КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ҶОМЕА

115

Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз қабули санади сарнавиштсози миллат – Конститутсия 30 сол сипарӣ гардида, ҷашни 30-юмин солгарди бахтномаи миллат барои мо ҳамчун нишоне аз раванди рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсии Тоҷикистон аҳаммияти махсус касб намудааст.

Тамоми дастовардҳои 30 соли амали Конститутсия, ки ба халқи мо насиб гардидаанд, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заковати халқи кишвар маҳсуб меёбад. Дар воқеъ қабули ин ҳуҷҷати муҳимму дурнамосоз дар охири асри ХХ – ибтидои эҳёи давлатдории миллӣ гардида, бори дигар аз заковату хиради миллати тамаддунофари тоҷик хабар дод. Конститутсияи мо бо мазмуну муҳтавояш, ки саршор аз ҳимояи арзишҳои умумибашарӣ мебошад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои хеле баланд гирифт. Махсусан, эътирофу эътибори Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони дақиқсанҷи давлатҳои пешрафатаву мутамаддин ва созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳои демократӣ нишони ин хираду заковат аст.

Бояд гуфт, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати муайян намудани заминаи ҳуқуқии таъмини Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла қабули Конститутсияи нав пеш омад. Дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ қарор «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 «Дар бараи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи нави конститутсионӣ таҳти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Дар чунин давраи мураккаб танҳо бо қабули Конститусия алоқаманд будани заминаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарк карда мешуд. Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил намуд. Дар ин росто лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори раёсати Шурои Олии кишвар аз 13-уми апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия карда шуд. 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, азму ирода ва мақсаду мароми тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро инъикос менамояд. Мувофиқи Конститутсия дар кишвар халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқи эътироф гардидааст.

Ин санади сарнавиштсозу муаррифгари миллати башардӯст дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон ба шумор рафта, заминаи ҳуқуқии эъмори давлати соҳибистиқлол, деморкатӣ, давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Он дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, ба таври васеъ истифодаи анаъанаҳои миллиро эълон ва таъмин намуд.

Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Маҳз дар асоси он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якаҳизбӣ ба низоми бисёрҳизбӣ амалӣ гардид. Ҳамчунин, Қонуни асосӣ имкони доштани рушди ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои мухталифи сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард.

Конститутсия дар кишвар фаъолияти азҳоби сиёсии хусусияти демократӣ, динӣ ва атеистидоштаро иҷозат додааст, дар ҳоле, ки муқобили ин санади меъёрӣ ҳуқуқии олӣ фаъолият накунанд. Дар ин радиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тиқби меъёрҳои муайянкардаи Конститутсия мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба сифати иеологияи давлатӣ эътироф карда шавад. Таҷрибаи давраи истиқлол нишон дод, ки раванди гуногунандешии мафкуравӣ дар кишвар бо як суръати хеле тоза дар густариш аст. Акнун ҷомеаи Тоҷикистон ба назарияҳои нави эътирофшуда монанди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимият, ҳуқуқи фитрии инсон ва ғайра рӯ овард. Дар меҳвари Конститутсияи кишвар масъалаи арзиши олии ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дорад. Маҳз ана ҳамин принсип махсусияти хосси Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии кишварро аз замони шуравӣ таҷассум менамояд.

Ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз дурнамои рушди давлати Тоҷикистонро муайян карда, барои садсолаҳо қабул шудааст. Дар он самтҳо ва ҳадафҳои рушди ҷомеа ва давлат барои садсолаҳо пешбинӣ карда шудааст. Бояд гуфт, ки бо қабули Қонуни асосӣ дар ҷомеа дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ оғоз гардидаанд. Самтҳои рушди давлат ва ҷомеа ба таври мушаххас муайян карда шудааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҷомеа, дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ табиист, ки тағйир меёбад, ба он меъёрҳои ба талаботи муносибатҳои нави ҷомеа ҷавобгӯ илова карда мешаванд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар таҷрибаи низоми ҳуқуқии ҳамаи давлатҳои дунё ҷой дорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин давра дигаргуниҳои зиёд дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба миён меоянд. Ҳадафҳо ва самтҳои ислоҳоти гуногуни соҳаи судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, кишоварзӣ мушаххас мегарданд.

Қонуни асосӣ ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба танзим медарорад. Ин санади дурнамосоз рӯйи арзишҳои умумипазируфташудаи ҷаҳони мутамаддин устувор буда, дар бахшҳои алоҳидаи худ тартиби татбиқи онҳоро ба таври муашххас муқаррар намудааст. Дар ин радиф зикр намудан ба маврид аст, ки яке аз самтҳои ифодакунандаи ин воқеият дар сатҳи Қонуни асосӣ сабт шудани эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин бори дигар аз пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври амалӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Дар Конститутсияи мо андешаю мафҳумҳои комилан нави конститутсионӣ, аз ҷумла арзишҳои олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият бо эътирофи моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро дар худ инъикос менамояд.

Дар маҷмуъ арҷ гузоштан ба ин санади муҳимму сарнавиштсози миллату давлат рисолати ҳар як узви ҷомеа буда, зарур аст, ки тамоми фаъолияти хешро дар доираи он ба роҳ монем, чун он аз иродаи халқи Тоҷикистон маншаъ мегирад. Риояи бечунучарои ин санад ва зиндагӣ дар асоси он на танҳо фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ, балки кафолати зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад.

Ҷаъфаров С. Х. – н.и.т., дотсент, деканифакултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ