Дотсенти кафедра
Тел.: (+992) 904 404444
E-mail: ajam-44444@mail.ru
Суроға: н. И.Сомонӣ, маҳ. Ҳ.Шерозӣ, хонаи 10
АБДУЛЛОЕВ Ҷамшед Темурович
н.и.т., дотсент
Соли 1985 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 2002 Литсей-интернати Президентӣ барои бачаҳои болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ( ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, касби мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва соли 2019 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ-ро хатм намудааст.
Солҳои 2007-2009 ба ҳайса Нозири сектори барномасозӣ, мониторинг ва назорати сифати таълими шуъбаи таълими ДМТ, солҳои 2009-2019 Мутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии раёсати таълим, ҳамзамон ассистент, муаллими калони кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, солҳои 2019 – 2020 Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ, солҳои 2020 – 2022 Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДМТ кор намудааст. Аз моҳи августи соли 2022 то соли 2024 Сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ ва аз соли 2024 муовини декан оид ба тарбия мебошад.
Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2016)” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 19 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 5 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.