Парчам ифодагари қудрат ва шукуҳу шаҳомати кишвар аст

241

«Парчами миллӣифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Эмомалӣ Раҳмон

Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ буда, давлати муосир тавассути парчами миллӣ муаррифӣмегардад.

Бояд гуфт, ки парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи соҳибтамаддуни мост.

Ин аст, ки аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хизмат кардааст. Дар парчамҳои миллату халқиятҳои гуногун низ пеш аз ҳама, фарҳанг, иқтисодиёт, ҷуғрофия, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва халқ инъикос ёфтаанд.

Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию имиҷтоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Маҳз ба ҳамин хотир дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣсавганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Сиву як сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиромва арҷгузорӣба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки он арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад, зарурати қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш овард. Маҳз ба ҳамин хотир, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи кишвар (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28-уми декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. 7-уми сентябри соли 1994 бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Дар баробари ин, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд. Дарвоқеъ, қабули Парчам ба раванди давлатдорӣва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат рамзҳои асосии Тоҷикистон эълон шудаанд.Чи гунае, ки дар боло қайд карда шуд Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудааст, ки тарзи истифода нигоҳдошт ва дигар паҳлуҳои парчамро ба низом медарорад.

Дар воқеъ, то замони зуҳури парчам дар шакли имрӯзааш он ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣва мубориза истифода мешуд. Лекин, на аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат буд, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.Хушбахтона, бо шарофати заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд. Мувофиқи лоиҳа Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани 24 ноябр ва ҳамчун рӯзи ид ҷашн гирифтани он муқаррар гардид. Қонуни мазкур 19 ноябри соли 2009 қабул гардид ва аз ҳамон вақт ҳар сол дар кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ба хотири ҳифз ва гиромидошти мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣнишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м., ки аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Паҳноии худи Парчам 30 м. ва дарозии он 60 м. мебошад.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Қабули Парчами давлатӣдар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшида, онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣсохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣрамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣмебошад.Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣэҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯӣли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони расонидаанд, эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣва садҳову ҳазорон гузаштагони мост.

Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақгуфтаанд: «Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдодони ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободию хуррамӣва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.Чунончӣдар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣмебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣмегардад.

Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣва иқтисодиву фарҳангӣбо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон, мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Хушбахтона имрӯз Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣмекунад.

Бале, мояи ифтихору сарфарозист, ки Парчами миллии тоҷикон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар партавфишонӣмекунад. Маҳз чунин иқдомҳо зимни сафарҳои хизматии Президенти кишвар ва мулоқотҳо бо сарони кишварҳо, инчунин ғолибияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо дар баробари садо додани Суруди миллӣпарчами кишварамон низ афрохта мешавад.

Инчунин Парчами миллӣ имрӯз дар офаридаҳои ҳунармандон низ тасвир меёбад. Аз ҷумла, кулолгарон, бофандагон, кашидадӯзон ва онҳое, ки ба санъати ороиши миллӣсару кор доранд, дар офаридаҳояшон ин рамзи миллиро тасвир мекунанд. Зеро меҳмонон ва саёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, рамзи ин сарзамини пурганҷро бо худ армуғон мебаранд.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.

«Парчами миллии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз овардҳои хунини асрҳо, аз обу оташи маргбори замонаҳо гузаштаву пойдор мондааст» – гуфтааст шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло.

Ба ифтихори баланд афрохтани Парчами миллӣ – рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯйи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик менамоям.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватан бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.

Муаллими калоникафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

Басиров Б.С.