Боиси сарфарозист ки донишҷуёни факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ ҳамасола дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст” фаъолони ширкат меварзанд. Имсол низ донишҷуйи курси сеюми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ Бурхонова Шоҳзодахон аз руйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 3-юм, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “ Фуруғи субҳи донои китоб аст” бо диплом ва 20 – ҳазор сомонӣ маблағ сарфароз гардид. Ба ҳамаи устодон кормандон ва донишҷуёни факултет ин дастовард муборак бошад!
Домой Ахбор