НАҚШИ ҲХДТ ДАР ГУСТАРИШИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

95

Сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсии кишварҳо дар низоми равобити байналмилалӣ ба шумор меравад ва ҳаёти кишвар ба он вобастагӣ дорад. Ба назари бисёре аз коршиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳон манфиатҳои миллӣ чароғи роҳнамои кишварҳо ва давлатҳо дар раванди ҳаракати онҳо дар масири пешрафту тараққӣ аст.

Баъд аз чандин садсолаҳо дар ибтидои даҳаи охири қарни ХХ рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст. Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Акнун роҳбарони ҷумҳурӣ ва нухбагони сиёсиро лозим буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд. Дар вазъияти душвор Сарвари давлат кӯшиш мекард, ки ҳарчи зудтар бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкорӣ оғоз намояд ва дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ кумак ва пуштибонии онҳоро ба даст биёрад. Дар бораи муносибати байнидавлатӣ ва байналхалқии Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки пас аз ба кор шурӯъ намудани ҳокимияти қонунӣ робитаҳои хориҷии Тоҷикистон сол то сол таҳким меёфт ва бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аъзои чандин созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ гардид. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввал ҷонибдори сиёсати “Дарҳои кушода” буданд ва дарк мекарданд, ки маҳз дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ аз мавқеи манфиатҳои миллӣ ва алоқаҳои мутақобилан судманд бо он мамлакатҳо метавон кишварро аз муҳосираи иқтисодӣ бароварда, ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани ҳадафҳои ҳаётан муҳим барои давлату миллат заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) низ ба таври махсус ишора шудааст. Дар тамоми анҷуманҳои ҳизбӣ, ба ҳайси Раиси ҲХДТ ба фаъолияти байналмилалии ҳизб диққати бештар дода, барои дар оянда мустаҳкамтар намудани фаъолияти байналмилалии ҳизб бо дигар аҳзоби сиёсии мамолики хориҷӣ дастуру супоришҳо медодаанд. Ин аст, ки ҳадафҳои ба нақшагирифташуда дар анҷуманҳои ҲХДТ, инчунин, дар парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидаанд. Пешвои миллат ҳамчун раиси ҲХДТ ҳамеша кӯшидаанд, то дар арсаи байналхалқӣ аз тариқи бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ давлати тоҷиконро муаррифӣ намуда, дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ҳиссагузор бошанд. Бояд гуфт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Роҳбари ҲХДТ бо воситаи парлумони касбии Тоҷикистон бо кишварҳои олам бо садҳо риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ба ҳам пайвастанд ва робитаи гуногунҷабҳаи мамлакатҳо тавассути парламентҳо низ амалӣ мегардад.

Бо дарки ин воқеият ҲХДТ робитаҳои хориҷӣ ва байнипарламентиро баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обрӯю нуфузи миллат дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ маҳсуб медонад. Дар тули фаъолияти худ аъзои ҲХДТ чун вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз соли 1992), Иттиҳоди Байнипарламентӣ (аз соли 2005), Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз соли 2006) ва бо Иттиҳоди Парламентии Созмони ҳамкории исломӣ (аз соли 2007) робитаҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст.

Сафарҳои расмии аъзоёни ҲХДТ ба кишварҳо ва мулоқотҳои ҳайати баландпояи парламентии Тоҷикистон бо раисони парламентҳо, созмонҳои байнипарламентии бонуфузи ҷаҳон барои рушди парламент, қавӣ гардонидани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байнидавлатӣ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Узбекистон, Қазоқистон ва ғайра ба алоқаҳои байнипарламентӣ таҳкими пурарзиш бахшида, барои инкишофи ҳамкориҳои минбаъда дар доираи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқиро мусоид менамояд.

Раванди пурвусъати ҳамкориҳо дар ҷабҳаҳои гуногун бо кишварҳои дигар мавқеи Тоҷикистонро хеле боло бурда, ба ҳалли чандин проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуд. ҲХДТ дар робита бо дигар аҳзоби сиёсии мамолики хориҷӣ ҳамеша кӯшидааст ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон: таъмини амният, талош барои афзун кардани имкониятҳои моддӣ, сиёсӣ, низомӣ, зеҳнӣ ва боло бурдани обрӯю нуфузи кишвар дар ҷомеаи байналмилалиро дар мадди аввал гузорад.

Амалӣ гаштани ин ҳадафҳо аз сурату сифати ҳамкориҳои хориҷии ҲХДТ бо дигар ҳизбҳои ҳукмрони мамлакатҳои мухталифи хориҷи дуру наздик вобаста мебошад. Боз ҳам фаъол кардани ҳузури Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба роҳ мондани муносибатҳои афзалиятноки бисёрҷониба ва дуҷониба бо давлатҳои иштирокчии ИДМ аз вазифаҳои муҳимми сиёсати берунии кишвари мо мебошад. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар тули фаъолият роҳбарияти ҲХДТ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба комъёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани эътибору нуфузи Тоҷикистонро ҲХДТ ҳамчун самтҳои афзалиятнок ва муҳими фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ муайян кард.

Ҳамин тавр, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар арсаи минтақавию байналмилалӣ ва саҳми он дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ ба фаъолияти байналмилалии ҲХДТ вобастагии ногусастанӣ дорад. Зеро тамоми ҳадафҳои ба нақшагирифтаи Ҳукумати мамлакат чи дар сиёсати дохилӣ ва чи дар сиёсати хориҷӣ аз Қарору пешниҳодҳои КИМ ҲХДТ вобаста аст. Тоҷикистон дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ дар роҳи тавсеаи сиёсати хориҷии худ ҳам дар сатҳи муносиботи дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби равобити байналмилалӣ ва минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Натиҷаи ҳамкориҳои байналмилалии ҲХДТ бо аҳзоби сиёсии хориҷӣ дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз парлумони кишвари мо дар радифи парламентҳои шинохтаи ҷаҳон шомил мебошад.

Ҳабибҷон Мирзоев,устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ