ЭМОМАЛИ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН

167

Имрӯз дипломатияи об дар заминаи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба яке аз абзорҳои сиёсати хориҷии давлат табдил ёфта, дар самти устуворгардонии мавқеи Тоҷикистон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Илова бар ин, давлатҳои дигари ҷаҳон низ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳ намуда, ҳоло гурӯҳи давлатҳои “дӯстони об” барои танзими мушкилиҳои глобалӣ дар соҳаи об дар атрофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.

«Ибтикори об»-и пешниҳодкардаи Тоҷикистон хусусияти ҷаҳонӣ пайдо карда, аввалин пирӯзии бузурги дипломатии кишвар гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва асосгузори дипломатияи об дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Нақши Пешвои миллат дар роҳандозии сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷи робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва пешбарии дипломатия об инъикос ёфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Пешвои миллат яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.

Оғози ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об

Бори нахуст, 1 – уми октябри соли 1999, дар Иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба минбари баланди фахрии ин созмони бонуфузтарини ҷаҳонӣ даъват шуда, дар назди роҳбарони зиёда аз 180 давлати ҷаҳон суханронӣ намуданд. Дар ҳамин Иҷлосия Пешвои миллат масъалаи обро ба миён гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул намуда, 20 – уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55 – уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.

Ин аввалин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфта шуд. Дар доираи эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза дар миқёси ҷаҳонӣ конфронсу мизҳои мудаввар ва форуму чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардид. Аз ҷумла, аз 29 – уми август то 1 – уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза шуда гузашт, ки баргузории Форум барои таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ ва андешидани чораҳои муҳимму зарурӣ дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ин сарвати бебаҳои табиат нақши бузург гузоштааст.

Дуюмин пешниҳоди башардӯстонаи Эмомали Раҳмон ин эълони даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, барои солҳои 2005 – 2015» буд, ки 23 – юми декабри соли 2003 Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдореро қабул карда, солҳои 2005–2015–ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд, ки ин иқдомро низ Созмони Милали Муттаҳид бо хушнудӣ пазируфт.

Аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтан ва амалӣ сохтани иқдомоти башардӯстонаи муҳтарам Эмомали Раҳмон аз нуфузу эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилал шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми назаррас хешро гузошта истодааст. Тоҷикистон худ сарзамини обҳои тоза буда, қариб ҳамаи обҳое, ки дар сарзамини мо мавҷуданд, барои истифодабарӣ дар соҳаи кишоварзиву хоҷагидорӣ ва ошомидан мувофиқ мебошад.

Тоҷикистон захираҳои обии хешро самаранок истифода намуда, ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ тавассути бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ истифода мегардад.

Имрӯз 95% -и барқ дар мамлакат аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамагӣ 17–20 % – и захираҳои обии мамлакатамонро мо имрӯз истифода бурда истодаем. Ҳол он ки 90 %-и ҳудуди Тоҷикистон аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат аст.

Дар Тоҷикистон 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри он оби ширин аст, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях мавҷуд буда, манбаи асосии обии Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми обҳои зеризаминии мамлакат бошад, тибқи маълумоти мутахассисони соҳа ба 18,7 километри мукааб дар сол баробар аст.

Бо дарназардошти ин ҳолат, Тоҷикистоннаметавонад нисбати масъалаи захираҳои обӣ бетараф бошад. Ҳамзамон кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар ҳаҷми 525-27 млрд. квт. соат мебошад, ки истифодаи самараноки он бахри эҳёи иқтисоди миллӣ ва ба содиркунандаи асосии нерӯи барқ табдил ёфтани ҷумҳурӣ муосидат менамояд.

Эмомали Раҳмон зимни суханронии хеш дар Саммити оби Будапешт, ки 28-уми ноябри соли 2016 Ҷумҳурии Маҷористон баргузор гардида буд, чунин изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем».

Хулоса, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ташаккули дипломатияи обӣ хеле назаррас буда, сарвари давлат тавассути дипломатияи об ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилии глобалӣ ҷалб намуда, давлатҳои ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар соҳаи об муттаҳид намудааст. Бояд гуфт, ки якдилона пазируфтани ин иқдомҳои Тоҷикистон аз мантиқӣ, зарурати ҳаётӣ ва саривақтӣ будани онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Назаров Б. Б., мушовири академии факултетимуносибатҳои байналхалқии ДМТ