МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ВАСИЛАИ МУҲИММИ ХУДШИНОСӢ

259

Имрӯз (29.08.2024) дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тарбиявию маърифатӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – василаи муҳимми худшиносӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, инчунин, тадбирҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон ибрози андеша намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки устодону кормандон бояд дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ минёи ҷавонону наврасон, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонунҳои миллӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими ҷашну маросим ва монанди инҳо аз пештара бештар масъулият эҳсос намуда, шуруъ аз оғози соли нави таҳсил дар самтҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар интиҳо барои мунтазам ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ #тавсияҳои_мушаххас дода шуданд.

Аз ҷумла:

1. Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон, тавсияҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ минёи ҷавонону наврасон, пешгирии тамоюлҳои хурофот ва бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣдар самти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими ҷашну маросимҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати собитқадамона дар амал татбиқ намудани онҳо аҳлона фаъолият намоянд.

2. Роҳбарони сохторҳоитаркибии Донишгоҳ, факултет ва кафедраҳои Донишгоҳ, инчунин, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани тавсияҳои мазкур чораҳои амалӣ андешида, шарҳу тавзеҳи мазмуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ», “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро миёни омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантони Донишгоҳ ба таври пайваста ба роҳ монанд.

3. Роҳбарони сохторҳои таркибии Донишгоҳ, масъулони факултет ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ масъалаи риояи маданияти шаҳрдорӣ ва иҷрои муқаррароти дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро, ки аз ҷонибиВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, аз ҷониби донишҷӯён ба таври мунтазам назорат намоянд.

4. Масъалаи саривақт ба дарс ҳозиршавии донишҷӯён аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти тамоми факултетҳои Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, садорати факултет ва масъулони онҳо масъалаи давомоти донишҷӯёнро зери назорати қатъӣ қарор дода, дар сурати бе сабабҳои узрнок дар давоми се рӯз ва зиёда аз он ба дарс ҳозир нашудани донишҷӯён ҷиҳати муайян кардани сабабҳои он тадбирҳои зарурӣ андешида, дар сурати зарурат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳал ҳамкориҳои муштаракро ба роҳ монанд.

5. Масъулини бахши тарбияи Донишгоҳ ва факултетҳо, инчунин, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» суҳбату мулоқотҳои судмандро миёни донишҷӯён дар факултетҳо ва ҳобгоҳҳо оид ба мавзуъҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон, пешгирии омилҳои гаравидан ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, риояи қонунияту адолат, пешгирии оворагардӣ ва тамоюлҳои бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва либоси тавсиявӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ғайра ба роҳ монанд.