ҶОЙГОҲИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

66

Аз ибтидои офариниш ҳангоме, ки Худованд Одамро офарид барои оромиши ӯ занро офарид ва хост, ки Одамро ҷуфте бувад, ки бе ҷуфт ҷуз Худо касе нест. Чуноне, ки аз қиссаи офариниши ҳазрати Одаму Ҳавво бар меояд, дар ҳаққиқат ҳам ҳазрати Одам баъди офариниши Ҳавво ба оромиш расид. Чуноне, ки дар китоби “Офариниши Одам” омадааст: “Ҳақтаоло хоб бар Одам гумошт, то хоб аз дидааш бигирифт, пас Ҷабраил ба амри Ҳақтаоло биёмад ва Ҳавворо аз устухони паҳлуи чапи Одам биофарид. Он гоҳ, бар сурати Ҳавво ҳар некӯиву малоҳат ва ҳусне, ки дар занони олам хоста буд, ҷумла ба Ҳавво дод. Зиракиву мастурӣ дар дили Ҳавво бахшид ва меҳру шафқати Ҳавворо дар дили Одам ниҳод”.

Аз ҳамон замон сар карда, зан бунёдгузори ҳаёт гашт. Ҳаёте, ки то имрӯз мо дар он умр ба сар мебарем. Аз ҳамон даврон сар карда, зан ҳамқадами мард гашт ва дар таърихи башарият нақши муассири худро гузошт.

Зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард. Дар ҷомеаи модарсолор ба нерӯву қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва поксиришт будани зан қоил шуда, ӯро ба мақоми эзидӣ расонида буданд, ки мавҷудияти олиҳа Аноҳито гувоҳи ин гуфтаҳост. Аноҳиторо эзидбонуи обҳои ҷаҳон ва олиҳаи ҳосилхезӣ мешумориданд.

Дар асри I мелодӣ бо пайдо шудани сулолаи Кӯшониён, ки сарзаминҳои ҳозираи Афғонистон, Покистон, шимоли Ҳиндустон, Қошғару Хутан ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, ҳунарҳои зиёд дар байни мардум эҳё шуда, ривоҷ ёфтаанд. Ин мардум асосан, ориёнажод буданд. Онҳо кӯдакони худро, аллакай аз синни 8-салагӣ хондану навиштан, поксириштиву хушахлоқӣ ва бозиҳои варзиширо меомӯзониданд. Дар ин амал писарону духтарон қариб, ки яксаф буданд, яъне духтаронро низ мардуми ориёӣ баробари писарон хондану навиштан, тирандозву аспсаворӣ ва навозандагиро меомӯзониданд.

Донишмандону суханварони адабиёти форсу тоҷик дар қарнҳои гузашта бар он муваффақ шудаанд, ки ғановати маънавӣ, зоҳиру ботин ва хислату сифоти занонро дар осори бадеии хеш хеле равшану возеҳ ба тасвир оваранд. Агар мо ба “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ нигарем, ҳамоно мебинем ки тасвири занон дар «Шоҳнома» дар баробари мардон ҷойгоҳи махсус доранд. Фирдавсӣ тамоми хислатҳои занро аз қабили латофату матонат, ҷасорату заковат, далериву шуҷоат ва ватандӯстиву ватанпарастӣ, озодихоҳиву адолатпарварӣ тасвир намудааст. Ба қатори чунин занон, ки дар баробари мардон ҷонбозиҳо намудаанд Фаронак, Шаҳнавоз, Рудоба, Таҳмина, Гурдофарид, Судоба, Фарангис, Манижа, Рухшонак ва дигарон мебошанд.

Мо дар ин матлаб ба таври васеъ, чеҳраҳои қаҳрамонбонувони шинохтаи “Шоҳнома”-ро ёдоварӣ намекунем, танҳо ба таври гузаро шаҳбонуи ҳукмрону додвар ва донишманду хирадманд Ҳумой, ки дар адлу дод аз падар ҳам болотар буд, зикрашро меорем:

Дигар духтаре дошт номаш Ҳумой,

Ҳунарманд, бодонишу некрой.

Ба ройу ба дод аз падар баргузашт,

Ҳама гетӣ аз додаш обод гашт.

Нахустин, ки дайҳим бар сар ниҳод,

Ҷаҳонро ба доду деҳиш мужда дод.

Ба ҳамин мисраҳо монанд, ки аз бузургиву тавоноӣ ва қудрату арзиши занон ҳикоят мекунанд дар “Шоҳнома” ва инчунин, дигар асарҳои мутафаккирону адибони адабиёти форсу тоҷик хеле фаровон ба назар мерасад.

Масалан, дар осори Саъдии Шерозӣ низ симои зан ҳамчун, дӯсти наздик, рафиқи хуб, равшангари хонаву макон, бунёдгари рӯзгори осуда иникос ёфта, дар ҳаёти мард ва хусусан зиндагии хонаводагӣ нақши муҳимро дорост, чуноне ки Саъдӣ мегӯяд:

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,

Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.

Аз мисраҳои боло бар меояд, ки мутафаккир ҷойгоҳ ва мақому манзалати занро арзишманд дониста, дар осори хеш аз хислатҳои волои ӯ чун хушбаёниву хушсуханӣ, хирадмандиву орифӣ ва ахлоқи поку шарму озарм ёд кардааст.

Дар баробари адабиёту фарҳанг, агар ба илму фалсафаи мардуми форсу тоҷик сари масъалаи занон таваҷҷуҳ намоем, ҳамоно гуфтаҳои Абунасри Форобиро пеши назар меорем, ки нуқтаи назари худро доир ба баробарии марду зан чунин баён намудааст: “мард ва зан, агарчи аз лиҳози ду нерӯ – хашм ва меҳрубонӣ, аз якдигар фарқ доранд, бо ин далел, ки зан дар нерӯи хашм аз мард нотавонтар аст ва дар нерӯи меҳр аз вай тавонотар, вале ҳарду дар нерӯҳои ҳиссӣ, тахайюлӣ ва ақлӣ шабеҳи ҳамдигаранд”.

Аз гуфтаҳои Форобӣ чунин метавон гуфт, ки дар ҳақиқат ҳам ҳисси тахайюлот ва ақлонии зан баробари мард аст, зеро мебинем, ки дар таъриху тамаддуни мо кам занҳое нестанд, ки баробари мардҳо дар соҳаҳои гуногуни илму адаб корнамоиҳои шистаро анҷом додаанд.

Дар замони муосир низ ҳамаи ин гуфтаҳо қобили қабул ҳастанд. Махсусан, мақом ва ҷойгоҳи зан дар замони муосир сатҳи баландро касб намуд, ки ин дар осор ва ашъори адибону нависандагони адабиёти муосир низ равшан ба назар мерасад.

Яке аз шоироне, ки симои занро дар шакли комил тасвир намудааст, Мирзо Турсунзода мебошад. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзуи зан-модар бо тамоми бузургиву шаҳомат ва зебогияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Чунончи пешвои миллат дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” и худ қайд намудаанд: “Занон, модарон, духтарони покгуҳари тоҷик, ки шоир чеҳраҳои онҳоро бо камоли муҳаббат ва эҳтироми хосса қаламдод намудааст, дар матонат ва зебоӣ камназиранд. Модарон ва заноне, ки Мирзо Турсунзода тасвир мекунад, дорои эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва маънавиёти ғанӣ мебошанд. Онҳо чун занони ватанхоҳ, заҳматкаш, эҷодкор, тарбиятгари авлоди наҷиб, ҷонибдорони сулҳ, ёрони бовафо ва зебову бошараф дар дили мо маскан гирифтаанд”.

Лоиқ Шералӣ низ яке аз шоирони муосири тоҷик мебошад, ки меҳвари асосии мавзуҳои ашъори ӯро зан-модар фаро гирифтааст. Чуноне ки шоир мегӯяд:

Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.

Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,

Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.

Эй, ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,

Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.

Шоир дар ин шеър мавқеи занро дар ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа муҳим дониста, ҳама кори дунёро дар пайравии кори зан медонад ва лаззати ҷаҳонро аз ҳастии зан ва дар дидори ӯ мебинад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Лоиқ Шералӣ беҳтарин “Модарнома”-ро дар адабиёти муосири тоҷик нигоштааст. Ҳар як байти китоби “Дасти дуои модар” саршор аз меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба модар аст:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Гумон мекунем, ки гуфтор дар мавриди ҷойгоҳи зан бе ёдоварӣ аз эҳтироми модар пурра нахоҳад буд. Адибону суханварони бузургвори мо дар осори худ бузургиву шаҳомати модарро хеле гӯёву зебо баён намудаанд ва ӯро ҳамчун тарбиятгару фарҳангпарвар, хирадманду кордон ва сиёсатмадору илмдӯст тасвир намуда, ҳаёти ҷовидон ва ҳама рӯзи ҷаҳонро аз вуҷуди модарон медонад.

Замину осмон аз модарон аст,

Ҳаёти ҷовидон аз модарон аст.

Ҷаҳон бе модарон рӯзе надорад,

Ҳама рӯзи ҷаҳон аз модарон аст.

Воқеан ҳам, ҷаҳони имрӯзро дар пешрафти дилхоҳ соҳа бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Бузургон фармудаанд, ки ҳеҷ кас инсонро ба андозаи як зан модар тарбия карда наметавонад. Мактаби модар бузургтарин ва беҳтарин мактабест, ки инсониятро ба зинаҳои баланди илму дониш ва ахлоқу маърифат мерасонад. Бешак, ғамхорӣ нисбат ба зан-модар ин ғамхорӣ нисбат ба ояндаи дурахшони давлату миллат мебошад.

Дар ҷомеаи муосири мо мавқеи зан аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии онро ташкил медиҳад. Истиқлоли давлатӣ ба занону бонувон шароит фароҳам овард, то ки дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ ва идоравӣ фаъолияти пурсамар дошта бошанд.

Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паём ва суханрониҳояшон ба мақом ва мартабаи занону бонувон дар ҷомеаи муосир ва нақши барҷастаи онон дар тарбия ва омӯзиши насли наврас аҳамияти зиёд дода, таъкид менамоянд, ки нақши бонувону занон дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Дар ин бора чунин қайд кардаанд: “Ҳукумати мамлакат, бо дарназзардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст. Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем”.

Дар ҳақиқат занону бонувони тоҷик дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти ватани азизамон фаъолияти пурсамар мебаранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам оварда, занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Хурсандибахш он аст, ки имрӯз дар симои занони миллати тоҷик шахсиятҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, сиёсатмадорони муваффақ, занони ҳалиму хоксор ва модарони мушфиқу ғамхорро мешиносанд.

Пешвои муаззами миллат доир ба эҳтироми зан-модар низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, хусусан дар паёми навбати худ иброз намуданд, ки “ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки зан-модари тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул, хоксориву меҳрубонӣ, тарбиятгариву бунёдкорӣ ҷомеаро раҳнамоӣ карда метавонанд. Ҳаминаст, ки нақши зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуда аст.

Занон барои ифодаи нақши муҳими худ, ҳамчу зан, модар, ҳамсар ва узви ҷомеа бояд аз фазилатҳои хуби инсонӣ бархурдор бошанд ва пайваста аз онҳо истифода намоянд. Умеди онро дорем, ки занони мо дар уҳдадориҳои худ муваффақ бошанд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди насли солим ва хонаводаҳои мустаҳкам гардад.

Саидова Фарзона н.и.ф., дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатхои байналхалқӣ

Маҳмудзода Мунира н.и.ф., муаллими калони кафедраимутолиоти шарқи факултети муносибатхои байналхалқӣ