КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

174

Имрӯз дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо ташаббуси кафедраи мутолиоти аврупоӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гард, ки дар он мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорат прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Маҳмудов Изатулло Тешаевич суханронӣ намуд. Мавсуф атрофи таърихи Конститутсия, нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи ҷавонон, асосҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуд.

Инчунин, дар ҳамоиш мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Самиев Х. Д. баромад намуда, донишҷӯёнро ба риояи талабот ва меъёрҳои Конститутсия даъват намуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ мубрам арзёбӣ кард.