Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ

Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 феврали соли 2017 таъсис ёфтааст. Иҷрокунандагони вазифаи мудири кафедрадар марҳилаҳои гуногун доктори илмҳои сиёсӣ Мухаммадзода П.А.ва номзади илмҳои таърих Шарипов А.Н. буданд. Ҳоло вазифаи мудириро номзади илмҳои таърих, дотсент Салимов Фаррух Насимович бар ӯҳда дошта, рушди кафедраро дар самтҳои таълимӣ, методӣ, тадқиқотӣ, лоиҳавӣ ва дигар самтҳо фаъолона идома медиҳад.

Ҳайати омӯзгорон

Дар кафедра докторон ва номзадҳои илме фаъолият мекунанд, ки таҷрибаи ғании академикӣ ва амалӣ доранд. Аз ҷумла, инҳо мутахассисони шинохта, ба монанди доктори илмҳои сиёсӣ, профессорон Раҳматуллозода Э.Р. ва Мухаммадзода П.А., доктори илмҳои филологӣ, профессор Сатторзода А., номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷаъфаров С. (декани факултет), устодони калон, номзади илмҳои таърих Анвари Сафарӣ (муовини декан оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ) ва номзади илмҳои таърих Фарзонаи Шамсиддин мебошанд. Дар кафедра инчунин омӯзгорон Ғафорзода Фатона, Акобиршоева Шабнам ва Норқобилов Раҳмон фаъолият доранд. Лаборанти кафедра Ояҳмадова Бибиомина мебошад, ки дастгирии техникиву ташкилотии раванди таълимро таъмин менамояд.

Дар давраҳои гуногун олимону омӯзгорони маъруф, ки дар рушди кафедра саҳми арзанда гузоштанд, дар кафедра кор мекарданд. Аз ҷумла, профессор Мирзоев Н.М., профессор Латифов Д.Л., дотсент Шарипов А.Н., устодони калон н.и.ф. М. Шахиди ва н.и.с. Ш.Ш. Ризоён, ассистент Ҷобирова Нигина, лаборантҳо Махфирати Диловаршо, Бутаева Гулнисо ва Тоҳирова Адиба. Кордонӣ ва садоқати онҳо дар таърихи кафедра нақши ҷовидона гузоштаанд.

Барои таъмин намудани сатҳи баланди раванди таълим ва омодагии академии донишҷӯён, кафедра мутахассисони дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимиро ба таълим ҷалб менамояд, ки барои омӯзиши амиқи масъалаҳои байналмилалӣ ва воқеияти имрӯзаи дипломатия мусоидат мекунад. Аз ҷумлаи мутахассисони даъватшуда дотсент Самиев Х.Д. (мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ), дотсент А. Наджмиддинов (мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ), профессор Гуломҷон Мирзоев (собиқ муовини вазири корҳои хориҷӣ), Иззатулло Нуруллозода – сардори раёсати фаъолияти сармоягузорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Тағозода З.Н., муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмонов Маруф, муовини сардори раёсати Осиё ва Африқои ВКХ, Шоҳин Самадӣ, сардори раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ, Шараф Раҳимӣ, сардори раёсати таҳқиқоти стратегӣ дар ВКХ, Исмоилзода Ҳаким, муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бодуршозода Мералӣ, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигарон мебошанд. Ин мутахассисон ба дипломатҳои оянда таҷриба ва донишҳои нодири амалӣ ва арзишманди худро мубодила намуда, дар тарбияи онҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Фаъолият ва самтҳои омодасозии мутахассисон

Фаъолияти кафедра ба омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ, инчунин фаъолиятҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ равона шудааст. Донишҷӯёни кафедра дар рӯҳияи дарки манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таълим мегиранд.

Сарфи назар аз навтаъсис будан, кафедра мақоми кафедраи пешбарро соҳиб гашта, бакалавр ва магистрҳои соҳаро омода мекунад. Соли 2019 кафедра барномаи магистриро аз рӯи ихтисоси «сиёсати беруна ва дипломатия» ифтитоҳ кард ва соли 2020 аввалин қабули донишҷӯён ба бакалавриати ҳамин ихтисос сурат гирифт. Соли 2024 аввалин хатми бакалаврҳои ихтисос баргузор гардид. Аз соли 2022 кафедра инчунин барномаи бакалавриатро дар самти «фаъолиятҳои иттилоотӣ-аналитикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» ба уҳда дорад. Ин барномаҳои таълимӣ донишҷӯёнро бо малакаҳои дипломатия, технологияҳои музокирот, тавоноии таҳлили рӯйдодҳои байналмилалӣ ва таъмини намояндагии муассири Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъмин мекунанд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратураи ихтисосҳои “муносибатҳои байналхалқӣ” ва “минтақашиносии хориҷӣ” дарсҳо мегузаронанд, ки ин ба донишҷӯён дар ташаккули фаҳмиши системавӣ дар бораи асосҳои дипломатия ва таҳлил мусоидат мекунад. Ин имкон медиҳад, ки хатмкунандагон дониши ҳамаҷониба гирифта, малакаҳои заруриро барои фаъолият дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фаъолиятҳои сиёсиву дипломатӣ, таҳлил, муносибатҳои байналмилалӣ ва консалтинг инкишоф диҳанд. Ҳамин тариқ, хатмкунандагони кафедра омодаанд, ки дар мақоми мушовир, тарҷумон, таҳлилгар ва машваратчӣ, аз ҷумла дар сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ кор кунанд.

Фаъолияти илмӣ ва тадқиқотӣ

Дар кафедра кори илмӣ-тадқиқотии фаъолона ба роҳ монда шудааст, ки ба омӯзиши масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ, дипломатия ва амният нигаронида шудааст. Омӯзгорони кафедра ба таҳқиқ ва таҳияи мавзӯъҳои зерин машғуланд:

  1. Масъалаҳои суботи Осиёи Марказӣ — таҳқиқи масъалаҳои амният дар Осиёи Марказӣ ва нақши субъектҳои дохиливу хориҷӣ. Иҷрокунанда: дотсент Салимов Ф.Н. (2021–2025).
  2. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёсати хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ — таҳлили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Осиёи Марказӣ бо Эрон. Иҷрокунанда: профессор Латифов Ч.Л., доктори илмҳои таърих (2021–2025).
  3. Сиёсати хориҷӣ ва амният ҳамчун стратегияи рушди Тоҷикистон — таҳқиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ. Иҷрокунанда: профессор Мухаммадзода П.А., доктори илмҳои сиёсӣ (2021–2025).
  4. Нақши Осиёи Марказӣ дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ — таҳқиқи потенсиали транзитӣ ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ва нақши Тоҷикистон дар ин равандҳо. Иҷрокунанда: дотсент Шарипов А.Н., номзади илмҳои таърих (2021–2025).
  5. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО — омӯзиши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар солҳои истиқлол. Иҷрокунанда: дотсент Ҷаъфаров С.Х., номзади илмҳои таърих (2021–2025).
  6. Муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи равандҳои геополитикии муосир — таҳлили рушди муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон. Иҷрокунанда: устоди калон Фарзонаи Шамсиддин, номзади илмҳои таърих (2021–2025).
  7. Масъалаҳои марзӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон — таҳқиқи ҷанбаҳои таърихӣ ва муосири ташаккули марзҳо ва ҳамкориҳои сарҳадӣ. Иҷрокунанда: устоди калон Анвари Сафари, номзади илмҳои таърих (2021–2025).
  8. Ҳамкории гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ — таҳлили афзалиятҳои дипломатияи гуманитарии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ бо минтақаҳои Осиёи Марказӣ. Иҷрокунанда: ассистент Ғафорзода Фатона Ҷамшед (2024–2025).

Натиҷаҳои тадқиқот дар шакли мақолаҳои илмӣ ва маводи таълимӣ нашр шуда, дар фаъолияти таълимӣ ва чорабиниҳои илмӣ истифода мешаванд.

Тайёр намудани кадрҳои илмӣ

Кафедра ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ аҳамияти зиёд медиҳад ва барои рушди муҳаққиқони ҷавон ва донишмандон шароити мусоид фароҳам меорад. Системаи омодасозии докторони фалсафа (PhD) амал мекунад, инчунин дастгирии муҳаққиқони ҷавон, ки ҳамчун унвонҷӯён фаъолият мекунанд, таъмин шудааст.

Барномаи таълимии докторантура (PhD) дар ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» (шифр 6D 020200) барои се соли таҳсили рӯзона пешбинӣ шудааст. Хатмкунандагон бо дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) сарфароз мегарданд. Арзиши таҳсил 8000 сомонӣ (барои донишҷӯёни хориҷӣ — 16000 сомонӣ) мебошад.

Дар айни замон, дар кафедра дар мавзуъҳои инфиродии рисолаҳои худ докторантҳои зерин фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд: Қосим Ғаффуров (3-юмин сол), Султонбахт Гулбекова, Нилуфар Нурова, Меҳрафзун Худоёрова (2-юмин сол) ва Умедҷон Ашӯров (1-умин сол). Ғайр аз ин, дар кафедра ҳамчун унвонҷӯён бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Ғафорзода Фатона, Лутфулло Рукниддин ва Нуруллоев Фарзод машғул ҳастанд.

Лоиҳаҳои амалкунанда ва ҳамкории байналмилалӣ

Кафедра ва омӯзгоронаш дар лоиҳаҳои байналмилалии грантӣ ва таҳқиқотӣ фаъолона иштирок намуда, бо муассисаҳои гуногуни илмӣ ва таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд:

  1. Лоиҳаи «Масъалаҳои марзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» (2024–2028) — (роҳбари лоиҳа Салимов Ф.Н.) Дар лоиҳа профессорон Раҳматуллозода Э., Олимов М., Сатторзода А., дотсентон Самиев Х., Ҷаъфаров С.Х., Мамадазимова А. ва Анвари Сафари ширкат меварзанд.
  2. Лоиҳаи «Protect to Prevent» — ба таҳлили стратегия оид ба муқовимат бо экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд (Салимов Ф., Ризоён Ш.).
  3. Лоиҳаҳои таҳлили ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ — таҳқиқи озодии виҷдон ва экстремизми хушунатомез дар Осиёи Марказӣ, ки Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад равона гардида буд (Салимов Ф., Ризоён Ш.).
  4. Барномаи STRIVE Asia — лоиҳаи муштараки ИА ва СММ, ки ба пешгирии экстремизми хушунатомез ва дастгирии ташаббусҳои реинтегратсия ва реабилитатсия дар Осиёи Марказӣ равона шуда буд.

Илова бар ин, устодони кафедра дар як қатор барномаҳои миллӣ ва таҳқиқоти фаъолона ширкат намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо:

  • Лоиҳаи «Огоҳсозии аҳолӣ оид ба масъалаҳои реинтегратсия ва реабилитатсияи баргаштагон», ки дар чор минтақаи ҳадафноки Тоҷикистон (Истаравшан, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Ҷ. Балхӣ) амалӣ шуда, баҳои баланди Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳидро гирифтааст.
  • Барномаи «Тақвияти иқтидори ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар пешгирии экстремизми хушунатомез», ки дар доираи пешгирии экстремизми хушунатомез бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Канада татбиқ мешавад.

 

Клуби дипломатҳои ҷавон ва Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ

Дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён Клуби дипломатҳои ҷавон, таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих Анвари Сафари, фаъолона амал мекунад. Клуб ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дониши худро дар соҳаи ихтисос амиқтар намоянд ва мавзӯъҳои мубрами сиёсат ва дипломатияи байналмилалиро муҳокима кунанд. Ҷаласаҳои клуб ҳар моҳ баргузор мешаванд.

Ҳамчунин, дар назди кафедра Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ фаъолият мекунад, ки ҳадафи асосии он омодасозии кадрҳо дар соҳаи таҳлил ва гузаронидани таҳқиқот дар масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Марказ лоиҳаҳои илмӣ мегузаронад ва барои сохторҳои давлатӣ хизматрасониҳои машваратӣ мерасонад.

Дастовардҳои кафедра

Аз замони таъсисёбӣ, кафедра худро ҳамчун маркази пешбари факултет ва донишгоҳ дар фаъолияти методӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ ва лоиҳавӣ муаррифӣ намуда, ба дастовардҳои муҳим ноил шудааст:

  1. Таҳияи стандартҳои таълимӣ — кафедра стандартҳои ихтисосҳои «сиёсати беруна ва дипломатия», «фаъолиятҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»-ро таҳия кардааст, ки дар донишгоҳҳои кишвар татбиқ мешаванд.
  2. Таҳияи барномаҳои таълимӣ — силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ ва курсҳои лексияҳо оид ба ҳамаи фанҳои кафедра ба тайёрии босифати мутахассисон мусоидат мекунанд.
  3. Арзёбии корҳои илмӣ — омӯзгорони кафедра дар арзёбии диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ фаъолона иштирок мекунанд.
  4. Ташкили лексияҳо ва чорабиниҳои таҳлилӣ — омӯзгорони кафедра лексия ва тренингҳоро барои сохторҳои давлатӣ мегузаронанд, ки мавзӯъҳои ба мисли манфиатҳои миллӣ, пешгирии экстремизми хушунатомез, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба шуғл ва дигар мавзӯъҳоро фаро мегиранд.
  5. Иштирок дар комиссияҳои аттестатсионӣ — омӯзгорони кафедра дар комиссияҳои аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд.
  6. Фаъолияти варзишӣ ва эҳсонкорӣ — омӯзгорони кафедра дар чорабиниҳои варзишӣ ва хайриявӣ иштирок намуда, ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ мекунанд.
  7. Лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ — кафедра робитаҳои шарикиро бо донишгоҳҳои Британияи Кабир, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Чин ва дигар кишварҳо ба роҳ мондааст.
  8. Фаъолияти таҳлилӣ — кафедра ёддоштҳои таҳлилӣ ва тавсияҳоро оид ба масъалаҳои ҷории сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ барои сохторҳои давлатӣ таҳия мекунад.

Ин дастовардҳо нақши кафедраро дар омодасозии мутахассисони баландихтисос барои сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд ва ба рушди илм ва дипломатия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Мудири кафедра

E-mail: farrukh.n.salimov@gmail.com

director@tahlil.tj

Тел.: (+992) 918 614886

Суроға: ДМТ, шаҳраки донишҷӯён, бинои №11

Салимов Фаррух Насимович

12 феврали соли 1981 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1997 ба ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2003 хатмкардаи барномаи таҳқиқоти сулҳ ва ҳалли низоъҳои назди Донишгоҳи Аврупои Марказии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Соли 2015 факултети иқтисоди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро бо ихтисоси «Менеджмент» хатм намудааст.

Фаъолияти касбии ӯ аз вазифаи ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шудааст. Аз соли 2004 то 2009, раиси Шӯрои олимони ҷавон ва котиби Шӯрои илмии факултети таърих буд. Аз соли 2009 то 2012, ҳамчун муовини декан оид ба илм фаъолият намудааст. Бо ташкили ёфтани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ба сифати муовини декани факултет оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият намуд. Моҳи апрели соли 2018 ба вазифаи мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 2017 рисолаи номзадии худро аз рӯи ихтисоси таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ ҳимоя карда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия соҳиби дараҷаи номзади илмҳои таърих гардид. Соли 2024 Коллегияи Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони дотсентро додааст.

Фаъолияти илмии Салимов зиёда аз 100 таълифотро дар бар мегирад, ки аз ҷумла 4 китоб, 8 дастури методӣ, 25 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва публитсистиро дар бар мегирад. Аз соли 2006 узви Форуми илмӣ-таълимии муносибатҳои байналмилалӣ буда, аз соли 2012 ҳамчун коршиноси Институти масоили сиёсӣ ва Маркази Евразия оид ба таҳқиқоти сиёсӣ ва аз соли 2017 узви Шӯрои таҳқиқоти байналмилалии Евразия, инчунин аз соли 2019 узви гурӯҳи машваратии минтақавӣ оид ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез мебошад.

Ба ғайр аз вазифаҳои асосии худ, Салимов дар кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор, дар ширкати байналмилалии КНАУФ дар Тоҷикистон ҳамчун директори генералии ин ширкат ва инчунин роҳбари Маркази коршиносиву таҳлилии ДМТ фаъолият дорад. Соли 2019 ташкилоти ҷамъиятии «Таҳлил»-ро таъсис дода, то ҳол ба ҳайси директори он фаъолият менамояд.

Салимов Ф.Н. бо як қатор ифтихорномаҳо ва сипосомаҳо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осими, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва дигар ташкилотҳо барои фаъолияти илмӣ, корҳои ташкилӣ, дастгирии ҷавонон ва варзиш, сарфароз шудааст. Ӯ ҳамчунин як қатор курсҳои омӯзиширо аз қабили «Молия барои ғайри молияшиносон», «Саҳми шахсӣ ҳамчун омили муваффақият», «Идоракунӣ бар асоси ченакҳо: қабули қарорҳо, нақша ва назорат», «Ҳисобдорӣ» ва ҳамчунин барномаи таҳлили низоъҳо ва бунёди сулҳ (UPEACE UN, Маҷористон) хатм кардааст. Ду маротиба ғолиби Форуми илмӣ-таълимии муносибатҳои байналмилалӣ гардида, дар озмунҳои «Соҳибкори беҳтарини – соли 2011» ва ««50 нафари хушсалиқа»-и ш.Душанбе» ҷоизадор шудааст.

Узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Бо мақсадҳои илмӣ ва сафари корӣ ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Русия, Гурҷистон, Украина, Туркия, Олмон, Австрия, Маҷористон, Сербия, Косово, Латвия ва Ветнам сафар намудааст.

Эркинхон Раҳатуллозода (Эркин Раҳматуллоев)

10 майи соли 1953 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1974 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси арабӣ-англисӣ ва бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 1988 Курси такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии СССР-ро хатм намуд. Соли 1999 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низои байни тоҷикон» ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сиёсӣ гардид. Соли 2008 дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия рисолаи докториро таҳти унвони «Дипломатияи пешгирикунанда: назария, амалия ва дурнамои он дар Осиёи Марказӣ» ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи доктори илмҳои сиёсӣ гардид.

Аз соли 2023 профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи 6 китоб ва 50 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон, Русия, АМА, Подшоҳии Марокаш, Подшоҳии Белгия, ИМА ва Коста-Рика ба нашр расидаанд. Китоби ӯ бо номи «Дипломатияи пешгирикунанда: даво ё сароб» дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешавад, ва китоби «United Nations Peacekeeping and Preventive Diplomacy: Central Asia, Tajikistan and Afghanistan» дар Донишгоҳи Сулҳи СММ дар Коста-Рика омӯзонида мешавад.

Раҳматуллозода фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 ҳамчун омӯзгори забони англисӣ дар мактабҳои миёнаи ноҳияи Исфара оғоз кардааст. Аз соли 1977 то соли 1980 дар Ҷумҳурии Мисри Араб аввал ҳамчун тарҷумони забони арабӣ дар гурӯҳи мутахассисони шӯравӣ ва баъдан ҳамчун тарҷумон-референти Сафорати ИҶШС дар Миср кор кардааст.

Аз соли 1980 то соли 1986 дар дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон вазифаҳои масъулро ишғол кардааст. Соли 1986 ба ҳайси мушовири калони Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (муовини вазир) таъйин шуд ва соли 1992 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Соли 2001 ба вазифаи мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ таъйин гардид. Соли 2016 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерландия, Герсогии Бузурги Люксембург, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО таъйин шуд. Соли 1994 дуввумин дипломати кишвар гардид, ки унвони дипломатии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷиаистонро ба даст овард. Соли 2004 ба ӯ унвони олии касбии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи якуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Ҷумҳурии Франсия «Le Merit» («Барои хизматҳо»), медали Ҷумҳурии Демократии Афғонистон «Аз мардуми сипосгузори афғон», медали ҷашнӣ ба муносибати «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнӣ ба муносибати «30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай, медали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ду медали тиллои Созмони исломӣ оид ба фарҳанг, илм ва маориф ва якчанд медалҳои дигар сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

Абдунабӣ Сатторзода

27 феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллӣ) Тоҷикистон мебошад. Дорои дараҷаи илмии доктори илми филология, профессор ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (Эрон) аст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои Раёсат ва Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Бунёди  Рӯдакӣ, аъзои Шӯрои назорати илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон ва инчунин шӯроҳои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Институти илмҳои ҷамъиятии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва адабии “Суханшиносӣ” ва “Садои Шарқ” (Душанбе), “Камоли Хуҷандӣ” (Хуҷанд), “Ахбори Институти илмҳои ҷамъиятии ба номи Б. Искандаров” (Хоруғ) ва “Эроннома” (Алмато, Қазоқистон) мебошад.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1963 дар Университети давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст. Дар вазифаҳои лаборант, аспирант, муаллим, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дар факултаи филология фаъолият кардааст.

А. Сатторзода инчунин мудири бахши нақди адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” (Нашрияи расмии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) (1967–1968), фармондеҳи қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1969–1971), докторанти Донишгоҳи давлатии Москва (1979–1980) ва устоди Пуҳантунии Кобул дар Афғонистон (1985–1987) буд.

Аз соли 1993 то 1999 дар Музокироти сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, узви Комиссияи муштараки назорат бар  оташбас ва Комиссияи оштии миллӣ буд.

17 марти соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, то 30 январи соли 2006 дар ин вазифа кор кардааст. Дорои рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи аввал мебошад.

Аз 1 апрели соли 2006 то 14 майи соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои иқтисодии берунаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз майи 2006 то июни 2023 мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Муаллифи 25 китоб ва зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ ва адабӣ мебошад, ки дар заминаҳои адабиёти форсии тоҷикӣ, ба забонҳои форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ), назариёти адабӣ ва поэтика, нақди адабӣ, фарҳанг, дин ва сиёсати хориҷӣ навишта шудаанд. Осори ӯ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, ИМА, Ҷопон, Шветсия, Олмон, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Украина, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар  ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ ва ғайра ба табъ расидаанд.

Аз таълифоти машҳури ӯ дар бораи сиёсати хориҷӣ метавон ба чунин асарҳо ишора кард: “Дипломатияи муосири тоҷик” (ҳаммуаллиф бо акад. Т. Назаров; Душанбе, 2006; Кобул, 2013), “Дипломатияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ҳаммуаллиф бо М. Султонов; Душанбе, 2010), “Масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон (сиёсати бисёрсамтӣ дар амал)” (Душанбе, 2014; 2024) ва дигарҳо.

Ҷоизаҳо ва дастовардҳо:

  • Ордени «Шараф» (1999) — фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Медали “Нишони сухан” аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2004).
  • Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ барои китоби “Кӯҳна ва нав” (2005).
  • Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» (2011).
  • Ҷоизаи “Беҳтарин китоби дарсӣ” барои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” (барои синфи 8) дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар ш.Душанбе (2015).
  • Унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019).
  • Ҷоизаи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои монографияи “Назариёти адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ” (2020).
  • Медали ҷашнии «20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай» (2021).
  • Медали «Нишони ифтихор» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2024).

Муаллими калони кафедра

Тел.: +992 918 97 31 81

E-mail: anvari.safar@mail.ru

Суроға: н. Сино, маҳ. Майяковский 70/2

SPIN-код: 4198-3152

АНВАРИ Сафарӣ

н.и.т., муаллими калон

23 январи соли 1993 дар ш.Кӯлоб таввалуд шудааст. Соли 1999 ба синфи якуми мактаби умумии миёнаи №8 ш. Кӯлоб ба номи Файзулло Тавакалов рафта, мактаби мазкурро соли 2010 хатм намуд. Баъди хатми мактаби мазкур, соли 2010 ба факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 2015 бо дипломи аъло ва ихтисосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, тарҷумон, референт хатм намуд. Тайи солҳои 2016-2019 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатщои байналхалқии ДМТ буда, дар мавзуи “Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмӣ-таҳиқотӣ мебурд.

Аз соли 2017 то ин ҷониб омӯзгори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2018 мушовири академии ихтисоси фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар МБ, аз соли 2019 то 2024 котиби Шурои олимони факултет, аз соли 2022 то ҳол муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ кор мекунад.

Рисолаи номзадиро соли 2021 дар мавзуи “Масъалаҳои сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) ҳимоя намудааст. Муаллифи 18 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 1 монография мебошад.

Акобиршоева Шабнам

Ассистенти кафедра
Телефон: +992888772299
Почтаи электронӣ: shabikakobirshoeva@gmail.com

Акобиршоева Шабнам 18 апрели соли 1995 дар шаҳри Душанбе дар оилаи омӯзгорон таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумии худро дар мактаби рақами 90 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гирифтааст. Аз кӯдакӣ ба забонҳои хориҷӣ шавқи зиёд дошт ва соли 2013 ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Соли 2017 бо ихтисоси филологияи забони англисӣ дараҷаи бакалавриро ба даст овард.

Соли 2015 дар Мактаби тобистонаи бонувони роҳбар дар Green River Community College, иёлати Вашингтон, ИМА, тибқи барномаи SUSI таҳсил кард.

Соли 2017 ба магистратураи факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи барномаи «Тадқиқоти Аврупоӣ» (TACES+) дар кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, дохил шуд. Дар доираи таҳсилоти магистратура дар барномаи мубодилаи донишҷӯён бо дастгирии ERASMUS+ ширкат варзида, як семестр дар Пажуишгоҳи тадқиқоти сиёсии Йохан Шютте дар шаҳри Тарти Эстония таҳсил намуд. Соли 2019 магистратураро хатм кард ва дар лоиҳаи Access Micro-Scholarship Program, ки бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мешуд, кор карда, барномаҳои таълимии инклюзивӣ барои кӯдаконро татбиқ намуд.

Аз соли 2020 дар докторантураи PhD факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва дар кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ ба тадрис машғул аст. Фаъолияти илмии ӯ ба таҳқиқи мавзӯи «Муносибатҳои илмӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар доираи стратегияи нав (2014-2020)» бахшида шудааст.

Ӯ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунад ва таҳқиқоти худро дар ИМА, Эстония, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон муаррифӣ намудааст.

Рахмон Наркабилов
Ассистенти кафедра
E-mail: rahmonnarkabilov@gmail.com
Телефон: (+992 880 185 885)
Суроға: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бинои №11

Рахмон Наркабилов 12 ноябри соли 2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ соли 2018 Литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ)-ро дар шаҳри Душанбе хатм карда, ҳамон сол ба факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2022 таҳсилро бомуваффақият ба поён расонида, ихтисоси мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва референти тарҷумонро соҳиб гардид. Дар ҷараёни таҳсил бо баҳои баланд ва бо таваҷҷуҳи таҳқиқотӣ ба дипломатия ва таҳлилҳои байналмилалӣ фарқ намуд.

Аз соли 2022 то 2024 таҳсилро дар зинаи магистратура идома дода, дар барномаи «Сиёсати беруна ва дипломатия» дар кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуд. Дар доираи барномаи магистратура, Наркабилов ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, асосан ба омӯзиши усулҳои таҳлил ва пешгӯӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Диссертатсияи ӯ дар мавзӯи «Фаъолияти таҳлилӣ ва пешгӯӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» баҳои баланд гирифта, натиҷаҳои тадқиқот дар як қатор мақолаҳои илмӣ нашр шуданд, ки аз ҷумла:

  1. Наркабилов Р. (ҳаммуаллиф). Масъалаҳо ва дурнамои фаъолияти таҳлилӣ ва пешгӯӣ дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ // Маҷаллаи илмии «Муҳаққиқи ҷавон». Душанбе: ДМТ, 2024, №6, саҳ. 246–250.
  2. Наркабилов Р. (ҳаммуаллиф). Нақш ва мавқеи марказҳои таҳлилӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) // Маҷаллаи илмии «Муҳаққиқи ҷавон». Душанбе: ДМТ, 2024, №6, саҳ. 216–220.

Тадқиқоти ӯ масъалаҳои муҳими нақши марказҳои таҳлилӣ дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ ва аҳамияти фаъолияти таҳлилӣ барои дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Наркабилов талош мекунад, ки усулҳои таҳлилӣ барои арзёбӣ ва пешгӯии равандҳои байналмилалӣ татбиқ гарданд, ки ин ба ӯ имкон медиҳад ҳамчун мутахассиси ҷавони пурталаб дар соҳаи таҳлили дипломатӣ шинохта шавад.

Аз соли 2024, Рахмон Наркабилов ҳамчун ассистенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин вазифа ӯ ба таври фаъол дар раванди таълим ва фаъолияти илмии кафедра ширкат варзида, ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ ва идомаи тадқиқоти илмӣ машғул аст.