МУНОСИБАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

452
  • Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Озорбойҷон манфиатдор аст ва мо барои таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҳама имконоти мавҷуда истифода хоҳем кард.

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи сармоягузории Озорбойҷон метавонанд заминаи рушди бесобиқаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолии ду кишвар гарданд.

Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

Ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар оғози даҳсолаи охири асри XX дар замоне сурат гирифт, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон бар асари фурӯпошии иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ тағйироти азим ба амал омада, низоми сиёсии олам рӯ ба дигаргуни овард.

Дар чунин шароити душвор Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ба анҷумани давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ворид мегардид ва барои дарёфти мақому манзалати шоиста дар он анҷуман талош меварзид. Сухан танҳо дар мавриди барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ё таъмини узвият дар созмонҳои минтақавиву байналмилаӣ намерафт. Муҳим он буд, ки Тоҷикистон бо такя ба андухтаҳои таърихии хеш, бо ҳифзи ҳуввияти миллӣ, бо дарки амиқи манфиатҳои кишвар ва шинохти дақиқи аҳволи оламу оламиён ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайвандад.

Дар чунин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Озорбойҷон барқарор намуда, муносибатҳои дипломатро аз 29 майи соли 1992 оғоз бахшида, густариши минбаъдаи он дар руҳияи эҳтиром ва эътимоди мутақобила идома ёфтааст.

Бинобар ин, соли 2007 оғози марҳилаи рушди ҳамкориҳо ва баромадан ба сатҳи сифатан нав дар таърихи соҳибистиқлолии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон гардид. Дар соли зикршуда аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба Тоҷикистон (15 март) ва сипас сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон (13- 14 август) ба вуқуъ пайвастанд, ки фаъол гардидани раванди муносибатҳо, пеш аз ҳама, ба ин боздидҳо вобаста буд. Дар натиҷаи сафарҳои мазкур байни ҳарду кишвари дӯст санадҳои муҳим, аз ҷумла, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба савдои озод ва дигар созишномаҳо ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои тарафайн ба имзо расиданд.

Ба мақсади роҳандозии ҳамкориҳои ду ҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн, рушди доимии робитаҳои сиёсӣ ва татбиқи амалии санадҳои имзошуда, сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 юми марти соли 2007 ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 23 юми марти соли 2008 фаъолияти худро оғоз намуданд.

Айни замон асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба беш аз 57 созишнома дарбар гирифта, он ҳуҷҷатҳо баҳри рушду тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарю ҳарбӣ имзо шудаанд, ки дар соли 2010 гардиши мол миёни кишварҳо 9,5 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар баробари густариши муносибатҳои сиёсию иқтисодии тарафайн, таваҷҷуҳи махсуси ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими равобити фарҳангӣ нигаронида шудааст. Дар ин замина рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷа ва Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе дар давоми муносибатҳо муваффақона доир гардиданд, ки ин рӯйдодҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи марбута ҳамчун заминаи муҳим арзёбӣ мегарданд.

Муносибатҳои мустаҳкам ва устувори тарафайни байни сарони ду кишвар аз боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба шаҳри Душанбе 15-16-уми марта соли 2007 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Боку 13-14-уми августа соли 2007 ва 11-13 июли соли 2012 сарчашма мегирад. Дар рафти сафарҳои мазкур ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, ки барои ҳамкориҳои дарозмуддат равона шудааст, муайян намуданд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 марҳилаи навро дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон оғоз намуда, яке аз равандҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар даҳсолаи минбаъда шинохта шуд. Дар баёнияи сиёсии худ сарони давлатҳои ду кишвар азми қавии худро ҷиҳати босубот давом додани гуфтушунидҳои зичи сиёсӣ ва рушди муносибатҳои шариконаи Тоҷикистону Озарбойҷон иброз намуданд.

Самтҳои афзалиятнок дар ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон филизоти ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия, муносибатҳои байнибонкӣ мебошанд.

Дурнамои ҳамкорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон бо назардошти имкониятҳо ва рушди раванди ҷаҳонишавӣ ё ҳавасмандии мутақобила мусбӣ ва аҳамиятнок арзёбӣ мегардад. Махсусан, дар самти иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг, маориф, илму техника ва инчунин, соҳаи муҳимми сармоягузорӣ ҳамкориҳои ҷолиб ва ояндадорро интизор шудан мумкин аст. Дурнамои ҳамкориҳоро дар нуктаҳои зерин метавонд қайд намуд:

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти баланд гаштани мавқеи худ дар арсаи байналмилал, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон боз ҳам мавқеи густурда пайдо менамояд;

2. Бо назардошти имкониятҳои бойи табии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди захираҳои гидроэнергетики Озорбойҷон ҳавасманд буда, дар амалигардии лоиҳаҳои азими стратеги сармоягузорӣ хоҳад кард;

3. Дар самти таъмиии амният ва мубориза бар зидди хатарҳои ғайрианъанавӣ бо назардошти казияи Афғонистон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҳамкориҳои густурдаро бо кишвари мо густариш хоҳад дод;

4. Густариш ёфтани ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ва сиёсати маориф аз ҷониби Ҳукумати Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар хоҳад расид.

Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбоҷон ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар рушду мустаҳкам гардида, равобитҳои густурда дар самтҳои гуногуни давлатӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз кишварҳое, ба шумор меравад, ки ташаббусҳои ҷаҳонии обии кишвари Тоҷикистонро эътироф намудааст. Ҳамкориҳои густурдаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсӣ, ҳарбӣ, нақлиётӣ-транзитӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра дар сатҳи олии дипломатӣ барқарор гардидааст.

Розиқов Ф.М.н.и.т., мудири кафедраиминтақашиносии хориҷӣНазаров

Б.Б.мушовири академии факултети муносибатҳои байналхалқӣ