НАҚШИ ТАНЗИМ ДАР БОЛОРАВИИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

11

Дар шароити муосир, ки иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ бо тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ рӯ ба рӯст, банақшагирии стратегӣ ба сифати яке аз фишангҳои калидии рушди устувор мавқеи хос касб намудааст. Ҳар як давлат барои таъмини некуаҳволии шаҳрвандон, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат ба низоми банақшагирии стратегӣ ниёз дорад. Дар ин раванд, ҳадафи асосӣ на танҳо рушди иқтисодӣ, балки фароҳам овардани шароити мусоид барои сатҳи беҳтари зиндагӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат ва баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ мебошад.

Тибқи арзёбии Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое, ки системаи самараноки банақшагирии стратегӣ доранд, дар иҷрои ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) дар муқоиса бо кишварҳои бе стратегияи ягона то 35–40 фоиз муваффақтар мебошанд. Мисолҳои муваффақи кишварҳои Скандинавия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Сингапур нишон медиҳанд, ки банақшагирии дарозмуддат ва пайваста метавонад ба сатҳи баланди некуаҳволӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ бирасонад.

Таърихи кишварҳои муваффақ ва таҳқиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки сатҳи некуаҳволии мардум бевосита аз сифати стратегияи миллӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, барои кишварҳо зарур аст, ки низоми банақшагирии стратегиро пайваста такмил дода, сиёсати иқтисодию иҷтимоии худро ба ҳадафҳои дарозмуддати рушд мутобиқ намоянд.

Яке аз ҷанбаҳои асосии банақшагирии стратегӣ дар шароити кишвари мо ин рияои танзим ҳангоми амалӣ намудани маросимҳои анъанавӣ ва суннатӣ ба шумор меравад. Расму оинҳо чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ таърихан дар тарзи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят дар худшиносии миллӣ нақши калидӣ доштаанд. Дар ҷомеаи тоҷик, ки бойигарии маънавии мардум ва анъанаҳои фарҳангӣ аз қадим реша доранд, маърифати марбут ба расму оинҳо ҳамеша ҳамчун арзиши муқаддас пазируфта мешуд. Вале тайи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард.

Мусаллам аст, ки дар охири солҳои 90-уми асри гузашта ва ибтидои ҳазораи навин як гурӯҳ омилҳои иҷтимоӣ, аз қабили болоравии сатҳи зиндагӣ, рақобати оммавӣ дар инъикоси имкониятҳои иқтисодӣ, коҳиши сатҳи саводи молиявии аҳолӣ ва хусусияти ифротӣ гирифтани расму оинҳои аз фарҳанги аслӣ дуршуда ба пайдоиши шаклҳои гаронкунанда ва исрофкоронаи расму оинҳо мусоидат карданд.

Мутобиқи таҳқиқоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005–2006), хароҷоти миёна барои тӯйҳо, маъракаҳои хешутаборӣ ва маросимҳои гуногун дар баъзе минтақаҳо 2–3 маротиба аз даромади миёнаи солонаи оилаҳо бештар буд. Ин вазъ ба афзоиши қарздорӣ, боло рафтани – фишори иҷтимоӣ, кам гаштани имкониятҳои сармоягузорӣ барои таҳсил, тандурустӣ, тиҷорат ва дар маҷмуъ, ба паст шудани сатҳи иқтисоди мусоидат менамуд.

Аз ин рӯ, танзими расму оинҳо ҳамчун як иқдоми зарурии иҷтимоиву иқтисодӣ тавассути қонунгузорӣ ба шумор меравад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.

Иштирокчиёни равандҳои таҳлилии байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва муассисаҳои таҳқиқотии минтақавӣ, Қонуни мазкурро яке аз иқдомҳои муваффақ ва нодири идораи фарҳанги иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ арзёбӣ мекунанд.

Агар мо хоҳем, ки бо дарназардошти муҳлати сипаришуда аз натиҷаи татбиқи ин қонуни муҳим натиҷагирӣ намоем, пас метавон ба хулосае расид, ки маросимҳои оддӣ ва хоксорона ба ҳифзи фарҳанги аслӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мусоидат намуданд. Дар ҷомеашиносӣ ин раванд ҳамчун «таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ» арзёбӣ мешавад.

Тибқи ҳисобҳои як қатор пажӯҳишгарони иқтисодӣ, пас аз татбиқи Қонун, сатҳи сарфаи иқтисодӣ барои оилаҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар баъзе минтақаҳо оилаҳо то 40–60 фоизи хароҷоти маъракаро сарфа мекунанд. Ин раванд ба имкони сармоягузорее бештар ба таҳсилоти фарзандон, беҳтар гаштани шароити зиндагӣ, рушди соҳибкории хурд ва фароҳам овардани амнияти молиявӣ барои оилаҳоро ба вуҷуд овард.

Расму оинҳои оддӣ ва мутаносиб бо имкониятҳои мардум ба ҳифзи фарҳанги тоҷикии қадимӣ ва суннатҳои асили миллӣ мусоидат мекунанд. Ба ин тартиб, унсурҳои хориҷӣ, исрофкорона ва ғайриасл аз байн рафта, мактаби суннатии тоҷикӣ эҳё гардид.

Танзими расму оинҳо мояи баракат дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ гардид, зеро бо кам шудани хароҷоти зиёдатӣ, зиндагии мардум оромтар, устувортар ва бобаракаттар мешавад.

Албатта, баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меравад. Ин амр бо омили банақшагирии стратегӣ низ ҳамоҳанг мебошад, ки ҷомеаро аз масорифи беҳуда ва зери бори гарони қарзҳо қарор гирифтан эмин медорад. Бояд таъкид намуд, ки қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт.

Барои самараи бештари ин қонун ва болоравии маърифати иқтисодӣ мебояд саводи молиявии аҳолӣ баланд бардошта шуда, барномаҳои шарҳдиҳӣ дар деҳот ва маҳалҳо густариш ёбад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» яке аз иқдомҳои муассир ва стратегӣ дар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми кишвар мебошад. Ин қонун бо кам кардани хароҷоти зиёдатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва пешгирии фишорҳои иҷтимоӣ ба некуаҳволии аҳолӣ таъсири мусбат расонд.

Танзими расму оинҳо танҳо амали ҳуқуқӣ набуда, балки сиёсатест, ки ба баракати зиндагӣ, устувории иҷтимоӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад. Бо мувофиқи меъёрҳо гузаронидани ҳар як маросим, мардум имкони бештар барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои муҳим – таҳсил, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва беҳбуди шароити зиндагӣ – пайдо мекунанд. Ин раванд дар маҷмӯъ ба рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, танзими расму оинҳо ба унвони омили муҳими банақшагирии стратегӣ хизмат мекунад ва зарфияти худро дар таъмини некӯаҳволӣ ва суботи ҷомеа исбот кардааст. Таҷрибаи Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси модели муваффақи идоракунии фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Шарипов Амриддин – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ