Таърихи кафедра
Кафедраи минтақашиносии хориҷӣ бо назардошти зарурати таҳқиқот ва омӯзиши равандҳо, тамоюлҳо ва ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналхалқӣ, махсусан, раванди минтақагароӣ ҳамчун зерраванди ҷаҳонишавӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар асоси фармоиши Ректори Донишгоҳ аз 31. 05. 2013 таҳти рақами №154-09 таъсис ёфтааст. Аз он ҷониб то ба имруз роҳбарии кафедраро дотсентон: Шарипов А., Розиқов Ф. ва Самиев Х.Д. ба ӯҳда доштаанд.
Кафедра дорои 11 аъзои доимии штатӣ ва 2 нафар устоди ҳамкори берунӣ буда, вобаста ба самти фаъолияти илмии худ кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра 3 нафар профессорон – д.и.т. Олимов М., 4 дотсент: н.и.т. Самиев Х.Д., . н.и.т. Розиқов Ф., н.и.с. Мамадазимов А., н.и.ф. Баротзода Ф., н.и.т. Ёров А., н.и.т. Абдуллоев Ҷ ., муаллими калон Назаров Б., ассистент Каримова З. ва 2 муаллими ҳамкор : н.и.п. Зардӣ Ш.., н.и.т. Мирзоев Ҷ фаъолияти таълимӣ ва илмӣ менамоянд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқоти кафедра:
Самт ва мавзӯи илмии кафедраи минтақашиносии хориҷӣ “Ҷанбаҳои минтақавии таҳаввули низоми муносибатҳои байналхалқии муосир” мебошад ва аз 9 фасли зерин таҳқиқоти иборат аст:
– Самтҳо ва афхалиятҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
- Таҳаввули ҳамкориҳои мутақобилаи ҶТ ва ФР дар даҳаи дуюми асри XXI;
- Проблемаи сарҳад дар ровобити байнидавлатҳои Осиёи Марказӣ;
- Афғонистон дар низоми равобити минтақавӣ;
- Ҳамкориҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ;
- Дипломатияи роҳи Абрешим ва нақши он дар таҳаввули робитаҳои давлатӣ ва минтақавӣ;
- Муносибатҳои тиҷорати байналхалқии Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Осиё ва Аврупо дар нимаи дуюми асри ХIХ – аввали асри ХХ;
- Дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асри ХXI$
- Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ.
Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ
Минтақашиносии хориҷӣ ба омузиши ҷанбаҳои мухталифи минтақаҳои мушаххаси ҷаҳон равандҳои сиёсӣ, сатҳи рушди иқтисодӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, вижагиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, таърих ва тавсифоти дигари мушаххас бахшида шудааст. Таҳсил тибқи барномаи мазкур омодагии мутахассисонро доир ба минтақаҳои мушаххас, кишварҳои алоҳида ва гуруҳи кишварҳо таъмин менамояд. Замони муосир аз мутахассисон маҳорати корро дар паҳнои илмҳои байнириштаӣ тақозо дорад. Дар кафедраи минтақашиносии хориҷӣ омодагии мутахассион барои кор дар кишварҳои хориҷии наздику дур ба роҳ монда шудааст. Минтақашиноси хориҷӣ- ҳам муаррих, ҳам сиёсатшинос, ҳам дипломат, иқтисодшинос, ҳуқуқшинос ва забоншинос мешавад. Донистани забони хориҷӣ, иқтисод, ҷуғрофиё, таърих, демография ва фарҳанг ба минтақашинос имкон медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолия барад. Ӯ метавонад ба тарҷумаи ихтисосӣ маугл шавад, дар рушди робитаҳои байналмилалӣ иштирок кунад, лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия намояд, таҳқиқоти оморӣ барад ва дар масоили минтақавӣ машваратҳои диҳад. Мутахассисони соҳа ба таҳлили омилҳои таърихӣ, табиӣ-захоирӣ, қавмӣ, динӣ, зистмуҳитӣ, сиёсӣ, дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ машғул мешаванд. Кафедра дар заминаи ихтисоси 23010006 – минтақашиносии хориҷӣ мутахассисони роҳбалад – тарҷумонро омода менамояд. Дар баробари ин муҳлати таҳсил дар ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ – 23 010006 чор сол буда, дараҷаи бакалавр барои хатмкунандагон пешбинӣ шудааст.
Фанҳои умумитаълимӣ:
– Забони тоҷикӣ;
– Забони русӣ;
– Таърихи халқи тоҷик;
– Фалсафа;
– Мантиқ;
– Сотсиология;
– Диншиносии илмӣ;
– Сиёсатшиносӣ;
– Назарияи иқтисодӣ;
– Назарияи давлат ва ҳуқуқ;
– Ҳуқуқи байналхалқӣ;
– Мудофиаи гражданӣ;
– Экология;
Фанҳои ихтисосӣ
- Кишваршиносӣ;
- Асосҳои минтақашиносӣ
- Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа;
- Таърих ва фарҳанги минтақаи омӯзиш;
- Ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналхалқии муосир;
- Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ;
- Тоҷикистон ва кишварҳои Шарқ;
- Созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ;
- Проблемаҳои глобалӣ ва хатарҳои ғайрисуннатӣ;
- Ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ дар ҷаҳони муосир;
- Аврупо дар низоми муносибатҳои байналхалқии муосир;
- Низоми иттилоотӣ ва минтақавӣ;
- Сиёсати хориҷии кишварҳои Осиё ва Африқо;
- Этнография ва этнополитикаи минтақаҳо;
- Минтақашиносии назариявӣ;
- Муқаддимаи ихтисос;
- Зернизомҳои минтақавӣ дар низоми МБ;
- Таърихи муосир ва сиёсати хориҷии кишварҳои Аврупо ва Амрико;
- Масоили мубрами Шарқи муосир;
- Таърихнигории Осиёи Марказӣ.
Магистратура дар самти минтақашиносии хориҷӣ
Фанҳои таълимӣ:
- Назария ва амалияи минтақашиносӣ;
- Сиёсати хориҷи ва дипломатияи кишварҳои минтақа;
- Таърихи муосир ва сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа;
- Самти минтақавии сиёсати хориҷии ҶТ.
Докторантураи PhD-и кафедра
Дар кафедра докторантҳои PhD аз рӯи ихтисоси 6D 050500 – доктори фалсафа аз рӯи ихтисос таҳсил менаомянд. Саҳми кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи равобити байналхалқӣ назаррас аст. Дар кафедра 3- доктор PhD ва 4 унвонҷӯ аз рӯи мавзӯъҳои кори илмиашон фаъолият менамоянд. Дар пояи кафедра Файзов Н., Меҳроҷиддини Н., Мамадазимов А., Шарипов С., Анвари С., Пайвандов Х.Б., Нурзода М. А. Қамаров А. ва дигар рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд.
Марказу маҳфилҳои кафедра
Дар назди кафедраи минтақашиносии хориҷӣ маҳфили илмии «Минтақашинос» амал мекунад, ки роҳбари он н.и.т., муаллими калони кафедра Шарипов С. ба шумор меравад. Айни замон маҳфили номбурда дорои 30 нафар аъзоёни доимӣ буда, дар як моҳ 1 маротиба ҷаласаҳои он рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад. Инчунин дар кафедра Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро профессор Олимов М. ба уҳда дорад. Дар доираи онҳо донишҷӯён масъалаҳои мубрам, замонавӣ ва проблемавии минтақа ва ҷаҳонро аз рӯи нақшаи маҳфилҳо мавриди баррасӣ, пажуиш ва таҳлил қарор медиҳанд.
Ҳамкориҳои байналмилалии кафедра
Таълифоти асосии кафедра
Дастовардҳои кафедраи минтақашиносии хориҷӣ дар самти омодасозии китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ, гузаронидани конфронсҳо, мизи гирд ва симпозиюмҳои сатҳи байналхалқӣ хеле фаъол ва назаррас мебошад. Дастовардҳо:
- Масъалаҳои мубрами Шарқи муосир.-Душанбе: “Пойтахт” 2016.180 с.
- Моделҳои муваффақи кишварҳои Шарқ., Душанбе, 2018. 156.
- Ҷанбаҳои минтақавии муносибатҳои байналмилалӣ.,Душанбе-2019. 400 с.
- Великий шелковый путь. История, становления, асцвета и распада. (Роҳи бузурги абрешим. Таърихи пайдоиш, ташаккул ва фурупошӣ.) Душанбе, “Сино”, 2014. 384 с.
- История таджикско-казахстанских взаимоотношений в условиях независимости. (Таърихи ҳамкориҳои тоҷикӣ-қазоқистонӣ дар шароити истиқлолият) Душанбе, “Эр-граф”,2012.-192 с.
ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Мудири кафедра
E-mail: samiev.kholakhmad@mail.ru
Тел.: (+992) 918-79-90-91
Суроға: кӯч. Ал Беруни 1, ҳуҷраи 2
САМИЕВ Холаҳмад Давлатович
н.и.т., дотсент
24 сентябри соли 1960 дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1977 баъди хатми мактаби миёнаи №8 –и ноҳия ба факултети таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва бо анҷоми он дар солҳои 1982-1984 дар сафҳои артиши шуравӣ ба хайси афсар адои хидмат намудааст. Солҳои 1984-1987 муаллими фанни таърих ва чомеашиносии мактаби № 3 ноҳияи Фархор, 1987 -1989 устоди кафедраи таърихи ҲКИШ Донишкадаи омузгории Кулоб буд. Тайи солхои 1989-1993 аввал коромуз ва баъд аспиранти кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1993-1997 ходими илмии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АИ ҶТ буд. Соли 1994 дар риштаи таърихи аҳзоби сиёсӣ ва чумбишхои мардумӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст, ки ба тақдири таърихии зиёиёни тоҷик дар солхои бунёди ҷомеаи номниҳоди сусиёлисти (1921-1938) бахшида шуда буд. Аз соли 1997 то имруз дотсенти Донишгохи Миллии Тоҷикистон шуда кор мекунад, аввал дар кафедраи таърихи муосири кишварҳои хориҷӣ, аз соли 2002 дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳ ва ҳоло кафедраи минтақашиносии хориҷӣ. Тайи солҳои 2008-2011 декани факултети таърих ва 2011 – 2022 декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ буд. Феълан мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ мебошад.
Муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳост, ки ба рузгори зиёиёни мардумии точик дар аёми пурошуби солхои 20-30-уми асри бистум ва ҷанбаҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилал бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 8 нафар устодони факултет рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар доираи такмили тахассус курсҳои такмили ихтисоси назди МГИМО (Звенигород, Москва, 2000) ва курсҳои дипломатии ВКХ Ҷумҳурии Мисри Араб (Қоҳира, 2006) ва Ҷумҳурии мардумии Чин (Пекин, 2010) – ро хатм кардааст.

E-mail: fr_tj@mail.ru
Тел.: (+992) 918 685636
Суроға: Душанбе, н.Сино, маҳ. 33, хонаи 32/5
РОЗИҚОВ Фарҳод Маҳмадсаидович
н.и.т., дотсент
Соли 2007 факултети таърихи ДМТ хатм намудааст. Солҳои 2007-2009 сармутахассиси Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) буд. Ф.М. Розиқов аз соли 2009 то 2011 cармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии шуъбаи таълими ДМТ ба ҳисоб мерафт. Инчунин, соли 2011 муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи ДМТ буд. Солҳои 2010 то 2013 дар аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 2014-2015 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2015-2017 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбияи факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ кор кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2018 то 2023 мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ буд.
Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Аълочии Вазорит фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), оиладор, соҳиби 4 (чор) фарзанд.

Дотсенти кафедра
E-mail: m_abdughani@mail.ru
Тел.: (+992) 985-30-50-70
Суроға: ҶТ, Душанбе, маҳ. Деҳотӣ 21/13, хонаи 78
МАМАДАЗИМОВ Абдуғанӣ
н.и.с., дотсент
4 июли соли 1964 таваллуд шудааст. Соли 1983 ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, соли 1988 донишгоҳи мазкур аз рӯи ихтисоси забони олмонӣ хатм намуд. Солҳои 1990-1993 ба сифати аспирант дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, факултети фалсафа, кафедраи илмҳои сиёсӣ таҳсил намудааст.
Фаъолияти кориро солҳои 1994 ба сифати мудири шуъба дар Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Солҳои 1994-2016 Роҳбари ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон буд. Аз соли 1999 Роҳбари Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим” ба ҳисоб меравад. Аз соли 2010 то ин ҷониб дотсенти кафедраи минтақашиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Иштирокчии шумораи зиёди лоиҳа ва барномаҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, Шарики асосӣ доир ба ташкил ва баргузории клубҳои мубоҳисавии сиёсӣ бо Дафтари сулҳҷӯёнаи СММ дар Тоҷикистон (UNTOP) (солҳои 2001-2007), Шарики Фонди байналмилалии низоми интихобот (IFES) доир ба ташкил ва баргузории интихоботҳои гуногун (солҳои 1999-2015), Иштирокчии дастаи таҳлилии “Клуби Алмато” доир ба лоиҳаи Фонди ба номи Ф. Эберт дар солҳои 2016-2018, Иштирокчии лоиҳаи «SEnECA» -и Иттиҳоди Аврупо доир ба пурзӯркунии муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2018-2020.
Муаллифи монографияҳои “Новый Таджикистан: вопросы становления суверенитета”, “Политическая истории таджикского народа”, “Великий шелковый путь. История становления, расцвета и распада”, “Открытый мир таджиков. К.I. Стратегия Саманидов” ва ғайра мебошад. Инчунин беш аз 70 мақолаҳои илмӣ-оммавиро таълиф намудааст. Забонҳои русӣ, узбекӣ, олмонӣ ва англисиро медонад.

Дотсенти кафедра
Тел.: (+992) 904 404444
E-mail: ajam-44444@mail.ru
Суроға: н. И.Сомонӣ, маҳ. Ҳ.Шерозӣ, хонаи 10
АБДУЛЛОЕВ Ҷамшед Темурович
н.и.т., дотсент
Соли 1985 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 2002 Литсей-интернати Президентӣ барои бачаҳои болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ( ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ, касби мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ ва соли 2019 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ-ро хатм намудааст.
Солҳои 2007-2009 ба ҳайса Нозири сектори барномасозӣ, мониторинг ва назорати сифати таълими шуъбаи таълими ДМТ, солҳои 2009-2019 Мутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитии раёсати таълим, ҳамзамон ассистент, муаллими калони кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, солҳои 2019 – 2020 Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ, солҳои 2020 – 2022 Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти ДМТ кор намудааст. Аз моҳи августи соли 2022 то соли 2024 Сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими ДМТ ва аз соли 2024 муовини декан оид ба тарбия мебошад.
Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзӯи “Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2016)” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 19 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 5 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.

Ассистенти кафедра
E-mail: bahriddinzodda-bmail.ru
Тел.: (+992) 918 61 56 68
Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2
НАЗАРОВ Бахтиёр Баҳриддинович
28 ноябри соли 1994 дар н. Ховалинг таввалуд шудааст. Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи №6 н. Ховалинг рафта, мактаби мазкурро соли 2012 хатм намуд. Соли 2012-2017 факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси минтақашиноси хориҷӣ хатм намуд.
Тайи солҳои 2017-2018 ассистенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Дар давоми солҳои 2019-2020 омӯзгори кафедраи сиёсатшиносb ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳсуб мешуд. Соли 2021-2022 Эдвайзер (мушовири академии) факултети Сиёсат ва идораи давлатb Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав буд. Аз сентиябри соли 2022 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ ва аз октиябри соли 2022 Мушовири академии ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор намудааст.
Соли 2022 ба ҳайсаи унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ қабул шуда, дар мавзӯи “Ҳамкории халқи тоҷик бо халқҳои минтақа дар асрҳои XVI-XIX” зери роҳбарии дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ Шарипов А.Н. фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Муаллифи 5 мақолаҳои илмӣ, 12 мақолаи оммавӣ ва 2 барномаи таълимӣ мебошад.

Ассистенти кафедра
E–mail: bahriddinzodda-bmail.ru
Тел.: (+992) 918 61 56 68
Суроға: ш. Душанбе, ноҳияи Сино маҳалаи Майяковский 70/2
НАЗАРОВ Бахтиёр Баҳриддинович
28 ноябри соли 1994 дар н. Ховалинг таввалуд шудааст. Соли 2001 ба синфи якуми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №6 н. Ховалинг рафта, мактаби мазкурро соли 2012 хатм намудааст. Солҳои 2012-2017 факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси минтақашиноси хориҷӣ хатм намудааст.
Тайи солҳои 2017-2018 ассистенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Дар давоми солҳои 2019-2020 омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор кардааст. Соли 2021-2022 Эдвайзер (мушовири академии) факултети Сиёсат ва идораи давлатӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав буд. Аз сентиябри соли 2022 ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз моҳи октиябри соли 2022 то ҳол Мушовири академии (Эдвайзер) факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2022 то ҳол котиби Шурои методии факултети муносибатҳои байналхалқӣ кор мекунад.
Соли 2022 ба ҳайсаи унвонҷӯи кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ қабул шуда, дар мавзӯи “Ташаккули дипломатияи оби Тоҷикистон дар низоми Ҳадафҳои Рушди устувори СММ ва дурнамои он (солҳои 2003-2023” зери роҳбарии мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Шарипов А.Н. фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Муаллифи 11 мақолаҳои илмӣ, 20 мақолаи оммавӣ ва 2 барномаи таълимӣ мебошад.
Бозорова Зарина Олимҷоновна
Лабаранти кафедра
Тел.: +992 985626556
Суроға: ш. Душанбе н. Сино, маҳ. Зарафшон дом 14 ҳуҷраи 102
5 майи соли 1983 дар ш.Турсунзода таввалуд шудааст. Соли 1991 ба синфи якуми мактаби миёнаи №101 ш. Турсунзода рафта, мактаби мазкурро соли 2001 хатм намуд. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм намуд.
Аз соли 2006 -2009 Мудири банақшагирии корҳои илмӣ-тадқиқоти раёсати илми ДМТ
Солҳои 2009-2011 сармутахассиси шуъбаи тарбияи ДМТ
Солҳои 2011-2019 сармутахассиси бахши кор бо духтарон ва занони ДМТ Солҳои 2019-2021 котиби шӯрои илмию методии ДМТ
Солҳои 2021-2022 Сармутахассиси Маркази табъу нашр ва баргардони ДМТ, аз соли 2022 то ҳол лабаранти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор мекунад.