КОРБУРДИ ДИПЛОМАТӢ ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

9

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, Ҷумҳурии Фаронса, 08.06.2025)

Пешгуфтор

Баргузор гардидани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дастоварди навбтии дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро маҳз дар заминаи ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон СММ Қатъномаи махсусро дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” аз 14 декабри соли 2022 қабул намуд.

Бояд гуфт, ки 21 январи соли 2025 ЮНЕСКО ва Созмони Умумиҷаҳонии обу ҳаво санҷӣ (World Meteorological Organization) расман “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” – ро оғоз карданд (UNESCO and WMO launch the International Year of Glaciers’ Preservation 2025). Бинобар ин, раванди иқдомнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як нуқтаи гардишӣ дар талошҳои дипломатии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи пиряхҳои муҳим арзёбӣ мегардад ва дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе маҷмуи санадҳои байналмилалӣ ва Эъломияи Душанбе қабул хоҳад гашт, ки як корбурди дипломатӣ дар самти пешбарии чораҳои амалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ба ҳисоб меравад.

Пиряхҳо ҳамчун унсури табиӣ

Пиряхҳо ҳамчун унсури муҳимми табият дар ҳифзи ягонагии низоми экологӣ нақши калидӣ дошта, барои нигаҳдории ҳаёти муътадили инсоният ва олами набототу ҳайвонот дар муҳити сукунат ва умуман дар рӯи замин аҳамияти бузург доранд. Бесабаб нест, ки нимкураи шимолӣ ва ҷанубии сайёраи мо (Арктика ва Антарктика) яхпуш буда, ҷанбаҳои калидии ҳаётро дар рӯи замин ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қайд намуд, ки “Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ, имрӯз бо ин буҳрон дучор шудааст. То кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, як ҳазору сесад адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад. Талафоти пиряхҳо на танҳо ба мероси табиии мо, балки ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таҳдид мекунад”.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин омилҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори масъалаҳои муҳимми обу иқлим гардида, дар пешбурди фаъолияти дипломатияи иқлимӣ (экологӣ) ва дипломатияи об ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо талош менамояд.

Мушкилиҳо вобаста ба обшавии пиряхҳо

Сарвари давлат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе қайд намуд, ки “Дар сурати то ду дараҷа (2°C) боло рафтани ҳарорати ҳаво, нобуд шудани сеяки дигари пиряхҳои ҷаҳон пешбинӣ мегардад”. Ин ҳолат мушкилиҳои навбатиро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ намуда, танзими муштараки онҳо танҳо бо роҳи дипломатӣ ба даст хоҳад омад.

Мукилиҳои вобаста ба пиряхҳо чунин аст:

– обшавии босуръати пиряхҳо дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон;

– коҳиш ёфтани захираҳои оби ошомиданӣ;

– афзоиши хатари офатҳои табиӣ;

– баланд гардидани сатҳи оби уқёнус ва баҳрҳо;

– шусташавии соҳилҳои баҳрӣ ва ҷазира-давлатҳо;

– таъсири манфӣ ба экосистемаҳо, олами наботот ва ҳайвонот;

– таҳсири манфӣ ба иқтисодиёт ва соҳаҳои кишоварзӣ;

Мушкилиҳои номбаршуда аз он далолат менамоянд, ки пиряхҳо ҳамчун унсури муҳимми табият барои ҳаёти инсоният хеле муҳим мебошанд ва обшавии босуръати онҳо барои шумораи зиёди аҳолӣ хатарҳои навро ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, талошҳои дипломатии Тоҷикистон ба самти пешгирии обшавии босръати пиряхҳо ва рафъи як қатор мушкилиҳои дар оянда сарзананда равона шудааст.

Корбурди дипломатӣ дар ҳифзи пиряхҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хуш дар Конфронси Душанбе иброз доштанд, ки “Тоҷикистон тайи бист соли охир рӯзномаи об ва иқлимро дар арсаи байналмилалӣ фаъолона пешбарӣ намуда, ҳамзамон бо ин, зарурати вокуниши фаврию муштаракро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад”.

Албатта пайгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дипломатияи об ва дипломатияи иқлимӣ ба хотири танзими мушкилиҳои умумиҷаҳонӣ буда, бо ин роҳ, Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми худро дар рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мегузорад.

Заминаи Қатъномаи Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” аз 14 декабри соли 2022 як қатор чорабиниҳои амалӣ пешбинӣ гардиданд. Аз ҷумла:

– эълони 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – ба хотири ҳамасола ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилиҳои вобаста ба пиряхҳо;

– эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – андешидани чораҳои амалии фаврӣ ҷиҳати пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ва натиҷагирӣ намудани сатҳ ва сифати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо;

– таъсиси Фонди боварии СММ оид ба дастгирии фаъолият оид ба ҳифзи пиряхҳо – ба хотири дастгирии лоиҳа ва таҳқиқотҳо вобаста ба ҳифзи пиряхҳо;

– соли 2025 даъвати Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе – ба хотири ҷалби коршиносон ҷиҳати коркарди чораҳои амалии ҳифзи пиряхҳо ва ниҳодҳои молиявӣ ҷиҳати маблағгузории иқдомҳо вобаста ба ҳифзи пиряхҳо;

– татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” (криосферӣ) – ба хотири таҳқиқ ва коркарди чораҳои муассири пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳифзи муҳити экологии пиряхҳо.

Боварӣ аст, ки дар раванди Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе қарорҳои муҳим ва харитаи роҳ барои пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо коркард ва қабул мегардад ва дар заминаи онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи пиряхҳо фаолона кор хоҳанд кард.

Анвари Сафарӣ – н.и.т., дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ