НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

9

Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи муосир нақши ҳалкунанда дар таъмини субот, рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатии ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дорад. Дар шароите ки кишвари мо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист онро аз вартаи нобудӣ раҳо созад ва ба роҳи рушд ҳидоят намояд.

Таърихи навини Тоҷикистон дарси бузурге дар бораи аҳамияти сулҳ ва ваҳдат барои ҳамаи халқҳои дунё мебошад. Дар тули беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки суботи сиёсӣ, якпорчагии миллӣ ва рушди пайдарпайро таъмин намояд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардид. Эълони Истиқлол 9-уми сентябри соли 1991, барои миллати тоҷик имкони таърихии сохтани давлати миллӣ асосёфта, бар арзишҳои миллӣ ва озодона интихоб намудани роҳи сиёсӣ ва иҷтимоии рушди худро фароҳам овард. Бо вуҷуди ин, солҳои аввал пур аз мушкилот буд.

Таҷрибаи нокифояи идоракунии давлатӣ, набудани низоми мукаммали сиёсӣ ва иқтисодӣ, рақобатҳои гурӯҳӣ ва нуфузталабии минтақавӣ ба муноқиша ва дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандии хунин соли 1992 оварда расонд. Нобудии инфрасохтор, қатлу ғорати оммавӣ, фирори зиёда аз як миллион нафар гуреза, қатъи фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва фурӯпошии иқтисоди миллӣ натиҷаҳои ниҳоят фоҷиавии он низоъ буданд. Ҳамзамон, Истиқлоли Тоҷикистон дар хатар қарор гирифт ва ҳатто имкони аз байн рафтани давлатдории тоҷикон вуҷуд дошт. Дар чунин фазои ноором ва пурфоҷиа, зарурати таъмини сулҳи фарогир ва барқарор кардани Ваҳдати миллӣ дар маркази диққати ҷомеа ва элитаи сиёсӣ қарор гирифт. Аз соли 1994 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо миёнравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, музокироти сулҳ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин шуруъ гардид. Дар тули се сол – аз соли 1994 то 1997 – музокирот дар якчанд давра, бо иштироки фаъолонаи СММ, Русия, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо, анҷом ёфт. Натиҷаи ин музокирот Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардид, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ин сана ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар таърихи Тоҷикистон сабт ёфт ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Созишномаи сулҳ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки барои сохтани ҷомеаи нави тоҷикӣ – бо иттифоқи сиёсӣ ва ваҳдати дохилӣ – заминаи воқеӣ гузошт.

Мувофиқи созишнома, тарафҳо ба гузашти мутақобил розӣ шуданд, мухолифин ба ҳайати ҳукуматӣ шомил гардиданд, ҷангҷӯён тарки силоҳ карданд ва гурезаҳо ба Ватан баргаштанд.

Баъд аз ба даст овардани сулҳ, Тоҷикистон марҳилаи нави таърихи худро оғоз намуд – марҳилаи барқарорсозӣ ва таҳкими истиқлолият. Пеш аз ҳама, бо ташаббуси Президенти кишвар, Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, ки асоси ҳуқуқии давлатдории муосир ва ҷомеаи шаҳрвандиро фароҳам овард.Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон:

  1. Сохторҳои асосии ҳокимиятро барқарор кунад;

2. Якпорчагии қаламравро таъмин намояд;

  1. Иқтисоди вайроншударо дубора барпо намояд;
  2. Робитаҳои байналмилалиро фаъол гардонад.

Бахусус, Ваҳдати миллӣ ба таҳкими устувори истиқлолият мусоидат кард. Аз ҷумла, бо ваҳдат ҳифзи ҳудуди кишвар, амнияти миллӣ, истиқлоли иқтисодӣ ва фарҳангӣ имконпазир гардид. Дар доираи сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва озодии динӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Баробари ин, Конститутсия ва дигар қонунгузориҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат доданд. Фаъолияти зиёда аз 3000 ташкилоти ғайриҳукуматӣ, таъсиси маҷлисҳои маҳаллӣ, рушди матбуоти мустақил ва иштироки мардум дар интихоботҳо аз зумраи пешрафтҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мебошанд.

Ваҳдати миллӣ имконият дод, ки ҳувияти фарҳангии тоҷикон эҳё ва тақвият ёбад. Забони тоҷикӣ ҳамчун унсури муҳимми давлатдорӣ рушд ёфт, таърихи миллат бознигарӣ шуд ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Айнӣ ва Ибни Сино ба як унсури муҳимми худшиносии миллӣ табдил ёфт. Чорабиниҳои фарҳангӣ, таҷлили Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ, таҷлили Рӯзи Истиқлол, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи забон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ҳамаги дар заминаи ваҳдат таҳким ёфтанд. Суботи дохилӣ ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ мавқеи устувор пайдо намояд. Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Эрон равобити мутавозин ва мутақобилан судманд ба роҳ монд. Мавқеи Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ, САҲА ва дигар ташкилотҳо тақвият ёфт. Пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқбол ёфтанд. Таҳлили таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит месозад, ки ваҳдати миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ унсури ҳалкунанда мебошад. Агар бе истиқлолият ваҳдат амри маҳол мебуд, пас бе ваҳдат – истиқлолияти воқеӣ низ таъмин намешуд. Ҳамин ваҳдат ва сулҳи пойдор буд, ки миллати тоҷик тавонист ҷанги дохилиро пушти сар гузошта, роҳи рушду тараққиро интихоб намояд.

Имрӯз, дар пасманзари таҳдидҳои ҷаҳонӣ – аз терроризм то хатарҳои иқтисодӣ – Ваҳдати миллӣ ҳамоно меъёри асосии пойдории давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Наркабилов Раҳмон – асистенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон