ОБОДИИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТ АСТ

23

Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар воқеъ, суханони ҳакимонаи Пешвои миллати мо дар бораи Ваҳдати миллӣ дурдонаи бебаҳоест дар баҳри сухан. Зеро, ки Ваҳдат дар пешравию ободии мамлакат нерую суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон санаи 27-июн рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукӯҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифта мешавад. Сайре ба ин санаи таърихӣ барои дарки амиқи арзиши ин неъмати бебаҳо басо зарур аст. Пас аз ҷанги бародаркушу хонумонсуз, ки ҳазорҳо шаҳрвандони моро бесаробон, садҳо нафари дигарро аз Ватан беватан, мулки ободу зеборо ба вайрона табдил дод, расидан ба Ваҳдати миллӣ як неъмате буд, ки орзуву ормони ҳамаи халқи тоҷик буд. Бо ҷоннисориҳои абармардони миллат, бевосита Пешвои муаззаму мабуби дилҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки новобаста ба ҳар ҳолат дар раванди гуфтушунидҳо иштирок ва билохира санади муҳимми таърихиро ба имзо расониданду миллати парокандаи тоҷикро ба Ватан сарҷамъ карданд, хушбахтона тули 28 сол мешавад, ки мо шаҳди ширинии ин санаи муборакро мечашем.

Ваҳдати миллӣ хамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашави қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.

Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Роҳбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.

Вобаста ба ин падидаи муҳимми таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи тоҷик мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем”.

Бояд махсус қайд намоем, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ миллати тоҷик тавонист дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорад. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумат барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи асоситарини рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад. Мо ҳоло амиқ дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи Истиқлол ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.

Чорабинии байналмилалие, ки рӯзҳои 29-ум то 31 майи соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, дар ҷаласаи 77-уми Маҷмаи умумии СММ 14 декабри соли 2022 аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои СММ якдилона дастгирӣ ёфта буд, ташкил карда шуд. Дар кори он меҳмонони баландмақом ва ҳайатҳои расмии аксар давлати аъзои СММ, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим ва олимону мутахассисони соҳа ширкат намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд шаҳодати Ваҳдату якпорчагӣ, сулҳу осоиш ва тинҷиву амонии кивари маҳбубамон маҳсуб меёбад.

Воқеан, халқи тоҷик ҳар солгарди ба имзо расии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар баробари рӯзи истиқлолият қадр менамоянд, азиз медоранд ва онро ботантана ҷашн мегиранд. Дар охир бо як сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳоямонро ҷамъбаст намуданием: «Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад…».

Бигузор Ваҳдати миллии тоҷикон, сулҳу сафои он, ҳамзистию осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, якмаромӣ, якпорчагии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз поянда бод!

Раҳмонов М.А., дотсенти кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ