ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

1686

Рўзи 20 – уми ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфтааст, ба имзо расид ва он дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида, мавриди амал қарор гирифт.

Мутобиқи қонуни қабулгардида ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст.

Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан зарур аст, зеро рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд мояи ифтихор бошад.

Мавриди иброз аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо, дорои аҳамияти бузург дорад. Бори аввал 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

Миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст, ки Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хоса дошт ва он дар Ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.

Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду мааром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду мааром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу суббот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид мақоми қонунӣ гирифт ва он дар сатҳи баланд, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша партавафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.

Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст ва ҳоло мардуми мо ҳамаи имкониятҳоро доранд, ки барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати зиндагии худ ва ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмати бунёдкорона намуда, таҳти Парчами давлати худ бо ифтихори ватандорӣ ва шукрона аз неъматҳои истиқлол сӯи фардо устуворона қадам бардоранд.

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!

Ҷашни Парчами давлатиро, ки ба наздикӣ дар кишвари азизамон таҷлили хешро меёбад, ба ҳамаи шумо ҳамватанорн, азизони дил, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодиву сурури идона таманно дорам.

Бобизода Малоҳат, донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ