Сиёсати хориҷӣ омили муҳимми таъмини истиқлолият, амният ва рушди устувори давлат ба шумор рафта, нақш ва мақоми онро дар арсаи байналмиллалӣ муайян менамояд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ босуръат тағйир меёбанд, нақши роҳбари сиёсӣ дар муайянсозии самти ин сиёсат бениҳоят муҳим аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вазифаи бузургро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ дар саҳнаи сиёсӣ, ӯ дар ташаккули сиёсати хориҷии мустақил, мутавозин ва ба манфиатҳои миллӣ асосёфта замина гузошта, бо тадриҷ амалӣ мекунад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд дар шароити мушкил қарор дошт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои зиёд тавонист эътибори байналмилалии Тоҷикистонро барқарор карда, кишварро ба як узви фаъол ва боэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил диҳад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари кишвар, ҳамеша ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва муносибатҳои ҳамсоягӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ӯ бар ин ақида аст, ки амният ва пешрафти Тоҷикистон дар робита бо субот ва рушди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ вобастагии амиқ дорад.
Бо талошҳои Пешвои миллат, пас аз солҳои 2000 муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин – тадриҷан беҳтар гардиданд. Хусусан, пас аз соли 2016, бо оғози марҳалаи нави “дипломатияи ҳамсоягӣ”, Тоҷикистон сиёсати ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои созандаро фаъолона пеш мебарад.
Сарони давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсе медонанд, ки ҳамеша барои ҳамкорӣ ва ваҳдати минтақавию ҷаҳон талош мекунад.
Барои мисол: Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, борҳо гуфтааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори таҷрибадор ва устувор, нақши калидӣ дар таъмини субот дар Осиёи Марказӣ дорад.”
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин бошад Эмомалӣ Раҳмонро “дӯсти наздики Чин ва сиёсатмадори дорои дурнигарии стратегӣ” номида, ӯро яке аз ташаббускорони ҳамкории ШОС хондааст.
Собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ, гуфта буданд, ки: “Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим дар таҳкими ҳувияти фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва ҳамгироии давлатҳои ҳамзабон дорад.”
Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, изҳор доштаанд, ки “дар симои Эмомалӣ Раҳмон мо роҳбари хирадмандеро мебинем, ки сиёсати мутавозин ва эҳтиромомези минтақавиро пеш мебарад.”
Ин муносибатҳои эҳтиромона ва мусбат нисбат ба Пешвои муаззами мо, нишон медиҳанд, ки сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди ҳамгароии минтақавӣ мусоидат намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ба шарики боэътимод табдил додааст.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро низ дар бар мегирад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки амнияти минтақа танҳо тавассути ҳамкории васеъ ва муборизаи муштарак таъмин мегардад.
Дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амниятии Дастаҷамъӣ, Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, таҷрибаи худро дар масъалаҳои таъмини субот ва амният ба дигар кишварҳои узв пешниҳод мекунад. Ин иқдомҳо боиси таҳкими мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари масъул ва боэътимод дар минтақа гардидаанд.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли зиёда аз 55 созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллалӣ мебошад.
Намояндагони воломақоми Созмонҳои байналмилалӣ низ борҳо саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ – аз ҷумла амният, об, иқлим ва рушди устувор баҳои баланд додаанд. Барои мисол:
– Созмони Милали Муттаҳид чандин маротиба аз ташаббусҳои Тоҷикистон ва махсусан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист дастгирӣ кардааст.
– Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун “сиёсатмадори собитқадам ва ташаббускори рушди ҳамкории минтақавӣ” арзёбӣ кардааст.
– Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ борҳо саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди сулҳ ва муқовимат бо экстремизм эътироф кардаанд.
Дар тули фаъолияти пурмасъул ва пурмаҳсули худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сиёсати хориҷии Тоҷикистонро аз марҳилаи ташаккул ба марҳилаи устувор ва фаъол бирасонад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ ва узви боэътибори ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоягон, ҳамкориҳои стратегӣ бо кишварҳои бузург (аз ҷумла Русия, Чин, ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои арабӣ), ҳамчунин иштироки фаъол дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд.
Ҳамин тариқ, бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори хирадманд, сулҳовар ва устувор шинохта шудааст.
Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалкунанда ва таърихист. Пешвои муаззами миллат тавонист дар шароити бисёр мураккаб Тоҷикистонро аз як давлати пасошӯравии ҷангзада ба кишвари соҳибэътибори байналмилалӣ табдил диҳад.
Наҷмиддинов А.Ф.,мудири кафедраи мутолиоти аврупоии ДМТ, дотсент







