Имрӯз дар толори ба номи профессор Ҳусейнзода ДМТ бо ибтикороти факултети муносибатҳои байналхалқӣ ҳамоиши илмию амалӣ дар мавзуи “Модар – сарчашмаи ҳаёт” бахшида ба 8-уми март – Рӯзи модар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳтаи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати занону бонувон ва Нақшаи чорабиниҳои тарбиявии ДМТ ва факултети муносибатҳои байналхалқӣ ҷиҳати арҷгузорӣ ба нақши “Зан- модар” дар рушди ҷомеа баргузор карда шуд.
Дар ин ҳамоиш ҳайати садорати факултет, Шурои занон ва бонувони факултет, донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок намуда, доир ба нақши модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, фаъолияти занон дар соҳаи дипломатия, иштироки бонувони ҳунарманд ва донишманд дар идораи давлатӣ, сифати зебоиофарии занон ва ғайра мубоҳиса карданд. Ҳайати садорати факултет занону бонувони факултетро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният гуфтанд.
Махсусан, декани факултет, н.и.т., дотсент С. Ҷаъфарзода дар дар мавзуи “Фаъолияти занон дар хидмати дипломатӣ” баромад намуда, доир ба таълиму тадриси ҷавондухтарон дар риштаи дипломатия ва робитаҳои байналмилалӣ, таъйини сафирзанҳо дар сиёсати хориҷӣ, ҷалби бонувон ба хидмати дипломатӣ ибрози андеша намуд.
Мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, н.и.т., дотсент А.Н. Шарипов дар мавзуи “Модар – офарандаи ҳаёт” баромад намуда, доир ба бузургӣ ва дасти дуои модар, нақши модарон дар пойдории оила, афзалияти олии модарон таълиму тарбияи фарзанд, иштироки модарон дар равандҳои муҳимми иҷтимоӣ, махсусан риояи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо суҳбат намуданд.
Инчунин, мудири кафедраи мутолиоти Шарқ, н.и.ф., дотсент М.А. Раҳмонов дар мавзуи “Нақши занон дар худшиносии миллӣ” баромад намуда, доир ба симои зебои зани тоҷик, либосҳои миллӣ, омода кардани хурокҳои лазиз аз тарафи бонувон, ҳунармандӣ ва кадбонугии занон суҳбат намуданд.
Мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ, н.и.ф., дотсент А.Ф. Наҷмиддинов дар мавзуи “Нақши занон дар таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ” баромад намуда, доир ба соҳибмаълумон будани занон, ҷалби занон ба забономӯзӣ ва донишандузӣ, фаъолияти занон дар таълими забонҳои хориҷӣ ибрози андеша намуд.
Замнан донишҷӯдухтарони факултет дар васфи модар шеърҳо қироат нмуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар табрику таҳният намуданд.
Дар охир, садорати факултет ба бонувони факултет ва донишҷӯёни фаъолу аълохон ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Садорати факултет тамоми модарон ва бонувонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик менамояд.