Бо такя ба донишҳои астрономӣ ва дигар илмҳои шинохти вақту замон расонаҳо эълон карданд, ки Наврӯзи имсол дар Тоҷикистон 20 март меояд.Аммо дар Тоҷикистоне, ки чаҳор фаслаш баҳорист ва ба унвони меҳани Наврӯз эътироф шудааст, мардум ҳамеша барои баҳоргуна зистан талош меварзанд. Яъне, ҳар сол ҳанӯз аз даҳаи аввали моҳи феврал мардуми ин кишвари ҳамешабаҳор ба истиқболи фасли шукуфтанҳову рустанҳо бағал боз менамоянд, ҳадис аз Наврӯз мегӯянд, китоби аҳдофи хешро варақгардон мекунанд ва барои таҷлили шоистаи Наврӯзи оламафрӯз омодагӣ мебинанд.
Инак, 15 сол мешавад, ки Наврӯзи ориёии мо ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шудааст.Ҷашне, ки бояд кайҳо боз байналмилалӣ мешуд. Хушбахтона, ба баракати афкори меҳанпарастонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соли 2010 он ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Албатта, пиёда кардани ин ҳадафи созанда кори саҳл набуд ва барои амалӣ кардани он марҳилаҳои зиёде пушти сар шуд.Яъне, бояд барои чун ҷашни ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани Наврӯз ва дигар ҷашну оинҳои миллӣ моро зарур буд, ки як зумра ибтикоротро ибтидо дар дохили кишвар роҳандозӣ кунем ва аҳли оламро бовар кунонем, ки ойину ҷашнҳои мо шоистаи ҷаҳонӣ шудананд. Боз ҳам дар саргаҳи чунин ибтикорот Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд.Бо афкори меҳанпарастона ибтикороти шоистаеро анҷом доданд, ки яке аз онҳо эълони “Соли тамаддуни ориёӣ” дар соли 2006 буд.Чун Наврӯз бархоста аз ойини ориёист, ин ибтикор боис гардид, ки на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки ҷаҳониён аз ҷашну ойинҳои миллии таърихии мо, дар мисоли Наврӯз воқиф шаванд.Дар ин замина, китоби “Авасто” низ ба табъ расид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амиқтар огоҳ гаштани мардум аз таърихи ниёгон ва муаррифӣ кардани он ба ҷаҳон китобҳои зиёде таълиф карданд. Пиёда кардани ин ва дигар ҳадафҳои бузург барои ҷаҳонӣ эътироф гаштани ҷашни Наврӯз замина фароҳам овард ва билохира СММ ба Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ унвон дод.Маҳз пешоҳангии Пешвои миллати мо дар амалӣ кардани ин ҳадафи сабз боис гардид, ки на танҳо Наврӯзро чун ҷашни ҷаҳонӣ бипазиранд, балки ин аъмоли шоистаи Сарвари давлати мо омили асосии меҳани Наврӯз эътироф шудани Тоҷикистони азизи мо шуд.Баъди ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ибтикори ба ҳам овардани адибони ҳавзаи Наврӯз аз ҷониби Тоҷикистон амалӣ карда шуд ва дар пайравӣ ба мо дигар кишварҳои форсизабон ба чунин кор даст заданд.Ҳоло натиҷаи пешоҳангии Тоҷикистон дар тарғиби ҷашни Наврӯз аст, ки парчами Наврӯз ҳар куҷое аз олам парафшон, ки мешавад, бешак исми Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳамешабаҳор ва меҳани Наврӯз сари забонҳо меояд ва садри маҳфилҳо мешавад.
Агар бигӯем, ки як омили рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон шоиста муаррифӣ шудан кишвар ба унвони меҳани Наврӯз аст, иштибоҳ нахоҳем кард.Зеро мушоҳида мекунем, ки Тоҷикистон беш аз дигар фаслҳо дар айни баҳору Наврӯз сайёҳонро мепазирад.Чун мардуми олам, ки кайҳост ошиқи ҷамоли ҷашни Наврӯз шудаанд, мехоҳанд ба Тоҷикистон-меҳани Наврӯз биёянд ва шакли асли таҷлили ин ҷашни ҷонафрӯзро шоҳид шаванд.Хушбахтона, мардуми гӯшаву канори олам бо омадан ба Наврӯзи Тоҷикистон шаҳомати баҳори сабзи армонҳоро ба чашми сар мебинанд, ба меҳмоннавозии мардуми дарёдили мо аҳсан мехонанд ва аз тамошои табиати нотакрори Тоҷикистон лаззат мебаранд.Аз ҳама беш дидани рамзҳои наврӯзӣ; дастархони хос, ҳафтшину ҳафтсину ҳафтмим, рамзи махсуси “сабза”, бозиҳои варзишӣ, шеърқ таронасароӣ ва шодмонии мардум сайёҳонро ба ваҷд меорад, ки тавассути расонаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон кишвари моро беҳамтову назаррабо муаррифӣ месозанд.Боз ҳам ин шаҳоматро метавон файзу баракати баҳору Наврӯз унвон кард, ки албатта барои мо мардуми Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозист.
Агар Тоҷикистонро меҳани Наврӯз бихонем, пас Душанбе пойтахти Наврӯз аст.Ба ин муносибат акнун қарор аст, ки шоми 21 март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз «Карнавали наврӯзӣ» бо мушакпаронӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса доир гардад. Инчунин дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандӯстию шукуфоии мамлакат ва арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгон таҷлил мешавад, ки нишонаи пойтахти Наврӯз будани шаҳри Душанбест.
Тоҷикистон меҳани Наврӯз аст, ки дар он базми гул ба таъбири Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб савти ғулғулфикан дорад.Тоҷикистон меҳани Наврӯз аст, ки ҳадиси наврӯз аз инҷо ибтидо гирифта, то ба гардун меравад:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Савти ғулғулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Мо дар адабиёти гузашта ва имрӯзамон чунин шеъру таронаҳои хоси наврӯзӣ афзун дорем ва ин худ далели он аст, ки яке аз ҷаззобиятҳои хоси Наврӯзи ҷаҳонӣ мавқеи марказӣ доштани базмҳои шеъру суруд дар он аст.Бо омадани фасли зебои баҳор забони кас майл ба шеър хондану тарона сурудан мекунад.Дар ин қисмати матлаби хеш мехоҳем аз шеъри адиби тоҷик Робияи Холмирзо, ки як навъ даъват ба баҳамоии наврӯзист, ёд карда бошем.Адиб дар айни баҳор мардумро барои боз кардани чашми дил даъват менамояд, зеро агар чашми дил боз шавад, кас метавонад, ки Наврӯзро шоистатар таҷлил бикунад.Дар қисмати дигари шеър шоир тақозо дорад, ки кинаву адоватро барои ҳамеша ба баҳонаи Наврӯзу баҳор аз синаҳо бояд бурун кард.Яъне, бо қалби бекина метавон ҳарф аз садоқат зад ва ғазали ишқ суруд.Ба таъбири шоир месазад, ки дар айни шукуфтанҳову рустанҳо ғам нахӯрданро таҷриба кунем ва ғами бизаштаро ба соли дар ҳоли рафтан бигзорем ва баҳору Наврӯзро бе ғаму ғусса истиқбол бигирем.Ин шеърро дар поёни матлаб тақдим месозем ва ҷашни шоиставу тантанаи баҳамоиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар шахсияти онҳо ба кулли оламиён табрик менамоем!
Чашми дил боз намоед, баҳор омадааст,
Дару дарвоза кушоед, баҳор омадаст.
Резаборони саҳаргаҳ чӣ қадар ширин аст,
Кина аз дил бизудоед, баҳор омадааст.
Ҳама ҷо тозаву тар чун дили деҳотии ман,
Ғазали ишқ сароед, баҳор омадааст.
Гули зардак хабар аз фасли баҳор овардаст
Хайра мақдам, ки биёед, баҳор омадааст.
Ғами бигзашта гузоред ба соле, ки бирафт,
Чашми дил боз намоед, баҳор омадааст!
Назарова Хайринисо Акрамовна,устоди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ,
Асламшозода Фотима Асламшо,устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ