмиву техникии байналхалқӣ ва монанди инҳо мубодилаи афкор баргузор гардид.  Аз ҷумла, зарурияти тезонидани татбиқи 9 лоиҳаҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ, ки дар Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои Барномаҳои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи тиҷоративу иқтисодӣ таъкид шуда буд. Аз руи натиҷаҳои Машварати нахустини роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои илму техникаи давлатҳои узви СҲШ дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чунин соҳаҳо, аз қабили такмили ихтисос ва табодули мутахассисон, баргузории якҷояи корҳои илмиву таҳқиқотӣ, семинарҳои илмӣ, курсҳо, ташкили намоишгоҳҳои байналхалқии илмиву техникӣ мувофиқа ба даст омада буд. Нақши муҳимро дар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотии байни кишварҳои узв Форуми СҲШ ҳамчун механизми  ҷамъиятии машваративу таҳлилии бисёрҷониба, ки ба хотири мусоидат ва дастгирии илмии фаъолияти Созмон, инчунин рушди ҳамкориҳои марказҳои илмиву таҳқиқотӣ ва сиёсатшиносии давлатҳои узви Созмон бозӣ мекунад. Форум 22-23 майи соли 2006 дар Москва, дар Донишкадаи давлаии муносибатҳои байналхалқии Москва таъсис дода шуда буд. Ба таркиби Форум муассисаҳои илмии муътабари давлатҳои узви СҲШ шомил буда, мақоми маркази миллии тадқиқотии Созмонро соҳибанд. Феълан чунин мақомро  муассисаҳои зерин – Пажуҳишгоҳи байналхалқии сиёсати муосир (Ҷумҳурии Казоқистон), Институти масоили байналхалқии Чин, Пажуҳишгоҳи таҳлил ва баҳогузории стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Киргизистон, Маркази тадқиқотии Осиёи Шарқӣ ва СҲШ – и ДДМБ шаҳри Москва (ВКХ Россия), Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳибанд.                                     

Тавре  маълум аст, дар рушди иқтисодиёт ва муколамаи фарҳангҳои байни халқҳо туризм нақши муҳим мебозад. Ҳарчанд ки дар ин самт давлатҳои узв механизми самараноки ҳамкориҳоро ба роҳ  монда натавонистаанд.  Мушкилоти мавҷуда ба вижа дар ташкили зерсохтори сайёҳӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷонибҳо қабули чораҳои заруриро ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои туристӣ, рушди ҳамкориҳо дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳуқуқии сайёҳон, таъмини амнияти туризм, мусоидат ба ҳамкориҳои байни корхонаҳои саноати сайёҳӣ ва корхонаҳои алоқаманд, ҷалби маблаггузориҳо дар бунёд ва такмили зерсохтори туристии давлатҳои увви СҲШ  тақозо мекунанд.  Дар саммити 15- уми Тошканд (2016) бори аввал барномаи муштараки рушди робитаҳои туристӣ, ки бо ташаббуси Ростуризм таҳия шуда буд, тасдиқ гардид. Ҳадафи асосии барномаи мазкур – мусоидат ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мусоид дар соҳаи туризм барои ташаккули муҳити сайёҳии муштарак дар заминаи алоқаҳои устуворшудаи фарҳангиву таърихӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад.  Чорабиниҳои мазкур ба ташдиди табодули сайёҳӣ, афзоиши даромади ба даст овардаи кишварҳои узв, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Гуфтанист, ки дар ҳудуди кишварҳои созмон 143 объекти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҷойгиранд.  Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  15 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе форуми сайёҳии СҲШ баргузор гардид, ки ба табодули таҷриба ва тавсеаи  робитаҳои байни намояндагони идораҳо ва соҳибкорӣ дар соҳаи туризм дар маҳдудаи СҲШ, инчунин омузиши вижагиҳои ташаккули маҳсулоти сайёҳӣ дар кишварҳои узви созмон бахшида шуда буд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханрониашон  изҳор дошта буданд: «Дар қаринаи ҳамкориҳои гуманитарӣ Тоҷикистон ба ҳайси раис ҳама гуна пешниҳодҳоро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, туризм, инчуни кор бо ҷавонон дастгирӣ хоҳад кард. Дар шароити имруза рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бо фарогирии масъалаи таѓйирёбии иқлим аҳамияти хос касб мекунад.  Мо ба дастгирии минбаъдаи шарикон дар татбиқи ташаббусҳои мо доир ба рузномаи об, аз ҷумла пешниҳод оиди таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо умед дорем. Соли дар пешистода, бо назардошти аҳамияти рамзии он соли фарҳанги кишварҳои СҲШ эълон шудааст, ки дар чаҳорчубаи он баргузории як қатор чорабиниҳои амалӣ ба нафъи таҳкими муколамаи байнитамаддунӣ ва пайгирии минбаъда аз «Руҳи Шанхай», ки мазмуни аслии он эътимод ва суди ҳамдигарӣ, баробарҳуқуқӣ, машваратҳои тарафайн, эҳтироми гуногунрангии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, кушш барои рушди муштара аст, ба нақша гирифта шудааст. Чунин меҳисобам, ки дар шароити мураккаби имруза ин усулҳо аз ҳарвақта дида барои ҳамаи аъзоёни ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба ягонагӣ ва муттаҳиддӣ дар ру ба руи таҳдидҳои пешомада новобаста аз моделҳои пешгирифтаи рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ ниёз доранд, актуалӣ мебошанд.» [1] Ёдовар бояд шуд, ки ҳамоиши душанбегии СХШ – дар мохи сентябри соли 2021 доира ва микёси ҳамкориҳои гуманитариро   аз ҳамкорихои фарҳанги, таҳсилоти, илми-техники,  тандурусти, ҳифзи мухити зист, иклим, ҳолатхои фавқулодда то масъалаи занон, дипломатияи мардуми, ҳуқуқи инсон, ҳамкорихои байниминтақавӣ, ваосити ахбори омма, ҷавонон, варзиш, туризм тақвият дод ва майдони амали дипломатияи фарҳангиву гуманитарии моро тавсеа бахшид.  Имконияти фароҳам омада коршиносону мухаққиқон ва масъулони хамкорихои гуманитариро водор месозад, ки роҳу механизмхои нави тавсеаи ҳамкориҳоро ҷустуҷу намуда дар татбиқи ғояхои маърифатпарварона, фарҳангсолорона  ва башардустонаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.                    

Бо назардошти авомили зикршуда метавон гуфт, ки ҳамкориҳои гуманитарии кишвари мо бо давлатҳои минтақа дар чаҳорчубаи СҲШ марҳилаи муайянеро тай карда ба дастовардҳои назаррас комёб гардидааст. Дар ин миён метавон аз мавҷудияти усулҳои мушаххаси шаклгирифта, ки ҷавобгуи диди нақши фарҳанг ва таҳсилот дар равобити байналмилалии муосир мебошанд ва ба мавқеи кишварҳои иштирокчӣ наздиканд; ташаккулёбии пойгоҳи устувори аҳдномавиву ҳуқуқӣ дар соҳаи гуманитарӣ; бунёди механизмҳои самараноки таҳлиливу коршиносӣ; мушаххассозии самтҳои ҳамкорӣ ва шаклҳои татбиқи барномаҳои фарҳангӣ ва таҳсилотӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва чандҷониба ёдовар шуд. Дар марҳилаи кунунӣ, – навиштааст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – ҷаҳон ба марҳилаи таѓйиротҳо ва ҷаҳишҳои бузург ворид шудааст, пандемия бошад раванди бозсозии суроби байналхалқиро метезонад, бо вуҷуди ин сулҳ, пешрафт, ҳамкорӣ ва суди ҳамдигарӣ тамоили бебозгашти даврабоқӣ мемонанд.  Дар ру ба руи нуқтаи ибтидоии таърихӣ ва чолишҳои афзоянддаи глобалӣ мо бояд Руҳи Шанхайро ба роҳбарӣ гирифта, мо бояд баҳри ҳамкориҳои гуногунҷониба ва адолати байналхалқӣ устуворона талош намоем ва неруи Созмони ҳамкории Шанхайро ҷиҳати танзими сиёсии низоъҳо ва такомули идораи глобалӣ баҳри сохтмони босуръати Ҷомеаи сарнавишти ягонаи СҲШ ва эҷоди муштараки ояндаи беҳтари созмон истифода барем. 

                Самиев Холаҳмад Давлатович. Дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ.


[1] Соглашение между правительствами государств-членов ШОС о сотрудничестве в области культуры. Секретариат Шанхайской организации сотрудничества. 2007. URL: http://rus.sectsco.org/documents/ (дата обращения: 12.05.2019).