НАШРИ КИТОБИ «ФИРОРИ МАҒЗҲО ХИЛОФИ ГАРДИШИ АҚЛҲО» ДАР АМРИКО

503

Тавре иттилоъ дода будем, дар пояи Донишгоҳи миллӣ Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Тағйири падидаи “фирори мағзҳо” ба “гардиши ақлҳо” дар Осиёи Марказӣ” (International Symposium on “Turning Brain Drain into Brain Circulation in Central Asia”) баргузор гардида буд. Симпозиум дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии “Муколамаи тамаддунҳо”(DOC) –и муқими ш. Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо дастгирии Бунёди “Фолкс Вагени” (ҶФО) дар шаҳри Душанбе соле пеш (2019) дар донишгоҳ доир гардид.

Тавре роҳбари Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди донишгоҳ, устоди кафедраи минтақашиносии кишварҳои хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва яке аз иштирокчиёни фаъол ва ҳамоҳангсози лоиҳаи Симпозуми мазкур, профессор М.А.Олимов иттилоъ дод: «дар доираи нақшаи таҳияшуда ва дастгирии Бунёди “Фолкс Вагени” (ҶФО) дар шаҳри Душанбе 19 мақолаи олимони соҳаҳои гуногун интихоб ва бо забони англисӣ тарҷума гардида, моҳи ноябри соли 2020 дар нашриёти «Нова» (Nova science publishers), ки яке аз маъруфтарин нашриёти шаҳри Ню-Йорки Амрико ба ҳисоб меравад, бо унвони «Фирори мағзҳо хилофи гардиши ақлҳо (Осиёи Марказӣ)» (Brain drain vs Brain circulation (central Asia)) чоп шуд ва ҳафтае пеш ба дасти мо расид».

Гуфта шуд, ки дар оянда китоби мазкур бо фарогири бештари мақолаҳо бо забони русӣ пешниҳоди хонандагон мегардад. Китоб фарогири мавзӯъҳои мубрами рӯз буда, бевосита ба масъалаҳои муҳоҷират, фирори мағзҳо ва мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Маҷмӯаи нашршуда дастури хуби илмӣ барои муҳаққиқону коршиносони соҳаҳои гуногун мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бар асари буҳрони иқтисодие, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро пас аз инқирози Иттиҳоди Шӯравӣ фаро гирифт, муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ густариш пайдо кард. Яке аз оқибатҳои таназзули иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ “фирори мағзҳо”-и қувваҳои кории баландихтисос дар солҳои 1990-ум аз Қирғизистон ва Қазоқистон ва пасон дар солҳои 2000-ум аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистон буд. Имрӯз самтҳои асосии муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, ИМА ва Федератсияи Русия мушаххас шудааст. Пешомадҳои “фирори мағзҳо” дар минтақа имрӯз равшан эҳсос мегардад. Нарасидани кормандони сатҳи миёна ва баландихтисос дар кишварҳои қабулкунанда, ба мисли Русия, ҳамчунин, Қазоқистон, дар баробари дигар омилҳои иқтисодӣ ва демографӣ метавонанд ба рушди баланди интиқоли захираҳои муҳоҷирати кормандони баландихтисос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

PS.: Ба профессор М.А.Олимов чанд нусха аз китоби мазкур дастрас шуд ва онҳоро ба роҳбарияти сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. тақдим намуданд.