НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

658

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойн, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатмон буда, дар тули мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳар як ҷашни миллии тоҷикон таърихи худро доро буда, бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Яке аз ҷашнҳои асосии тоҷикон Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки таърихи тулонӣ дошта, ба ҳазораи VI–VII пеш аз мелод рост меояд.

Наврӯз меросбари тамаддуни башарист ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва моддии инсоният дар Наврӯз дарҷ гардидаву ҳамчунин, аз бегазандии онҳо ҳушдор низ додаасту медиҳад.

Имрӯзҳо, ки дунёро ҷангҳои геопалитикиву манфиатҳои абарқудратҳо фарогир шудааст, аз ҳар ҷониб эҳсоси хатар дида мешавад, ки албатта, Наврӯз бар алайҳи ин ҳама ноҷуриҳою манфуриҳо садо баланд менамояду инсонҳоро ба ҳамбастиву ҳампаймонӣ даъват менамояд.

Нисбат ба дигар халқияту миллатҳо миллати тоҷик беш аз пеш масъулият дорад, ки фарҳангу анъаноти наврӯзиро муаррификунанда буда бошад, зеро ниёгони тоҷикон дар гузаштаи дуру наздик ва то ба имрӯз меросбари фарҳанги олии Наврӯз будаанду ҳастанд. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳо суннату ойинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархури ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи гуногуни сайёра тавсия ва иҷозат дод.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба миллати тоҷик имконият дод, ки дар фазои истиқлолу сулҳу ваҳдати миллӣ ба эҳё намудани фарҳангу суннатҳои миллӣ ноил гардидем. Дар амалӣ намудани чунин ҳадафҳо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали Истиқлолият бо фидокорӣ тавонист, ки аҳли илму фарҳанг ва тамоми неруҳои солими ҷомеаро атрофи ғояҳои муттаҳидсозанда, пешбаранда ва эҳёи фарҳанги миллӣ гирд оварда, ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯзро аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба оламиён муаррифӣ намояд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукургузории том таҷлил мегирад. Махсусан, баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар масоили таърихӣ, пайдоиш ва фалсафаи Наврӯз, ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои Наврӯзӣ, тарзи тайёр намудани дастархони Наврӯзӣ ба худ ҷалб намуд.

Воқеан, Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас, ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ бо Қатъномаи «А/64/L» пешниҳоди кишварҳои ташаббускорро бо унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» барои муҳокима қабул кард.

Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мегардад.

Соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Сарвари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе шуданд. Ба ин муносибат дар пойтахти кишвар Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 ва тантанаҳои бошукӯҳи идона баргузор гардид. Барои иштирок дар ин тантана сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон ва дигар меҳмонони олимақом зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳузур доштанд.

Бо баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил Наврӯз воқеан, ба Ҷашни мардумӣ табдил ёфтааст. Рукнҳои он дар Ватани маҳбубамон устувор гардида, моро водор месозанд, ки ба қадри ин оини ниёгон расем ва беш аз пеш арзишҳои волои наврӯзиро тарғибу ташвиқ намоем. Дар ин иди бошукӯҳ марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил зиёду фаровон гардад. Бигузор имсол чун ҳамасола дар Тоҷикистони азизамон ҳосили ҳама намуди зироат дучанд афзояд.

Бошад, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, Иди баҳор ва дигар ҷашну маъракаҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ баргузор намоянд.

Ҷамшед Абдуллоев,дотсенти кафедраи минтақашиносии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ