КОНСТИТУТСИЯ БАРОИ БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТ ЗАМИНАИ УСТУВОР ФАРОҲАМ ОВАРДААСТ

251

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Аз ин рӯ яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатҳои устувору соҳибистиқлол доштани Конститутсияи комил мебошад, ки он шаклу сохтори сиёсии давлат ва муносибатҳои дипломатиро муайян мекунад.

Яъне, Конститутсия санади асосии муаррификунандаи моҳиятуҳувияти давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин аст, ки таҳди роҳбариихирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо мураккабуқисматсоз ва пурпеҷутобуҳассоси рӯзҳои аввали ташаккули давлатдории миллиамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ки заминаи ташаккулёбӣ ва инкишофи меъёрҳоиҳуқуқи тамоми саҳаҳои фаъолияти давлат ва ҷомеаро, аз ҷумла равобити дипломатиро муайян намуд.

Дар боби1-и моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидааст, ки: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.

Зимнан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусияти мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ, созмону ташкилот ва давлатҳои абарқудрати олам яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шуда, он мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳоидемократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣва соҳиби анъанаҳоидеринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.

Тағйиру иловаҳое, ки бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳоиҳаёти ҷомеа бо роҳираъйпурсии умумихалқӣ ба Конститусия ворид гардиданд, сохтор, мазмуну муҳтаво ва меъёрҳоиин санади муҳимро такмил дода, барои боз ҳамтавсеа бахшидан ба равандҳоидемократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба санадҳои аз ҷониби умум пазируфташуда мутобиқ гардонидани меъёрҳои конститусионӣмусоидат намуд.

Зимнан, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳоипасошӯравӣ яке аз аввалинҳошуда, Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣқабул намуд.

Аз ин нуқтаи назар, тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 29 соли амалишавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣэътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣба инобат мегиранд.

Ҳамзамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани сиёсати хориҷии давлат заминаи устувор ва мусоид фа­роҳам овардааст, ки натиҷаи он боз ҳам боло рафтани эътибори бай­налхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки вобаста ба ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати Тоҷикистон аввалин маротиба соли1993 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, бо сиёсати хирадмандона тавонист равобити судманд бо ҷаҳонимуосирро барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки баҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол, таъсиргузор ва ташаббускор дарҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди муносибатҳои дипломатӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашт ва тавсеаи равобитбо кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи оламро бо риояи манфиати шарикони сиёсӣ, ки таҳкими онро меъёрҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад амалӣ намуд.

Аз ин ҷост, ки имрӯз дипломатияи тоҷик бо дарназардошти меъёрҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқӣ дар гӯшаву канори олам маъруф аст. Албатта, аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯз бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи Тоҷикистон муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамолики дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад. Зеро ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва он қонуни асосиро халқ дар раъйпурсии озоду демократӣ қабул намудааст.

Маҷмуан метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахши тамоми муносибатҳои дипломатӣ буда, дар он меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва тамомиҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад. Ин моро водор месозад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо ин санади бахту саодат, бо ин пояи устувори давлатдории худ, яъне бо Конститутсияи мукаммал ва пешрафтаи худ ифтихор намоем.

Абдуллоев Ҷамшед,дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ