НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

312

Сулҳ тақозои заифон нест, балки сулҳ

мазҳари шуҷоат, ҳиммат ва хиради

 сиёсии озодагон ва ҷаҳонсозон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

 Мусаллам аст, ки таърихи инсониятро ҷангҳо ҳамроҳӣ намудаанд. Маҳз дар заминаи ин падидаи манфӣ чандин давлатҳо, халқҳо ва тамаддунҳо аз байн рафта, аксари ҷангҳо боиси харобиҳои зиёд ва монеи рушд гардидаанд. Дар замони муосир бо дарназардошти омили ғоявӣ, хатари аслиҳаи қатли ом ва шиддати бархурдҳои тамаддунӣ, миллӣ ва мазҳабӣ хатари ҷангҳо ба маротиб боло рафта метавонад заминаи аз байн рафтани тамоми дастовардҳои касбнамудаи инсоният гардад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи ҳассос ва мураккаб барои таърихи инсоният нақши шахсиятҳои пешво, муттаҳидкунандаи халқ ва рисолати сулҳхоҳӣ боло меравад.

Дар таърихи халқи тоҷик баъди садсолаҳои надоштани давлати миллӣ, бо касби истиқлолият зимни таҳрики қувваҳои хориҷӣ, манфиатҷӯйии баъзе гурӯҳҳои дохилӣ ва дар заминаи падидаи манфури маҳалгароӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки метавонист на танҳо боиси харобӣ ва талафоти зиёд, балки омили нобудии миллат ва нест шудани давлати миллии тоҷикон аз харитаи сиёсии олам гардад. Ба бахти мардуми тоҷик дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба сари қудрат омад, ки кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишвар суботу оромӣ овард. 

Дар баробари ин шиори башоратдиҳанда аз ояндаи неки халқи кишвар Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро аз шиносоии бевосита бо минтақаҳои даргири кишвар дар вилояти Хатлон, вазъи сарҳад бо Афғонистон шуруъ намуд. Дар қаринаи идомаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарорҳои муҳим ва муттаҳидкуннада, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллӣ эълон кардани рӯзи 26 ноябр», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатӣ; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон сурат гирифта, дар муроҷиатномаи аввалин ба мардуми шарифи Тоҷикистон баргардонидани гурезаҳо, истиқрори сулҳ ва таъмини руди устувори кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муайян гардиданд.

Асноде, ки дар иҷлосия қабул шуданд ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки кишварро ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияту давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ раҳнамун созад ва мардумро ба бунёдкориву созандагӣ ташвиқ намояд.

Сарвари давлат ҳамчун кафили амнияту осоиши сарзамин кулли ҳамватанони иҷборан фироришударо ба ҷойҳои муқимии зист даъват кард. Солҳои 1993 – 1994 аксарияти фирориён ба ватан баргашта, пайи ободии мамлакат ба раванди бунёдкорию созандагӣ вусъати нав бахшиданд.

Дар ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 беш аз 1 миллион сокинони кишвар иҷборан тарки кишвар намуда буданд. Барои баргардонидани гурезаҳо ба Ватан саҳми Кумитаи радио ва телевизион, ВАО (Васоити ахбори омма) бахусус барномаи радиоии «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» хело назаррас мебошад.

Дар маҷмуъ, аз рӯзҳои аввал ду арзиши бунёдии бақои миллат– сулҳ ва ҳифзи истиқлол асоси фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон гардида, заминаи оғози равнади музокирти сулҳи тоҷикон, паси сар намудани марҳилаҳои мураккаби сулҳофарӣ (устуворӣ дар масъалаи касби сулҳ, ҷасорату ҷонфидоии бемисл, гузашту бахшишҳои беназир), истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон гардид.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз шартҳои расидан ба сулҳ дар кишвар ин эътимоди ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва фаъолон ба шумор меравад. Инъикоси ин амр дар ташкили Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 1996 ифода меёбад. Аз ҷониби дигар тадриҷан аҳзоби сиёсӣ дар атрофи ғояи сулҳ ҳамчун омили бақои миллат муттаҳид гардида, гуфтшуниди ҳизбҳо оид ба ин масъала ташкил карда шуд.

Яке аз омилҳои асосии истиқрори сулҳ ин ташаккули механизмҳои татбиқи қарорҳои қабулшуда дар раванди музокирот – Комиссияи оштии миллӣ мебошад. Маҳз бо дурандешӣ ва гузашти Пешвои миллат комиссияи оштии миллӣ бо фарогирӣ аз ҳарду ҷониб, яъне ҳукумат ва мухолифин созмон ёфта, он ба халъи силоҳи дастаҳои мусаллаҳ, гурӯҳҳои ба истилоҳ худмуҳофиз, воридшавии силоҳбадастон ба неруҳои ҳукуматӣ нақши муассир гузошт. Таъини С.А.Нурӣ ба сифати роҳбари комисссия масъулият ва эътимоди ҷониби мухолифро зиёд намуда, ахиран ба сулҳу суботи воқеӣ овард. Зеро бо даъвати мухолифини силоҳбадаст баъзе гурӯҳҳои ғаразноки дохилӣ ба даст силоҳ гирифта, алайҳи ҳукумати қонунӣ сар боло намуданд. Дар чунин шароити ҳассос размандагони мухолифин дар паҳлуи сарбозон ва афсарони давлатӣ истода онҳоро шикаст доданд.

Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон бо аҳамияти миллӣ ва ҷаҳонии худ дар ҷодаи ба маҳалли муқими зист баргардонидани беш аз 1 миллион фирориёни иҷборӣ ва ташкили ҳамгироиҳои иҷтимоии онҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо воқеъбинона ба сифати модели нодиртарини сулҳофарӣ эътироф ва арзёбӣ гардид. Ба хотири қадрдонӣ аз ин ҷонфидоиҳо Раёсати Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ ба ихтиёри Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Зиёда аз ин формулаи сулҳи тоҷикон дар тамоми пажуҳишгоҳҳои байналмилалӣ ва маркази таҳқиқи низоъҳои миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Дар дохили кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои бузургу тақдирсозашон дар ҳифзу барқарорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соли 2015 дар асоси қонун ва соли 2016 дар асоси қонуни конститутсионӣ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардид.

Пешвои миллат зимни татбиқи пайгиронаи арзишҳои бунёдӣ дар шароити ниҳоят мураккаби муносибатҳои байналхалқӣ, шиддати рақобатҳои абарқудратон ва осебпазирии кишварҳои миллӣ тавонистанд, ки давлатдории миллии тоҷиконро ҳифз намуда, онро ҳамчун давлати ташаббускори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Барои муваффақ шудан ба ин кор пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ мусоидат намуд, ки имконияти татбиқи дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард.

Шарипов Амриддин, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ