КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОК ДАР ҶОМЕА

71

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар зуҳуроти номатлуб, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамчунин масъалаи дигари имрӯзаи ҷомеа ин худ фасод ё коррупсия ба ҳисоб меравад. Коррупсия яке аз амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ буда, он барои рушди иқтисодиёт, пешравии ҷомеа, некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу субот ва оромии ҳар як кишвар монеа эҷод менамояд.

Зимнан коррупсия яке аз мушкилоти душвори дохилии ҳар ҷомеа ва проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи амалии худ нишон медиҳад, ки он дар ҳаёти башарият агарчи амали номатлуб ва мамнуъ ба шумор меравад, аммо он решаҳои амиқи таърихӣ дошта, барои манфиатҳои шахсии афроди муайян дар давраҳои гуногун ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Набояд фаромуш кард, ки коррупсия дар баробари дигар ҳамаи хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст, ки он ба пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ҳатто сиёсии ҳар ҷомеа ва мафкураву ҷаҳонбинии инсоният таъсири манфии худро расонида истодааст.

Имрӯз барои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ташкилӣ маъмурию ҳуқуқӣ мавҷуд аст, мо бояд барои паст кардани сатҳи коррупсия амалисозии қонунҳо, фармонҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсиониро дар тамоми зинаҳои идоракунии давлатӣ таъмин намоем, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандонро дар самти муқовимат ба коррупсия баланд бардорем, корҳои таблиғотӣ – ташвиқотӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, шарафу номус ва виҷдони касбии мансабдорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, замин ва дигар корхонаву муассисаҳо, тарбияи ахлоқии ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро баланд бардорем, дар зеҳни насли ҷавон ҳақиқатҷӯӣ, парҳезкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва адолатпарвариро ба хотири равона сохтани тамоми ҷомеа барои муқовимати шадид бар зидди коррупсия чун падидаи номатлуб ва монеаи рушди устувори давлат ва зиндагии шоистаи мардум ҷой намоем. Мутаасифона бо вуҷуди ин коррупсия ва амалҳои номатлуби он яке аз омилҳои хатарнок ва нангин дар ҷомеа боқӣ мемонад.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб таъкид намуда буданд: «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад».

Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намоянд. Пораву тамаъҷӯи ё худ коррупсия чун вабои тамоми давру замон аз амалҳое ба ҳисоб меравад, ки дар қиёс бо терроризму экстремизм зишттару хатарнок аст. Чунин нафароне, ки ба давлати худ бо чашми бад менигаранду пешравии онро дидан намехоҳанд, мавқеъ ва ҷазояшон муайян аст ва онҳо дар ҷомеа мақом ва арзише надоранд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки новобаста дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ кор ва фаъолият карданашон ба коррупсия даст зада ба пояи давлату миллат теша мезананд.

Аз таъқидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ҳар яки мо худ намунаи ибрат бошему аз ин амал дури ҷӯем ва баъдан дигаронро ба он талқин намоем. Барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бетараф нашуда, ин вазифаро танҳо бар дӯши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунем ва чун шаҳрванди ватандӯст ба сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷомеа тафаккури зидди коррупсиониро ба амал орем.

Аз ин рӯ, мубориза бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандӣ, виҷдонӣ ва инсонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Мирзоев Ҳ.Т. Абдуллоев Ҷ.Т.,устодони факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ