ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

238

      Баъд аз пош хӯрдани давлати абадқудрати Шӯравӣ  дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шуда, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаҳои нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои  дар ҳайати иттифоқ буда, минбаъд давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил Парчами худро ҳамчун  рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлати қабул намояд.

      Муссалам аст,  ки ҳар давлатро бо рамзҳояш дар миқёси ҷаҳон мешиносанд. Ба ибораи дигар шиносномаи ҳар давлату миллат  ин рамзҳои  давлатии ӯст. Дар ин ҳамоиши таърихӣ қабул шудани рамзҳои  давлатӣ  Парчам ва Нишони миллӣ муборактарин ва пурмоятарин  арғумонест, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳои  ҳаёти кишвар  мавриди пазироии хосу ом қарор гирифта, дар муаррифӣ намудани  давлати соҳибистиқлоли тоҷикон  ба ҷаҳониён хидмати мондагор ва арзандае кардааст.

      Ба ифодаи дақиқи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии ин ҳамоиши тақдирсози  миллат дар он таҷассум ёфтааст, ки: « Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муаян сохт ва тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯи  ҷомеаи мутамаддин бо арзишҳои волои башар ҳидоят намуд». Ин вазифаҳои анҷомдодани иҷлосия буд, ки  дар кутоҳтарин фурсат ҷомаи амал пушид, ва аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиро касб намуд.

     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосяи таърии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд парчам ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ қабул ва расман тасдиқ  карда шудааст. Парчами давлатӣ  барои ҳар як шаҳрванди  бонангу номус мояи ифтихору  сарбаландӣ, сарҷамъӣ, инсондустию  ватанпарастӣ, ҳувияти миллии халқи тамаддунофари  мо буда,   мақсаду  мароми созандаи Тоҷикистонро  дар рангҳои сурх, сафед ва сабз инъикос намудааст. Пешвои миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба ин таъкид намудаанд, ки «Ҳар  як фард бояд  ифтихор  дошта бошад, ки  Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ  баробар  бо парчами  халқҳои  мухталифи дунё  дар пештоқи  ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба  оламиён  аз мавҷудиятӣ  миллати соҳибтамаддуни тоҷик  ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи  ҷаҳон, яъне  Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

      Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат Парчами  давлати ҳамчун ҷашни умумимиллӣ нахустин рӯз 24 ноябри соли 2009 бо тантана ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибихтиёрӣ, яъне баъди  қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид  намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр бо тантана ҷашн гирифта  мешавад». Вобаста ба рӯзи Парчам  дар тамоми кишвари азизи мо ҷашнвораю ҷамъомад, маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегардад.

      Аз ҷониби дигар  ҷашни Рӯзи   Парчам моро ба умқи таърихи чандин ҳазорсолаи миллати сарбаландамон ҷалб менамояд, яъне эҳтиром ба руҳи поки қаҳрамони миллат, ба онҳое, ки дар масири таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи азияткашидаи тоҷик  ҷоннисориҳо намуда,  (Ҳама сар ба сар тан ба куштан  диҳем, … Ҳаким Фирдавсӣ) забон, фарҳанг  ва давлатдории ин  миллати  куҳанбунёдро  то ба замони мо  расонидаанд. Месазад ин эҳтиром ба рӯҳу  равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич,  Абумуслими Хуросониву Исмоили Сомони, Темурмалику Восеъ, Рудакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҷомӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи миллатамон ҷовидон бошад.

                   Нурзода Меҳрарӯз – н.и.п муаллими калони   кафедраи мутолиоти аврупои  факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ