НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

4

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ 06 сентябри соли 2025 ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳайати профессорону устодон докторатону магистрҳо, донишҷӯён ва меҳмонон иштирок намуда, аз таърихи касби Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди шаклгирии самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар эъмори низоми давлатдории муосири Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Баъди садо додани суруди миллӣ, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент С.Х. Ҷаъфарзода ҳозиринро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зимнан маърӯзаи хешро дар мавзуи “Марҳилаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлол” ироа намуд.

Дар идома, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Э. Раҳматуллозода дар мавзуи “Таърихи касби Истиқлолияти давлатӣ ва эътирофи Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ” баромад намуда, доир ба раванди шаклгирии самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарории муносибатҳои дипломатӣ бо дигар давлатҳои ҷаҳон, пайвастан ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва нақши сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ суханронӣ намуд.

Сипас, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дотсент А.Н. Шарипов дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, нақши аввалин муроҷиатномаи сарвари давлат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистонро дар заминагузории сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар пешбурди рӯзномаи сиёсати ҷаҳонӣ, фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии халқи тоҷик дар муносибатҳои байналмилалӣ қайд карда шуд.

Дар охир миёни ҳозирин доир ба дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

Садорати факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ бо хушнудӣ тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд!