Бо қарори ректори ДМТ муҳтарам Хушвахтзода Х.Қ. аз ин ба баъд рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ пеш аз ҳимоя бояд дар шӯрои олимони факултетҳо муҳокима карда шаванд.
Вобаста ба иҷрои қарори мазкур 2 апрели соли ҷорӣ бори аввал дар шӯрои олимони факултети муносибатҳои байналхалқӣ рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷӣ Қамаров А.З. дар мавзӯи «Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар даврони истиқлолият», ки барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисоси 07.00.15. – таърихи муносибатҳои байналмиллалӣ ва сиёсати берунӣ мебошад, муҳокима гардид.
Бояд гуфт, ки ин иқдом барои боз ҳам пурра ва такмил гаштани рисолаҳо мусоидат хоҳад намуд.


