Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар низоми нави ҷаҳонӣ ба унвони яке аз блокҳои минтақавӣ бо ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои пасошӯравии мебошад.
Воқеияти ибтидои асри XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд ва ҷойгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҳоли афзоянда аст.
ИДМ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва нигоҳ доштани робитаҳои таърихии собиқ давлатҳои шӯравӣ таъсис дода шуд. Дар ҳолати кунунӣ, ИДМ ҳамчун яке аз абзорҳои асосӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо байни иштирокчиёни он дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад. Ин ниҳод дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муосир нақши калидӣ дошта, ҳамчун созмони байналмилалӣ дар самти ҳифзи манфиати давлатҳои аъзо ва таҳкими равандҳои ҳамгироии минтақавӣ фаъолият дорад.
Заминаи умумии равандҳои муҳими сиёсӣ дар ин фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил кардани ИДМ мебошад, ки хислати асосии он гуногунсатҳии равандҳо дар минтақа мебошад. Ҳуҷҷатҳои заминавии раванди таъсисии ИДМ иборат аст:
1. Созишнома оид ба ташкили ИДМ (8 декабри соли 1991 – Беларус, Россия, Украина);
2. Декларатсияи Алма-Ато (21 декабри соли 1991 – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина)
3. Оинномаи ИДМ (22 январи соли 1993 – Арманистон, Беларус, Гурҷистон (14 августи соли 2008 аз созмон баромад), Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Украина, Узбекистон);
4. Шартнома оид ба ташкил кардани Иттифоқи иқтисодӣ (24 сентябри соли 1993 – 12 кишвари ИДМ).
Бояд гуфт, ки мақсад ва вазифаҳои созмон ба моддаи 52 Оинномаи СММ мутобиқат менамояд, ки таъсиси ташкилотҳои амниятиро ба хотири «танзими ҳама гуна масъалаҳои муҳофизати сулҳ ва таъмини амнияти минтақавӣ” пешбинӣ менамояд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ дар доираи ИДМ яке аз самтҳои афзалиятнок буда, давлатҳои аъзо дар ин самт дар шакли дуҷониба ва бисрёҷониба фаъолият менамояд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар низоми нави ҷаҳонӣ ба унвони яке аз блокҳои минтақавӣ бо ҳадафҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои пасошӯравии мебошад.
Аммо таъсиргузории маҳдуди онҳо бо сабабҳои ихтилофотҳои дохилӣ ва тамаркуз ба манофеи миллии ҳар як кишвари Иттиҳод аст. Ин иттиҳод асосан ба дунболи рушди тиҷорат, ҳамоҳанги дар сиёсати хориҷӣ, амниятӣ ва ҳифзи мероси муштараки фарҳангӣ аст. Аммо ҷойгоҳи он дар баробари созмонҳои қудратманди ҷаҳони ба монанди Созмони миллали муттаҳид (СММ) ва НАТО камтар мутамарказ ва муассиртар аст.
Ҳадафҳо ва нақши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)
1. Ҳамкориҳои иқтисодӣ – густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва рушди зерсохтҳо барои манофеи мутақобилан судманд.
2. Ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ – табодули иттилооти амниятӣ, ҳамоҳанги дар сиёсати хориҷӣ ва талош барои ҳифзи сулҳу суббот дар минтақаи Иттиҳод.
3. Ҳамкориҳои фарҳангӣ – ҳифзи мероси муштараки фарҳангӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳимоят аз лоиҳаҳои фарҳангӣ барои рушди ҳуввияти муштарак.
Чолишҳо ва маҳдудиятҳо;
1. Манофеи миллӣ – тамаркузи ҳар як кишвари узви Иттиҳод аз манофеи худ, ҳамкориҳои муштаракро ба чолиш мекашад.
2. Ихтилофотҳои дохилӣ – мавҷудияти ихтилофотҳои сиёсии дохилӣ ва иқтисодии байни аъзоёни Иттиҳод ба заифшавии созмон таъсири манфи мегузарад.
3. Таъсири маҳдудиятҳо – дар муқоиса бо созмонҳои байналмилалии қудратманди ҷаҳонӣ, таъсиру мақоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳдудтар аст ва бештар ҷанбаи минтақавӣ дорад.
Дар ниҳоят, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ИДМ яке аз созмонҳои байнидавлатӣ аст, ки барои рушди ҳамкорӣ дар миёни кишварҳои узв таъсис шуда ва дар айни ҳол ки дар талош барои рушди равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аст. Бо чолишҳои зиёде рӯ ба рӯ аст ки монеъ аз табдил шудани он ба як блоки қудратманд дар низоми нави ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷойгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар низоми нави муносибатҳои байналхалқӣ, ки яке аз созмонҳои минтақавӣ ҳаст бар асоси ҳамкориҳои довталабонаи кишварҳои пасошӯравӣ ташкил шудааст ва равобитро бар асоси дӯстӣ ва шаркии стратегӣ ба роҳ мемонад.
Ҷамшед Абдуллоев, дотсентифакултети муносибатҳои байналхалкии ДМТ