НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

160

                 “Агар дар ёд дошта бошед дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам”

                                                                   (Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон)

          Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои  90­ – уми асри гузашта  халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле  бузург аст. Мутаассифона,Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият  дар раванди барқарорсоз ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав,таъмини амнияту оромии ҷомеа,суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш  ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф  ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.

    16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби  шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд. Акнун чашми умеди ҳама тоҷикистониён ба натиҷаҳои ин иҷлосия дӯхта шуда буд. Ин охирин фурсат буд: ё Шӯрои Олӣ масъулияти худро дар назди таърих  ва халқу Ватан ба ҷо оварда, кишварро аз ин вазъияти буҳронӣ наҷот  медод  ва ё ин фурсати сарнавиштсоз  барои ҳамеша аз даст мерафт…

         Хушбахтона, Шӯрои  Олӣ бо интихоби роҳбари ҷавону дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии  худро иҷро кард. Оре,намояндагони мардумӣ,ки то он вақт дар чандин талоши сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ ноком шуда буданд, ин  дафъа бо дидаи боз ва дарки масъулият  суккони киштии багилнишастаи миллатро ба дасти касе супоридаанд,ки бо ҳисси баландӣ ватандӯстию миллатпарварӯ ва бо такя ба хиради азалии мардуми худ,ин киштиро аз миёни амвоҷи пурталотуми замон солим ба дар овард ва ба соҳили мурод расонд.

    Ӯ баробари интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард,ки “…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…Мо ҳама бояд ёру бародар бошем,то ки вазъиятро ором намоем…”.

      Ниҳоят,корвони сулҳи тоҷикон пас аз сипарӣ намудани чандин даври музокирот, 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи комилан нав ва созандае ҳаёти мардуми Тоҷикистон раҷам хурд.

   Тоҷикистони азизи мо дар давоми  зиёда аз 33-соли Истиқлолият  ба комёбиҳои назаррасе ноил гашт.Агарчи панҷ соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт  боздошт, вале миллати ободгари мо пас аз имзои Созишномаи  сулҳ ва ризоияти  миллӣ роҳи бунёдкорӣ  ва ободониро дар пеш гирифта,бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои худ ба сӯи пирӯзиҳо роҳ мепаймояд.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон, агарчи расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлол расид ва давлати мустақили худро  таъсис дод, аммо фарҳанги давлатдорӣ  барои тоҷикон  чизи нав ва тозабадастомадае набуд. Оини давлату давлатдории аҷдоди мо аз ҳазорсолаи  сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тӯли таърих, давлатдроии  тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Ҳақ ба ҷониби шоир аст,ки:

Ман ҳамон гумгаштаи сад бор пайдо гаштаам,

Қатра – қатра ҷамъ гашта,боз дарё гаштаам.

   Маҳс бо ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таъйин шуданашон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) масири барқарории муносибатҳо бо кишварҳову созмонҳои байналмилалиро  барои муаррифии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба дар пеш гирифтанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи   роҳбари ҷавони давлати навтаъсис  аз рӯзҳои аввали  ба сари ҳокимият низ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати муваффақи хориҷӣ.Аз ин ҷост,ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои оламтамоюли худро барои барқарорӣ ва густариши равобит бо Тоҷикистон эълом медоранд.

    Соли 2003 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат “сиёсати дарҳои кушода” пеш гирифта шуд, ки бо шарофати он ҷалби кишварҳои гуногун  ба ҳамкории  судманд лоиҳаҳои  зиёде дар соҳаҳои  саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шудаанд, ки барои рушди устувори давлат заминаи мустаҳкам гузоштаанд. Сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Чанде дар натиҷаҳои пурмаҳсули ин сиёсат чунинанд: ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи  яке аз созмонҳои бонуфузи дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ,сиёсӣ, тиҷорат, илму маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонидааст. Бо назардошти ин  Пешвои миллат ҳамкории Тоҷикистонро  бо созмонҳои байналмилаливу  минтақавӣ ҷиҳати пайвастан  ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ оид ба онҳо,ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хоричӣ муайян намуда, худ дар ин ҷода саҳми назаррас мегузорад. Узвияти Тоҷикистон  дар 80 созмони бонуфузи байналхалќию минтаќавї, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи  ҳамкориҳои ҳамёронаро  ба роҳ монда, саҳнаи онҳоро барои арзёби ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.

       Дар ин қарина иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке  аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб мешавад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа Роҳбари давлати Тоҷикистон  воқеан барои нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеъаи ҷаҳони манзур намуд. Қобили тазаккур аст,ки шоҳшиори Созмони Милали Муттаҳад :- “Бани одам аъзои якдигаран, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…” ,зимни суханронии сарвари Тоҷикистон  аз фазои ин минбари бонуфуз бо забони асли эҷоди он-лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод.

     Ташабусси дигари Пешвои миллат роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об низ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, 20 декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномае,ки дар ин асас қабул кард,соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон намуд. Пешвои миллат бағоят муҳим будани ин масъаларо на танҳо ҷиҳати дастёбӣ  ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”ҳамчун омили пешбаранда таъкид намуд,балки онро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ омили ҳалкунанда шуморид.

    Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси  байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва муттахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон  ва созмонҳои сершумори  минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

   Шояд барои тасдиқи гуфтаҳои боло овардани сухане аз як мақоми СММ дар бораи Пешвои миллаи мо ва ташаббусҳои ӯ кофӣ бошад. 20 сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ  Ша  Тсу  Кан изҳор дошт: ”Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад”. Ин баҳои як мақоми аршади ҷаҳонӣ, як мутахассиси соҳа ва гузашта аз он,баҳои холисонаи як фарди ғайритоҷик  ва ғайритоҷикистонист. Воқеан,Эмамалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир  ва созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон  ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифгари панҷ ташаббуси бузургест, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ махсусан дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сарбаландона пазируфта шудааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуд ва мешавад: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015””,“Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”” ва “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”.

     Замони муосир дар бораи дарёфту роҳу воситаҳои беҳтарини ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии инкишоф назария ва таълимоти мукаммалро ба миён овард. Намояндагони мактабҳои гуногуни илмӣ ва ҷараёнҳои мухталифи сиёси бештар дар ду ҳолат рӯ ба дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли масъалаҳои инкишофи геополитикии  олам меоранд. Аввало,масъалаҳои глобалии инкишоф таваҷҷӯҳи  онҳоро ба худ кашидааст. Дар зери ибораи “масъалаҳои глобалии инкишоф” масъалаҳои умумисайёравӣ фаҳмида мешаванд. Хосиятҳои масъалаҳои рушди сайёра мавриди таърифу тавсиф қарор мегиранд. Муҳақиқон  дар бисёр мавридҳо масъалаҳои умумибашарии  инкишофро амиқу мушаххас тадқик карда метавонанд. Вазъияти мазкур дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ монеъаҳо ва маҳдудиятҳоро  пеш меорад.Баъдан,роҳу воситаҳои беҳтари инкишофи сайёравӣ мавриди тадқикоти  доираҳои илмӣ қарор мегиранд.

     Дар ҷаҳони муосир,ки ҳамгироӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст ба рушди устувори босубот,болоравии иқтисодиёт ва таъмини амнояти кишварҳо дар сатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолонаи ҷумҳуриро  дар фаъолияти сохторҳои бисёрҷонибаи глобалӣ ва  минтақавӣ ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар муайён намудааст. Стратегияи мазкур дар шароити ҷаҳонишавии чи равандҳои хоҷагидориву иҷтисодӣ ва чи хатарҳои амниятӣ,ба мисли терроризму экстремизм,гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ба сиёсати хориҷии кишвар тавозуни прагматикӣ бахшида,имкониятҳои онро дар мавриди ба даст овардани манфиатҳои миллӣ  ва таъмини амнияти кишвар меафзояд.

     Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нуҳ намояндагии агентиҳо, дигар сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Дар кишвар намояндагии 50 ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шуда, якҷо бо ташкилотҳои  байнидавлатӣ (ғайриҳукуматӣ) барои ташаккул ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни  ҳаёти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Имрӯз истиқлолияти  давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон  аз тарафи  зиёда 183 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, дар 600 эъломияњои байналхалќї ҳамроҳ аст. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд.

       Бад – ин равиш метавон гуфт,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 33 соли истиқлолият дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи  худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид.Тавсеаи равобит бо кишварҳо созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, кишвари мо бар асоси сиёсати дарҳои боз робитаҳои гуногунсамтро  бо тамоми  кишварҳо ва созмонҳое,ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд,густариш медиҳанд.

      Мусаллам аст,ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва  хастагинопазири  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои  басо вазнин  ва пайгирии ҳадафҳои олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои  дигар боло гузошта,боварии халқро  соҳиб шуд. Корҳое,ки таи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамомо халқ,махсусан равшанфикрон  ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву  барномаҳои ояндаи ӯ бо дидаи умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

  Ҷоиза ва унвонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:

  1. Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиб
  2. Ситораи тиллои Алберт Швейсер.
  3. Унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон.
  4. Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср”.
  5. Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст”.
  6. Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон-Аҳмадшоҳи Масъуд”.
  7. Медали тиллои “Барои таҳкими  сулҳу ризояти байни халқҳо”.
  8. Нишони рамзии дани 5-уми камарбанди сиёҳи карате-до.
  9.  Доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия.
  10.  Ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия.
  11.  Медали тиллои Маҷлиси халқи (Парлумони ) Ҷумҳурии Мисри Араб.
  12.  Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилевич.
  13.  Медали тиллои давлати Миср.
  14.  Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар).
  15.  Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
  16.  Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина.
  17.  Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев  ба номи Тарас Шевченко.
  18.  Ордени Шӯрои олимпии Осиё.
  19.  Медали тилои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО.
  20.  Ордени тилои  Эҳёи  Роҳи Абрешим.
  21.  Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал.
  22.  Ордени “3 Ситора дараҷаи-1” занҷираи заррини Латвия.
  23.  Ордени ифтихории  Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти Автомобилӣ.
  24.  Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи Михаил Ломоносов.
  25.  “Доктори фахрӣ”-и Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия.
  26.  Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия-Медали тилои ба номи Николай Блохин.
  27.  Мукофоти олии давлатӣ-Нишони Покистон.
  28.  Ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора”.
  29.  Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқотии ядроии Федератсияи Русия-Медали тилои.
  30.  Мукофоти олии давлатии Украина орден “Барои хидматҳо” дараҷаи 1.
  31.  Унвони фахрии пофессори Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тилои академик Терпигоре.
  32.  Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан.
  33.  Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхайи музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин .
  34.  Медали тиллои Кумитаи олимпии Чин.
  35.  Мукофоти Давлати Кувайт ордени “Муборак ал Кабир”.
  36.  Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон-Ордени Ҳайдар Алиев.
  37.  Ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ).
  38.  Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон.
  39.  Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қунияи Туркия.
  40.  Медали “60-солагии ЮНЕСКО”.
  41.  Мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал- Қилод ал-Халифӣ” (ордени подшоҳӣ).
  42.  Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Белорус.
  43.  Профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия.
  44.  Профессори фахрии Донишгоҳи нафту техникаи Уфа.
  45.  Профессори фахрии Маркази аврупоии татқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш. Брюссел)
  46.  Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон.
  47.  Мукофоти олии Федератсияи Русия-Ордени Александр Невский.
  48.  Дорандаи Калиди рамзи тилои шаҳри Уммон ва унвони олии-Шаҳрванди фахрии шаҳри Уммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун.
  49.  Мукофоти олии Давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ”
  50. “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”
  51. Ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (4 октябри соли 2022),
  52. Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

ҲАБИБҶОН Мирзоев. номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ.