НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ҲАМКОРИИ БАШАРДӮСТОНА ДАР ФАЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

12

Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархӯрди тамаддунҳо мегардад. Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд.

Мусаллам аст, ки дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти бевоситаи пешвои миллат инъикос гардида, дар ташаббусҳои оламшумул ва мубрами ҳалли масоили умумиҷаҳонӣ ифода меёбад.

Пешвои миллат дар рушди ҳамкории башардӯстона дар ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) нақши муҳим мебозад, бахусус дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ. Тоҷикистон тавассути баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва иштирок дар барномаҳо, аз қабили “Пойтахти фарҳангии ИДМ”, саҳми назаррас гузошта, ба эътибори байналмилалии кишвар афзоиш медиҳад ва замина барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ фароҳам меорад.

Ҳамкориҳои башардӯстона дар фазои ИДМ яке аз самтҳои калидии муносиботи давлатҳои пасошӯравӣ ба ҳисоб меравад, ки ба таҳкими истиқрори сулҳ, робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва маърифатӣ равона шудаанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши назаррас ва муассир дорад. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ҷаҳонбинии башардӯстонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист дар миёни кишварҳои ИДМ ҳамчун ташаббускор ва ҷонибдори робитаҳои инсонмеҳвар мавқеи устувор пайдо намояд.

Таҳкими ҳамкориҳои башардӯстона дар доираи ИДМ на танҳо ҷузъи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки бахше аз стратегияи умумии рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Тоҷикистон, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ таҷрибаи сангин бар дӯш дошт, ба хубӣ дарк кард, ки сулҳ ва ваҳдат танҳо бо қувваи низомӣ нигоҳ дошта намешавад, балки ба ҳамкории башардӯстона, ҳамфикрӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ниёз дорад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки шиори “Тоҷикон – пайвандгари тамаддунҳо” ва “Сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ” -ро ба сатҳи байналмилалӣ бурдааст, борҳо таъкид намудааст, ки робитаҳои башардӯстона пояи субот, ваҳдат ва пешрафти давлатҳо мебошанд.

Имрӯз ИДМ ҳамчун платформаи муҳими ҳамгироии кишварҳои пасошӯравӣ амал мекунад ва Тоҷикистон дар раванди ташаккули ин иттиҳод, махсусан дар бахшҳои фарҳанг, маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, саҳми қобили таваҷҷуҳ гузоштааст. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон дар пешбурди лоиҳаҳои муштарак, барномаҳои гуманитарӣ, табодули ҷавонон ва ташкилоти фарҳангиву илмиву маърифатӣ дар доираи ИДМ фаъол аст.

Нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкории башардӯстона бо ҷанбаҳои зерин асоснок мегардад:

-Таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ. Пешвои миллат ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла “Пойтахти фарҳангии ИДМ”, нақши фаъол дорад ва ин ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни давлатҳо мусоидат мекунад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои тамаддуни куҳан, фарҳанг ва адабиёти ғанӣ, ҳамкориҳои башардӯстонаро ҳамчун идомаи робитаҳои таърихии халқҳо медонад.

– Баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ: Таҳти раёсати Тоҷикистон, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе яке аз масъалаҳои муҳими имрӯз аст, ки дар он масоили гуманитарӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аввалин шуда дар ИДМ пешниҳод кард, ки «Соли ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҷавонон» ташкил шавад. Ин чорабиниҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла башардӯстона, мусоидат мекунанд.

– Болоравии нуфузи байналмилалӣ: Фаъолияти Пешвои миллат ва Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ИДМ, ба болоравии нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Пешвои миллат ҳамкориро дар доираи ИДМ на танҳо ҳамчун як муассираи сиёсӣ, балки ҳамчун абзори таъсир ба фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ мебинад. Ин ба он мусоидат мекунад, ки Тоҷикистон ба як маркази муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи башардӯстона ва сиёсӣ табдил ёбад.

– Таъсиси замина барои рушди минбаъда: Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни давлатҳои ИДМ, ки таҳти раҳнамоии Пешвои миллат рушд мекунанд, заминаи мустаҳкам ва боэътимод барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои башардӯстона фароҳам меоранд.

Ҳатто созиши ду кишвари узви Иттиҳод Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Федератсияи Россия баъди сарди нисбӣ дар пойтахти кишвари мо зимни мулоқоти сарварони кишварҳои ИДМ сурат гирифт, ки аз таъсири мусбати Пешвои миллат дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона дарак медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои ташаббускор дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши муҳим дар таҳкими равандҳои башардӯстона бозидааст. Ӯ ҳамеша таъкид мекунад, ки ҳамкории ИДМ бояд на танҳо иқтисодӣ, балки фарҳангӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ бошад. Пешвои миллат ҳамчун яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори фазои пасошӯравӣ дар доираи ИДМ чандин маротиба аз ҷониби сохторҳои байнидавлатӣ қадрдонӣ шудааст. Ӯ на танҳо ҳамчун роҳбари як давлат, балки ҳамчун ташаббускори равандҳои сулҳ, ҳамкорӣ ва ваҳдати байни халқҳои ИДМ шинохта шудааст. Бо дарназардошти ин хизматҳои шоён ва нақши муассир дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуд.

Ҷаъфарзода С.Х., н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ