КОНСТИТУТСИЯ – РОҲ БА ОЯНДАИ ПУРСАОДАТ!

192

Конститутсия воқеан шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун баъди ба даст овардани истиқлолӣ давлатӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз ин рӯ, 30 -юмин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба маънои арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста ба мансаб, нажод ва миллаташ, ба риояи бечунучарои меъёрҳои он даъват мекунад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Қадами нахустин дар амалӣ гардонидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ин таъсиси комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба амалишавии ислоҳоти ҳуқуқӣ ибтидо гузошт.

Мувофиқан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатӣ будани халқи Тоҷикистонро муқаррар намудааст. Зимнан нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Воқеан, қабули Конститутсия тавонист, ки аз лиҳози сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу комилҳуқуқ ва дорои ҳамаи рамзҳои давлатӣ муаррифӣ намуда, бо назардошти мазмун, сохтор ва ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиати инсон ва шаҳрванд бахшида шудани аз се як ҳиссаи меъёрҳои он дар ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини олам ворид гардида, номи Тоҷикистонро боз ҳам ба оламиён муаррифӣ намояд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз, яъне Конститутсия, муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Соҳибихтиёрии халқ аз худи халқ сарчашма гирифта, барои идораи халқ равона шудааст. Маҳз дар пояи соҳибихтиёрии халқ табиати демократии давлат нигаҳдорӣ гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз гашта, мавқеи халқ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи идораи давлат устувор мегардад. Сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ маънои онро дорад, ки халқи Тоҷикистон сарчашмаи ҳокимият ва қудрати давлат мебошанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст. Ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти таърихии басо бузург дошта, маҳз бо қабул ва татбиқи он сулҳу субот дар кишвари азизи мо фароҳам омад. Зеро маҳз татбиқи ин санади бузурги ҳуқуқӣ тавонист, ки ҳама гурӯҳҳои сиёсиро гирди ҳам оварда, тоҷику тоҷикистониёнро дар атрофи давлат ва Президенти кишвар муттаҳид созад ва дар як муҳлати кӯтоҳ кишвари моро ба як давлати озоду демократӣ дар дунё муаррифӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 вобаста ба 30 – солагии қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҳаёти ҷомеа чунин иброз доштанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Ва имрӯз мову Шумо дар амал мебинем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъғйироту иловаҳо воқеан чароғе шуд, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуд.

Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутахассисон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва ба мазмуну муҳтавои он баҳои баланд доданд. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯи меъёрҳои демократисозии ҷомеа буда, ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Давлати мо, инчунин тамоми санадҳои қонунгузории худро давра ба давра бо ин ҳуҷҷати тақдирсоз мутобиқ намуд, ки эътимоди кишварҳои хориҷиро низ ба вуҷуд овард.

Имрӯз Конститутсия барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя ва Истиқлолу Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, сулҳу суботро дар кишвар таҳким бахшем.

Ҷамшед Абдуллоев, дотсентикафедраи минтақашиносии хориҷиифакултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ