НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

28

(Ба ифтихори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бо ифтихору сарфарози имрӯз аз дастовардҳои 34-соли Истиқлоли давлатдории навини миллии хеш ёдовар шуда, дар ин масир метавон аз нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гомҳои устувору умедбахшро барои шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошт, таъкид намуд.

Тавре ба мушоҳида мерасад Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите даъват карда шуд, ки Тоҷикистони тозаистиқлол ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ гардида, таҳдиду фишорҳои пайваста аз тарафи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба пойтахт ва ноҳияҳои гирду атрофи кишвар пайваста ба кор гирифта мешуд.

Дар баробари масъалаҳои умда, яке аз масъалаи муҳими рӯзномаи иҷлосияи мазкур ин интихоби роҳбари давлат буд. Хушбахтона чунин марди меҳанпарасту миллатпарвар, созандаву ободкор, сиёсатмадори номдор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Аввалин гомҳое, ки роҳбари давлат бо ниятҳои некаш пеш гирифт ин наҷот додан аз парокандагии кишвар ва муттаҳид намудани миллати тоҷик ва Тоҷикистон буд. Дар воқеъ бо амали содиқонаи хеш «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» -ро таъмин намуд ва кишварро аз нобуди раҳо бахшид.

Ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбари давлат аз рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии на танҳо халқи тоҷик ва Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт. «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бо фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромуш нахоҳад кард» гуфта буд Президенти Фаронса Жак Ширак.

Бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соли 2003 сиёсати «дарҳои кушода»-ро ба роҳ монд ва дар асоси ин сиёсати хориҷии бисёрсамтаро пеш гирифт ва ин сиёсат Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар миқёси байналмилалӣ эътироф намуд.

Сиёсати фаъолу устувори хориҷии Президенти Тоҷикистон Эмомаӣ Раҳмон на танҳо Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ошно намуд, балки барои таҳкими инкишофии иқтисодии кишвар ҷалби сармояи хориҷиро ба миён овард, равобити дуҷониба ва чандҷонибаи Тоҷикистонро бо кишварҳои дигар густариш бахшид.

Имрӯз Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари ҷаҳон ба расмият мешиносад ва бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд ва аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ буда аз арзишҳо ва манофеъи милли худ дифоъ мекунад. Заминаҳои ҳуқуқии ин робитаҳо мутобиқ бо тақозои замон буда, дар чанд санади ҳуқуқӣ, ба монанди «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (1999), «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хидмати дипломатӣ» (2014), «Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2015) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ» (2015) ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари ҳамҷавори мо – Афғонистон, ки намунаи барҷастаи он баргузори Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаи Афғонистон бо ширкати намояндагонги 75 кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, маводи мухадир ва дигар пешниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгири пайдо намуданд ва натиҷаи пурмаҳсули онро дар ташаббусҳои бунёдии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи байналхалқӣ баромад намуд ва аз ҷаниби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирии пурра пайдо намуд, қайд намуд. Ин соли байналмилалии «Оби тоза – 2003» «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013», «Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки бори дигар аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 қабул гардид, мебошанд.

Яке аз хидматҳои содиқонаи ватанпарастона ва муҳими Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ, аз қабили ҷашни 1100 солагии давлати Сомониён, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 солагии Ҳисори Шодмон ва гиромидошти шахсиятҳои илмию фарҳанги тоҷик ба мисли Абуабдуллои Рудакӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон мебошад.

Хидматҳои бунёдкорани сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кутоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳони табдил ёфт. Мисоли он, Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абу Ҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамадунҳо» бо иштироки 50 кишвари дунё соли 2009, ҷашни байналмилалии «Наврӯз» бо ширкати роҳбарон ва намояндагони беш аз 35 кишвари ҷаҳон ва 40 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ соли 2012, Конфронси байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» 2005-2015 бо ҳузури 1500 нафар аз 100 кишвари олам ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ (июни 2015) намунае аз он мебошанд.

Яке аз самтҳои дигар ва муҳими фаъолияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ин таваҷҷуҳ намудан ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Воқеан яке аз масъалаҳои мубрам дар раванди ҷаҳонишавии даҳҳаи охири асри 20 ва аввали асри 21 масъалаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа, ки ояндаи давлат ва миллат аз дарки масъулияти ватандорию хештаншиносӣ, бунёдкорию созандагӣ, ва рушду пешрафти соҳаҳои муҳими давлат низ аз ҷавонони боистеъдоду ташаббускор вобастагӣ дорад, бесабаб набуда, сиёсати ғамхоронаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба давлату миллат,аз ҷумла ҷавонон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти (зиёда аз 70%) аҳолиро ташкил медиҳанд, далолат мекунад.

Хукумати Тоҷикистон новобаста аз он мушкилоти иҷтимоиву иқтисодие, ки таи даргирии солҳои 1992-1997 омад буд, барои ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ- иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар чораҳои дахлдор андешид. Дар ин росто ба масъалахои ҷавонон, аз ҷумла барои боло бардоштани шароити таълиму тарбия, сохиби ихтисос, касбу хунар, забономӯзӣ ва ба чоӣи кор таъмин гардидан, инчунин мавкеи хоса паӣдо намудани ҷавонон дар чомеа таваччухи махсус зоҳир менамояд. 23 майи соли 1997 макоми ваколатдори соха – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки ин яке аз самтҳои асоси сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Тоҷикистин нисбат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи давлат ва миллат дар тамоми ҷанбаҳо ҳаёти кишвар мебошад.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар маркази диққати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ: аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва як қатор барномаҳои давлатии ҷавонон, аз ҷумла «Барномаи рушди саломатии ҷавонон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар лоиҳаҳои оид ба таъмини ҷойи кор, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди имкониятҳои иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон ба тасвиб ва амалӣ шуда истодаанд.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, накш ва мавқеи бевоситаи онҳо дар хаёти ҷомеа дар меҳвари асосии паёмҳои харсолаи Президенти кишвар ба Мачлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ хамчун аз масъалахои асосии давлатдорӣ ва манбаи мухимтарини имкониятҳои зеҳниву захирахои инсонии кишвар таваччухи хоса дода мешавад.

Дар воқеъ, Ҳукумати Тоҷикистон дар масири чоряк асри давлатдории навини хеш таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии бевосита сарвари давлат на танҳо ба соҳаи муҳимтарини рушди захираи зеҳниву ақлонӣ ва маънавӣ- маориф диққати махсус додаааст, балки ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ таваҷҷуҳи хешро зоҳир менамояд ва корҳои назаррас низ дар ин замина анҷом дода шудааст.

Бо итминонони комил метавон қайд намуд, ки халқи тоҷик бо таърихи сиёсии давлатдорӣ, хирад ва адаби бостонии хеш таҷриба дорад ва дар сиёсати давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфта истодаанд. Зеро он шаҳодати рисолати азалие аст, ки Худованди Бузург насиби миллати фарҳангсолори тоҷикон гардонидааст.

Саидова Фарзона – н.и.ф., дотсенти кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ