КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ОИД БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

56

Имрӯз (05.03.2025) дар факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи конференсия намояндагони сохторҳои гуногуни чумҳурӣ, аз ҷумла сардори Раёсати илми Донишгоҳ Дӯстзода Ҳ., декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Ҷаъфаров С.Х., декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш., мудири кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор Саидзода Х.А., ҳамзамон, устодони Академияи ВКД, Донишкадаи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конференсия доир ба масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ иштирокчиён суханронӣ намуда, маърӯзаҳои “Истилоҳоти дипломатӣ дар фаъолияти дипломатии кишварҳо (дар забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ)”, “Баъзе хусусиятҳои тарҷума дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ” ва “Забони англисӣ ва муҳимияти он ҳамчун забони байналмилалии дипломатӣ дар СММ” аз ҷумлаи мавзуҳои баррасгардида буд.

Конференсия бо муҳокимаи мавзуъҳои пешниҳодшуда ва мубодилаи афкор байни донишмандон, устодон ва донишҷӯён ҷамъбаст гардид.