МАСЪАЛАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

558

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандони кишвар донистани забони хориҷиро тақозо менамояд.

Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари давлату ҳукуматбуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Миллӣ ва намояндагони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон дастуру супоришҳои мушахас медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки 28 декабри соли 2023 дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” вобаста ба масъалаи мазкур чунин қайд намуд: “Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот,илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои забономӯзии ҷумҳурӣ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ имкониятҳои зиёд фароҳам гаштааст.

Яке аз забонҳои хориҷие, ки дар ҷомеаи талабгори зиёд дорад, забони арабӣ мебошад. Забони арабӣ дар баробари забони байналмилалӣ ва аз ҷумлаи забонҳои кории Созмони Миллали Муттаҳид будан, забонест, ки ба таъриху фарҳанги мардуми мо муносибати амиқ дорад.

Гузашта аз ин рушду густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб аз он дарак медиҳад, ки дар ин самт бояд кадрҳои баландихтисоси арабшинос ва тарҷумонҳо омода карда шаванд.

15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дармаросими тақдими китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар донишгоҳи Қоҳираиштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат ёдоварӣ карданд, ки “Мо дар кишвари худ шуъбаҳои омӯзиши забони арабӣ ва мактаби шинохтаи арабшиносӣ дорем, ки корҳои зиёдро анҷом медиҳанд. Шояд дар ягон кишвари ғайриарабӣ теъдоди донадагон ва дӯстдорони забони арабӣ мутаносибан чунин зиёд набошад. Бе сабаб нест, ки мо фарҳангҳо ва дастурҳои зиёди забони арабӣ нашр менамоем ва дар телевизиони миллӣ барномаҳои хабарӣ ба забони арабӣ дохил намудем.”

Ҳангоми баррасии ин гуфтаҳо чунин маълум мегардад, ки Сарвари давлат бо умеду боварӣ ба шуъбаҳои омӯзиши забони арабӣ назар менамояд. Аз ин рӯ ба масъулини соҳа зарур аст, ки ҷиҳати омода кардани тарҷумонҳои забони арабӣ вадипломатҳо чораҳои лозима андешанд.

16 майи 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард. Дар ҷараёни баромади худ Сарвари давлати тоҷикон қайд кард, ки “… дар Тоҷикистон ҳазорон нафар донандагони хуби забони арабиро метавон номбар кард, ки даҳҳо нафари онҳо дар риштаҳои мухталифи забону адабиёт ва таъриху фарҳанги арабӣ рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд.

Дар партави ин гуфтаҳо зарурати омӯзиши забони арабӣ дар самтҳои забону адабиёт, таъриху фарҳанги мардуми тоҷик низ ошкору равшан мегардад.

Ба андешаи донишмандони забоншинос зиёда аз чил дарсади фонди луғавии забони тоҷикиро иқтибосоти забони арабӣ ташкил медиҳад, ки ин амр омӯзиши забони арабиро дар самтҳои зикргардида боз ҳам муҳим арзёбӣ менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки таълим ва тадриси забони арабӣ дар самти муносибатҳои байналхалқӣ ва саёҳӣ мувофиқи мақсад буда, баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ ҷиҳати муаррифӣ ва шинос намудани дастовардҳои фарҳангии халқҳои тоҷику араб ва ҳунарҳои мардумӣ, ташкили давраҳои кутоҳмуддати таҷрибаиомӯзии ҳарсола дар самти омӯзиши забонӣ барои донишҷӯён ва мутахассисони шуъбаҳои арабии донишгоҳҳои Тоҷикистон, хусусан шуъбаи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар макотиби олии кишварҳои араб ба сатҳу сифати мутахасисон таъсири мусбати худро хоҳад расонд.

Қамаров А.З., муаллими калони кафедраи мутолиоти шарқи ДМТ