КОРРУПСИЯ – ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ДАВЛАТ

193

Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба амнияти миллӣ — яъне истиқлолият, суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, беэътимодиро байни шаҳрвандон ва ҳукумат эҷод мекунад. Сарфи бесамари маблағҳои давлатӣ, барномаҳои рушд ва грантҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ боиси зуҳури гурӯҳи манфиатхоҳ, амалӣ нагаштани ҳадафҳои рушди миллӣ, паст рафтани сатҳи некуаҳволӣ, коҳиши эътимод ба низоми давлатдорӣ ва адами боварӣ ба ояндаи дурахшон – яке аз омилҳои зиндагӣ ва ҳадфмандии ҳар як фард мегардад. Ин масъала на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Давлате, ки муборизаи муассир алайҳи коррупсия намебарад, дер ё зуд бо хатарҳои ҷиддии дохилӣ ва беруна рӯ ба рӯ мегардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад.

Аз ин рӯ, таҳқиқи зарари коррупсия ва роҳҳои пешгирии он дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмӣ ва амалӣ барои кишварҳои мустақил ба шумор меравад…

Яке аз соҳаҳои асосии рушди давлатдорӣ соҳаи маориф ба шумор меравад. Маориф яке аз рукнҳои асосии рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди нақши муҳими он дар ташаккули зеҳнии шаҳрвандон, соҳаи маориф аз таъсири коррупсия дар эмин намондааст. Коррупсия дар маориф на танҳо сифати таҳсилотро коҳиш медиҳад, балки адолатро дар дастрасии дониш ва имкониятҳо аз байн мебарад

Дар шакли дарозмуддат, куоррупсия ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Ин таъсирот дар шаклҳои зерин инъикос мегарданд:

– Коҳиши сифати таълим – донишҷӯёне, ки бидуни дониши воқеӣ диплом мегиранд, на танҳо боиси афзоиши мутахассисони беарзиш, балки болоравии фишори иҷтимоӣ ба ҷомеа мегардад;

– коҳиши асли адолат ва баробарӣ – хонандагони лаёқатманд имконияти баробар барои таҳсил ва пешрафтро аз даст дода, ҳавасмандӣ ҷиҳати донишандӯзӣ ва соҳибкасбшуданро истисно менамояд;

– ихтисори боварӣ ба муассисаҳои таълимӣ – ҳангоми афзоиши шубҳаи шаҳрвандон ба шаффофияти низоми маориф ва самаранокии он, эътибори миллии ин ниҳод коста мешавад.

– шикасти давлатдорӣ ва монеаи рушди миллӣ – дар шароити рушди илму фанооварӣ кишваре, ки шаҳрвандони босавод ва соҳибихтисос надорад, наметавонад дар иқтисод, илм ва технология пешрафт намуда ба муқобили таҳдидҳои муосир истиодагарӣ намояд.

Дар натиҷа, дар шароити коррупсионӣ ташаккули давлати ояндабину муваффақ ғайриимкон буда, бодарназардошти ҳаҷми таҳдиду чолишҳои муосир амнияти миллӣ ва истиқлоли давлатӣ осебпазир мегардад.

Намунаи давлатҳои муваффақ ва қафомондаро бинобар омили ҷой доштани коррупсия мо дар мисоли Сингапур ва Нигерия дида метавонем.

То солҳои 1960-ум Сингапур яке аз кишварҳои фасодзада буд. Бинобар сатҳи пасти таъсири ниҳодҳои давлатӣ манотиқи соҳилии кишвар ба бандари роҳзанҳои баҳӣ табдил ёфта буд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир – қабулҳои қонунҳои дахлдори соҳавӣ ва таъсиси мақомоти мустақили зиддикоррупсионӣ, имрӯз Сингапур яке аз давлатҳои пешрафта ва шафофи ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Аз ҷониби дигар, Нигерия яке аз кишварҳои бойтарини ҷаҳон аз ҳисоби захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Вале мавҷудияти коррупсия дар сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ рушди онро чандин даҳсола боз боздоштааст. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, танҳо дар давраи солҳои 1960–1999, беш аз $400 миллиард аз ҳисоби коррупсия талаф ёфтааст.

Бо дарназардошти ин вабои аср зарурати дарки ҷомеа аз хатари коррупсия ба ояндаи давлат, зарба ба рушди устувор ва бақои он муҳим мебошад. Дар ин самт пеш аза ҳама муайян намудани роҳҳои пешгирии коррупсия дар маориф зарур мегардад.

Ба андешаи муҳаққиқон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар соҳаи маориф, чунин тадбирҳо зарур мебошанд:

1) Таҳкими механизмҳои назорат ва аудити дохилӣ: Ҳар як раванди қабули донишҷӯён, интиқол ва баҳогузорӣ бояд шаффоф бошад;

2) Баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва кормандони маориф: худкифо гаштани масъулони соҳа омили муҳимми коҳиши ангезаи даст задани онҳо ба амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ мегардад;

3) Таълими зиддикоррупсионии пайваста ва бо дарназардошти синну соли муҳассилин аз синфҳои поёнӣ то сатҳи олӣ. Дар заминаи ин самт омӯзиши арзишҳои зиддифасод ва дарки оқибатҳои манфии он барои ҷомеаи метавонад заминаи афзоиши масъулияти шаҳрвандон, омодагӣ ба мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва даст назадан ба фасод гардад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон омили муҳими пешгирии коррупсия мебошад.

4) Дар шароити муосир бинобар боло рафтани арзиши моддигароӣ баъзе қишрҳои аҳолӣ моҳияти манфии фасодро дарк накарда, бо ҳар роҳу восита ҳадафи сарватғундориро пеша менамоянд. Омӯзиши воқеӣ дар заминаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқию ахлоқӣ фишанги муассир дар мубориза бо ин мараз ва инкори маъмулӣ ё одати мардумӣ будани коррупси мегардад;

5) Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО. Назорати ҷамъиятӣ ва расонаӣ метавонад фасодро фош намуда, гусариши онро коҳиш диҳад. Дар шароити тавсеаи платформаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қишри бесаводӣ аҳолӣ ҷиҳати дарёфти «нуфуз» ва «обрӯ» худнамоӣ намуда, истифодаи ин фишанг ва хавфи шармандгӣ як омили муҳим дар гуастариши амалҳои коррупсинӣ мегардад;

6) Татбиқи технологияҳои рақамӣ Эҷоди низоми электронӣ бо дарназардошти мавқеи омӯзгори асил ба баҳогузорӣ шаффофиятро зиёд мекунад. Дар баробари ин рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ муҳим мебошад, ки омили муассири коҳиши тамоси бевоситаи шаҳрванд бо мақомот, сабт ва назорати амалҳои фасодкорона ва тавассути порталҳои электронӣ анҷом ёфтани пардохтҳо ва хизматрасониҳо бевосита.

Коррупсия дар соҳаи маориф ҷиддитарин таҳдид ба рушди зеҳнии насл ва ояндаи давлат мебошад. Ба хотири бунёди ҷомеаи донишманд, поквиҷдон ва муваффақ, муборизаи ҷиддӣ ва муассир бо коррупсия дар соҳаи маориф зарур аст.

Ба хусус рисолати мубориза бо ришваситонӣ мебояд ба зиммаи омӯзгорон бошад, зеро онҳо ҳамчун қишри мафкурасози ҷомеа дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳм дошта, андешаи шогирдонро барои оянда ташаккул медиҳанд. Зарур аст, ки ҳар як омӯзгор дар ин самт намуна буда, барои дарки ин хатари аср ва муқобилият бо он дар зеҳни шогирдон арзишҳои ватандӯстӣ, меҳнати ҳалол ва муборизаи беамон бо тамоми падидаҳои номатлубро ҷой намояд.

Мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ — аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология — роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем.

Шарипов Амриддин, н.и.т., дотсент,мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ