ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУАЙЯНКУНАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (06.02.2025) дар факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳ дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – муайянкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмию нзариявӣ бо ҷалби коршиносон, устодон ва донишҷӯёну магистрони факултет доир шуд.

Дар асоси барнома 4 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инҳо:

1.Инъикоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат (Сухангӯ: Ҷаъфаров С.Х. – н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ);

2.Самт ва афзалиятҳои рушди робитаҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи Паёми Пешвои миллат (Сухангӯ: Самиев Х.Д. – н.и.т., дотсент, мудири кафедри минтақашиносии хориҷии ДМТ);

3.Нақши Паёми Пешвои миллат дар инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ дар замони муосир (Сухангӯ: Қодиров Н. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедри ҳуқуқи байналмилалии ДМТ);

4. Сиёсати дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат (Сухангӯ: Шарипов А.Н. – н.и.т., дотсент, мудири кафедри муносибатҳои байналхалқии ДМТ).

Дар охир, миёни устодон ва донишҷӯён доир ба нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар саволу ҷавоб сурат гирифта, омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Пешвои миллат ба ҳамагон тавсия гардид.