МОҲИЯТ ВА МАХСУСИЯТҲОИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

37

Оби тоза ҳаётро дар рӯи замин дастгирӣ мекунад. Захираҳои оби тоза дар соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли энергия, нақлиёт, ҳаёти одамон ва фаъолияти қариб ҳамаи экосистемаҳо нақши муҳим доранд. Бо вуҷуди ин, оби тоза захираи камёб аст. Танҳо 3% оби ҷаҳон ширин буда,

зиёда аз 2/3 қисми ин об дар ҳолати барфу ях қарор дорад. Обҳои зеризаминӣ 31% тамоми оби тоза ва кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо камтар аз 0,3% захираҳои оби ширинро ташкил медиҳанд [8].

Имрӯз беш аз 50% аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳадди ақал як моҳи сол ба норасоии об дучор мешаванд. 30 дарсади мардуми ҷаҳон, тақрибан 2,1 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 60 дарсади аҳолии ҷаҳон, ё 4,5 миллиард нафар ба оби равон (тавассути қубур) ё канализатсия дастрасӣ надоранд. Агар тамоюли мазкур идома ёбад, пас то соли 2030 талабот ба об аз ҳаҷми мавҷуда 40% зиёд хоҳад шуд.

Иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамасола аз сабаби набудани хадамоти расонидани об ва канализатсия 260 миллиард долларро аз даст медиҳад.

Дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об, ки боиси афзоиши рақобат барои об байни бахшҳо, ҷомеаҳо ва кишварҳо мегардад, зарурати тағйир додани назария вуҷуд дорад. Обро дар бисёр ҷанбаҳои худ ҳамчун манбаи фаромарзӣ ва байнисоҳавӣ барои рушди устувор муҳим баррасӣ кардан лозим аст. Барои ноил шудан ба ин, мушкилоти обро аз як соҳаи сирф техникӣ, аз ҷумла сатҳи сиёсӣ бартараф кардан лозим аст, то ҷаҳони осоишта бо об таъмин карда шавад [14].

Ҳаҷми умумии захираҳои обии Тоҷикистон – захираи об дар кӯлҳо 46 км3, захираи об дар пиряхҳо 845 км3, захираи оби зеризаминӣ 6,6 км3 ва маҷрои дарёҳои солона ба 56,8 км3/сол баробар мебошад. [2].

Ҷойгоҳи об ва ҳалли масоили марбут ба он дар сиёсати хориҷии ҶТ мақоми хоса дорад. Кишваре, ки дорои 947 дарё бо дарозиашон аз 10 то 3000 км (дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон 30 ҳазор километр буда, дар онҳо 60 миллиард метри мукааб об ҷорӣ мегардад), 1300 кӯл бо масоҳати 705 км мураббаъ, 8492 пирях (6% масоҳати ҷумҳурӣ (3)) мебошад, наметавонад нисбати масъалаи захираҳои обӣ бетараф бошад. Ҳамзамон кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар ҳаҷми 525-27 млрд. кВт. соат мебошад, ки истифодаи самараноки он бахри эҳёи иқтисоди миллӣ ва ба содиркунандаи асосии нерӯи барқ табдил ёфтани ҷумҳурӣ муосидат менамояд [13, с. 75].

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳақ дорад, ки захираҳои табиии худ, аз ҷумла обро барои таъмини рушди устувори кишвар ва шароити зиндагии шоистаи мардумаш истифода барад [7].

Таҳлили раванди таърихии ташаккули муносибатҳо дар соҳаи об нишон медиҳад, ки он ҳамчун сарвати табиӣ заминаи бунёдии тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноат то арзишҳои фарҳангию динии ҷомеаро фаро мегирад. Дар ин замина, сиёсати об танҳо фарогири об ва фазои обӣ нест, балки он субъекти муносибатҳои гуногунарса, таъмини ҳаёти осоишта ва устувор мебошад [12, с. 5].

Дар ҳавзаи дарёҳои байналхалқӣ 145 кишвари ҷаҳон ҷойгир шудаанд, некуаҳволии сокинони ин кишварҳо дар бештари ҳолат аз мавҷуд будани ҳамкории муназзам дар соҳаи об вобастагӣ дорад. Набудани ҳамкории муназзам метавонад хатарҳои ҷиддӣ ва хароҷоти зиёд ба бор дошта бошад.

Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи Ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олӣ байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё президентҳои Россия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои аврупоӣ ва ғайра ҳайатҳои бонуфӯзи созмонҳои байналхалқӣ, ба Тоҷикистон аз эътибори баланд ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Дипломатияи об, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ҳалли мусолиматомези мушкилоти марбут ба идора ва истифодаи захираҳои оби рӯдхонаҳои фаромиллӣ дар минтақа аст, ки на танҳо кишварҳои пасошӯравӣ, балки Афғонистонро низ дар бар мегирад, ки дар қаламрави он шоҳроҳҳои обӣ сарчашма гирифта ва баҳри Арал ба Амударё ҷорӣ мешаванд. Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, таҳкими нақши дипломатияи об ба ҳалли масоили обу энергетика дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад [3].

Маълум аст, ки бисёр кишварҳо дар партави камбуди об ва тағйирёбии иқлим масъалаи об ва дастрасӣ ба онро мавриди андеша ва баррасӣ қарор медиҳанд. Аммо моҳияти дипломатияи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо бо муносибати пайгирона, бо дарназардошти манфиатҳои тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амалӣ буданаш фарқ мекунад. Дар маҷмӯъ, дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти худро бо хусусиятҳои зерин касб менамояд:

Ҷанбаи дипломатӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи обро фаъолона амалӣ намуда, дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об нақши фаъол дошта бошад. Ин самт ҳадафҳои зеринро инъикос менамояд: а) муаррифии кишвар – боиси хушнудист, ки дипломатияи об дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шиносномаи кишвари мо эътироф гадида, пайваста, барои баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи байналмилалии об мусоидат менамояд; б) пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба об тавассути гуфтушунид ва эҷоди платформаҳои зарурӣ; в) ифодакунандаи манфиатҳои кишвар дар ин соҳа.

Дар чаҳорчӯбаи ин ҷанба ва дар партави ташаббусҳои созанда дар соҳаи об («Соли байналмилалии оби ширин, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст, муваффақияти дипломатияи кишвар эътироф гардида,  татбиқи ташаббусҳои навро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пеш аз ҳама СММ пешбинӣ менамояд. Соли 2013 бо мақсади таҳкими шарикии кишварҳои узв дар самти истифодаи самараноки захираҳои об Соли «Дипломатияи об» эълон гардид. Шурӯъ аз ҳамон сол ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дорад, ки тавассути рушди дипломатияи об барои наслҳои оянда қарорҳои муҳим қабул намояд [6].

Ҳолати пешбурди сиёсати об дар муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои поёноб ва болооби минтақа дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи аввали соҳибихтиёрии нишон дод, ки вобастагии зиёди байнидавлатӣ дар соҳаи об дар сурати заиф будани иродаи сиёсии яке аз ҷонибҳо метавонад ихтилофҳои байнидавлатӣ ва минтақавиро ба вуҷуд орад. Бо назардошти чунин таҷриба, дар пешбурди сиёсати об дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ иродаи қавии сиёсӣ бояд аз авлавиятҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои ҳасана бошад [12, с.48].

Бояд гуфт, ки якдилона пазируфтани ин иқдомҳои Тоҷикистон аз мантиқӣ, зарурати ҳаётӣ ва саривақтии онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ин далели самаранокии дипломатияи тоҷик аст. Ҳадафи аслии ин ташаббусҳо эҷоди платформаҳо ё ташкили гурӯҳҳои муштараки корӣ барои ташкили муколама, табодули маълумот ва иттилоот ва дар ниҳоят таҳияи созишнома дар бораи идоракунии муштараки захираҳои обӣ ба шумор меравад.

Ҷанбаи фарҳангӣ ва башардӯстона – Рамзист, ки 21 март дар тақвими СММ рӯзи ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, 22 март Рӯзи ҷаҳонии об аст. Ин пояҳои зиндагии башарият ба ҷашни Наврӯз иртибот доранд. Наврӯз махсусан бо он арзишманд аст, ки он бо рӯҳияи наҷиб ва дурахшони эҳёи баҳор фаро гирифта шуда, мисли ҳеҷ ҷашни рӯи замин муносибати наздики инсон ва табиатро ба тарви возещ инъикос намесозад. Наврӯз ва об на танҳо барои шоирону ҳунармандон, балки барои тамоми мардуми рӯи замин сарчашмаи илҳом мебошад. Наврӯз ва об чун ду хоҳари ҷудонашаванда одамонро ба талош барои зистан бо табиат, пос доштани сулҳу ваҳдат, таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва иродаи нек даъват менамоянд.

Халқи тоҷик бо пешбурди дипломатияи об ҳамзамон арзишҳои таърихию фарҳангии худро нишон медиҳад, ки умдатарин принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳамсоягии нек мебошад. Ин нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боло мебарад, ки кишварро ҳамчун шарики боэътимод ва масъул дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамзамон иқдомҳои инсондӯстона бетараф набудани халқи тоҷикро ба мушклоти инсонӣ ифода менамояд, ки бешак аз осори мутафаккирони оламшумули мо сарчашма мегирад:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ!

Ҷанбаи истифодаи оқилонаи об – Ҳадафи асосии дипломатияи дохилии оби Тоҷикистон ба муносибати оқилона ба захираҳои обии башарият алоқаманд мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба масъалаи пурра таъмин намудани аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ ва навсозии инфрасохтори об таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дурнамои зиёд намудани маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоя аз дигар манбаъҳои ғайридавлатӣ, ки ба ҳалли мушкилоти оби дохилӣ нигаронида шудаанд, муайян карда шудаанд. Муносибат ба захираҳои обӣ тағйир ёфта, об ба арзиши миллӣ ва омили асосии рушди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Табиист, ки рушди устувори Тоҷикистон ва рақобатпазирии онро омили об муайян мекунад.

Ба мақсади татбиқи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва тақсими самараноки он байни кишварҳои минтақа якчанд мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд, ки бо ақди созишномаҳои байнидавлатӣ ба анҷом расиданд. Муҳимтарин созишномаҳои минтақавӣ ин Созишномаи Алмаато дар бораи истифодаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз соли 1992 ва Созишномаи истифодаи захираҳои обии Нарин-Сирдарё аз соли 1994 мебошанд. Вале аз меъёри оби барои Тоҷикистон муқарраргардида ҳамасола кишвари мо то 2,5 км-и мукааб обро нагирифта, онро ба ҳайси эҳдо ба ҳамсоягон мегузорад [13, с.76].

Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар маҷмуъ, дар дастрасӣ ба оби тоза мушкилӣ надорад. Ҷиҳати расондани об ба навоҳии гуногуни кишвар мушкилоти техникӣ мавҷуданд. Масалан, барои пурра таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ беш аз 1 миллиард доллар зарур аст [1]. Аммо мардуми тоҷик бо такя ба нақши тамаддунӣ ва гузаштаи таърихии худ ба ин мушкили башарият бетараф буда наметавонад.

Иттилоот ва асосноккунии илмӣ. Яке аз дастовардҳои асосии амалии Тоҷикистон дар талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ин буд, ки дар натиҷаи баҳсҳои ошкоро дар мавзӯи об ҷомеаи миллатҳо барои ҳалли ин мушкилот тамоми донишҳои заруриро ба даст оварданд. Дар давраи гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварҳо механизму воситаҳои боэътимоди ҳалли мушкилоти об, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Форуми умумиҷаҳонии об, Шӯрои машваратӣ оид ба захираҳои об ва беҳдошт ва ғайра таъсис ёфта, самаранок амал мекунанд. Имрӯз ҳар як фарди ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо аз мушкилоти об огоҳ аст, балки аз воситаҳои истифодаи оқилона ва шаклҳои ҳамкорӣ оид ба мушкилоти ба миёномада низ хабардр мебошад.Илова бар ин, дар саросари ҷаҳон марказҳои махсуси тадқиқотӣ, лабораторияҳо ва фондҳо ташкил карда шудаанд, ки ба таҳқиқи роҳҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи об, идоракунии муштараки захираҳои об ва ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионии истифодаи об дар оянда об машғуланд. Дар ин замина, пеш аз ҳама, дар соҳаи обёрӣ технологияи муосири каммасраф, масалан, гузаштан ба обёрии қатрагиро ҷорӣ кардан лозим аст.

Ҳамчунин, дар платформаҳои байналмилалӣ ва дар асоси қонунгузории дохилии ҳар як кишвар санадҳои бисёрҷанба ва бисёрҷонибаи давлатӣ дар соҳаи захираҳои об дар шакли стратегӣ, мутобиқи талаботи шакл ва низоми нави идораи давлатӣ таҳия карда мешаванд.

Дастрасӣ ба оби тоза барои ҳар як инсон – Дастрасии боэътимод ба манбаъҳои бехатари оби тоза ва нӯшокӣ барои рушд ва шукуфоии ҳар як ҷомеа муҳим аст. Мушкили шадидтарин масъалаи нарасидани оби ошомиданист, ки масъалаи ҳаёту мамотро ифода менамояд. Барои ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама, ба мо ҳамкории калонмиқёс ва ҳамаҷониба, инчунин дастгирии мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст[4, с. 24].

Агар ба назар гирем, ки тибқи ҳисобҳои гуногун, то соли 2050 дар рӯи замин беш аз 10 миллиард нафар зиндагӣ хоҳанд кард, мо зарурати муносибати эҳтиёткорона ва масъулиятшиносиро ба оби тоза дарк мекунем. Ин махсусан муҳим аст, зеро захираҳои об дар минтақаҳои ҷаҳон бениҳоят нобаробар тақсим гардидаанд – дар баъзе кишварҳо то 30 ҳазор м3 дар як сол, дар дигар кишварҳо солона камтар аз 300 м3 дар як нафар [5].

Ҷанбаи иқтисодӣ – Захираҳои об барои рушди иқтисодӣ мутлақо муҳиманд. Муҳим аст, ки ҳукуматҳо ва ниҳодҳои масъул ниёзҳои доираи васеи истифодабарандагони об, аз ҷумла ҷомеаҳои инсонӣ, кишоварзӣ, саноат, истихроҷи маъдан ва худи табиатро ба назар гиранд. Хар як тағйироти азхудкунӣ ва истифодаи замин оқибатҳои муайян дорад. Ҳама бояд дарк кунанд, ки арзиши об аз арзиши нафту газ, ангишт ва дигар манбаъҳои сӯзишворӣ ва энергия барои ояндаи устувори кишвару минтақа камтар нест. Бо дарназардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки захираҳои обро барои пешрафти иқтисодии кишвар истифода барад.

Дар Тоҷикистон, ки беш аз 95%-и нерӯи барқро нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунанд, байни обу энергия алоқаи бузурги мутақобила мавҷуд мебошад. Рушди кишоварзӣ низ асосан ба об асос ёфтааст, зеро зиёда аз 80% маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби кишоварзии обёришаванда истеҳсол мешавад [10].

Бе об пешрафти иҷтимоию иқтисодии деҳа ва шаҳри дар куҳҳои баланд ниҳони кишварро тасаввур кардан душвор аст. Бе об ҳалли мушкилоти марбут ба иқтисоди «сабз» ва «неруи сабз» душвор аст.

Бе об раҳоӣ аз қашшоқӣ ғайримикон аст. Бе об инсон ҳисси шаъну эътибори худро аз даст медиҳад. Ниҳоят, бе об дар руи замин хаёт вуҷуд надорад. Дар давоми ду даҳсолаи охир ҷаҳон аҳамияти экологӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии оби тоза, инчунин мушкилоти афзояндаи об ва таъсири он ба амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологиро эътироф кардааст [1].

Мутахассисони хоҷагии оби минтақаи Осиёи Марказӣ ҳадафи наҷибро пайгирӣ намуда, баҳри ноил шудан ба истифодаи оқилонаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ, идоракунии самараноки захираҳои об ва коҳиш додани норасоии об дар минтақа саъю кӯшиш намуда, уҳдадориҳои худро софдилона иҷро менамоянд [11].

Гузашта аз ин, ҳамкориҳои фаромарзӣ аз нигоҳи иқтисодӣ низ судманд аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳамкории минтақавӣ барои идоракунии захираҳои муштараки об метавонад барои Осиёи Марказӣ дар як сол 4 миллиард доллари иловагӣ фоида орад [19].

Татбиқи ҳадафҳои рушди устувор – Об ҳамчун захираи муҳимтарини рушди устувор дар бисёр ҳуҷҷатҳо ва стратегияҳои рушд дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ ворид гардидааст. Ҷанбаи муҳими ин талошҳо ворид намудани ҳадафҳо барои ҳалли ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои об ба Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати муваффақ шудан ба ин ҳад талоши бузург ва ҷидду ҷаҳди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор мусоидат намуд[10].

Об ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад, аз ин рӯ ба тамоми Ҳадафҳои Рушди Устувор таъсиргузор мебошад. Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор “Таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори об ва беҳдошт барои ҳама” мебошад. Аз нуқтаи назари стратегӣ, Ҳадафҳои Рушди Устувор бо ҳадафҳои дугонаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ – маҳви камбизоатии шадид ва баланд бардоштани шукуфоии умумӣ мувофиқат мекунанд.

Якҷоя бо кишварҳои узв, шарикони рушд, бахши хусусӣ, академия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти захираҳои об ва ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 фаъолона дастгирӣ мекунад [9].

Муваффақиятҳо дар соҳаи рушди устувори захираҳои об имрӯз ба чашм мерасанд, вале мушкилот ва таҳдидҳои кофӣ низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон: ба гуфтаи коршиносон, ҳудуди 65%-и кишвар ба оби ошомиданӣ (қаблан – 42%) дастрасӣ дорад. Аз як тараф, ба шарофати талошҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд, вале аз ҷониби дигар, дар соҳаи таъмини об дар сатҳи маҳаллӣ ва давлатӣ тафовути назаррас боқӣ мондаанд.

Ҷанбаи экологӣ, пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ – маълум аст, ки мушкилоти умумиҷаҳониро кишварҳо дар алоҳидагӣ ҳал карда наметавонанд. Тағйирёбии иқлим – бо таъсири манфии он ба захираҳои обӣ, гардиши гидрологӣ, ҷараёни обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ – наметавонад дар доираи сарҳади як кишвар баррасӣ шавад. Таъсири назарраси тағйирёбии иқлим дар шакли офатҳои марбут ба об ба амал меояд. Дар давраи солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезӣ зиёда аз 107 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, то соли 2050 арзиши дороиҳои зери хатари обхезӣ метавонад ба 45 триллион доллари ИМА бирасад. Яке аз окибатҳои ҷиддии ин гуна ҳодисаҳо вайрон ва аз кор мондани инфрасохтори гуногуни хоҷагии халқ мебошад [10].

Намунаи ғамангези вокуниши табиат ба муносибати беэътиноӣ ба он оқибатҳои густурдаи хушкшавии баҳри Арал мебошад, ки ҳалли он бидуни фаъолсозии ҳамкориҳо бо СММ, кишварҳои манфиатдор ва сохторҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон аз замони таъсисёбии Бунёди байнулмилалии наҷоти Арал дар он нақши муҳим мебозад [1].

Чораҳои вокунишӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии самараноки захираҳои об ногузир ҳамкории ҳамаи кишварҳоро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд.

Ҳамин тариқ, дастрасӣ ба оби тоза метавонад дар оянда манбаи боз ҳам бештари ташаннуҷ ва ноустуворӣ гардад. Дар асоси ин, ҳалли мушкилоти марбут ба об бо роҳи осоишта ба таври истисноӣ мубрам мегардад. Дипломатияи об барои таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об барои ноил шудан ба сулҳ ва рушди устувор тарҳрезӣ шудааст. Он барои ҳамкории фаромарзӣ бо ҳадафи пешгирии низоъҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли муштарак оид ба захираҳои об ба манфиати ҳамагон пешбинӣ шудааст.

Об ҳамчун фишанги тавонои сулҳсозӣ баррасӣ мегардад. Аз ин рӯ, дипломатияи об як воситаи муҳим барои таъмини идоракунии самаранок, устувор ва одилонаи захираҳои муштараки об, мувозинати манфиатҳои марбут ба истиқлолияти миллӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ бо кишварҳои истифодабарандаи захираҳои умумӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои об дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҷавобгӯи ҳам манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба ормонҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош доранд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли масъалаҳои об дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷалб кунанд. Ҷузъи асосии сиёсати байналмилалии оби Тоҷикистон ташаббусҳои ҷаҳонии об дар кишвар мебошад, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкид бар зарурат ва ҳамкории созанда дар ҳалли мушкилоти об ба манфиати ҳифзи ҳаёт ва рушди устувори башарият мебошад.

Руйхати адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. Алимов Р. Водная дипломатия Таджикистана, которая объединяет мир https://www.asiaplustj.info/ru/news/opinion/20200320/vodnaya-diplomatiya-tadzhikistana-kotoraya-obedinyaet-mir
  2. Бобоев Б.Р. Водные ресурсы Таджикистана: проблемы их использования. https://cyberleninka.ru/article/n/vodnye-resursy-tadzhikistana-problemy-ih-ispolzovaniya 
  3. Водные ресурсы // URL: http://www.unesco.tj/ru/index/index/pageId/78.
  4. Доклад ООН о развитии человека «Что кроется за нехваткой воды: Власть, бедность и глобальный кризис водных ресурсов» — М.: «Весь мир» — 2006. 45 с.
  5. Ильясов А. Водная дипломатия стала важной частью внешней политики и экономики Туркменистана https://e-cis.info/news/566/107778/
  6. Как ООН помогает улучшить водопользование в Таджикистане https://news.un.org/ru/audio/2013/08/1019051
  7. Концепция внешней политики РТ, https://mfa.tj/ru/main/view/988 /kontseptsiya-vneshnei-politiki-respubliki-tadzhikistan
  8. Мировые ресурсы питьевой воды: прогнозы и реальность. https://www.mistersaver.ru/blog/mirovye-resursy-pitevoy-vody-prognozy-i-realnost
  9. Мюллер С. Вода – истинный источник процветания для Центральной Азии. https://www.vsemirnyjbank.org/ru/ news/opinion/2018/06/21/water-can-be-a-true-source-of-prosperity-for-central-asia
  10. Статья Президента Республики Таджикистан в журнале “Хроника ООН” под названием «Вода для устойчивого развития» https://mfa.tj/ru/main/view/3086/statya-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-v-zhurnale-khronika-oon-pod-nazvaniem-voda-dlya-ustoichivogo-razvitiya
  11. Суюнов Ш. Водная дипломатия в Центральной Азии https://www.fdfa.admin.ch/countries/uzbekistan/ru/home/aktualnoe/novosti.html/content/countries/uzbekistan/ ru/meta/news/2022/november0/water-diplomacy-in-central-asia
  12. Қувватзода С.З. Сиёсати об ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ. Дисс. д.и.с. Душанбе, 2023. 394 с.
  13. Шарипов А.  Масъалаи об дар сайёра ва ҷойгоҳи он дар сиёсати хориҷии ҶТ. Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон, 2017. № 3-1.  С. 73-78
  14. Что такое водная дипломатия, и почему она актуальна сегодня? https://bluepeace-centralasia.ch/ru/about/ hydrodiplomacy/

Шарипов Амриддин Нуриддинович – дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ.

Мирзоев Ҳабибҷон – номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ.