“Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30 соли пурбарори сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон”

813

Санаи 30-юми сентябри соли 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30 соли пурбарори сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия Ҳусейзода Музаффар Маҳмурод – муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Маҳмадалӣ Раҷабиён – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ҳозиринро бо ҷашнҳои давлатӣ ва касбӣ табрику таҳният намуда ба кори конференсия бурдбориҳо таманно намуданд.

Дар конференсия устодони факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ декани факултет, дотсент Самиев Х.Д. (“Пешвои миллат ва дурнамои ҳамкориҳои гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои шарик”), мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, дотсент Салимов Ф.Н. (“Дурнамои истифодаи нерӯи ҳушманд  (smart-power) дар Тоҷикистон: имконот ва маҳдудият”), дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ Шарипов А.Н. (“Ҷойгоҳи ИДМ дар сиёсати хориҷии Пешвои миллат”) ва дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ Шерали Ризоён (“Дурнамои густариши сиёсати хориҷии Тоҷикистон: омилҳо ва паѐмадҳо”) баромад намуданд.

Конференсия ба се сессия тақсим шуда, ба сифати модератор Салим Фарҳод – муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сессияи 1), Шерализода Шараф – муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сессияи 2) ва Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович – директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сессияи 3) таъин шуда буданд.