ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — МЕЪМОРИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОМИЛИ ШИНОХТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МИЛЛАТ

10

Дар марҳалаи нави таърихии давлати тоҷикон, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як самти муассир, фаъол ва муваффақ табдил ёфтааст. Бо талошҳои пайгирона ва ҳидоятҳои хирадмандонаи ӯ, Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳу нуфузи сазовор пайдо намояд ва ҳамчун давлати сулҳпарвару ҳамкор эътироф гардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меъмор ва раҳнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, инчунин пайкари эътирофи байналмилалии он дар шароити буҳронзои ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Сиёсати «дарҳои кушода» – асоси ҳамкорӣ бо ҷаҳони муосир

Яке аз пояҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст, сиёсати «дарҳои кушода» мебошад. Ин сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва беғаразона бо рӯҳияи ҳамкории мутақобилан судманд тарҳрезӣ гашта, ҳамчунин таъмингари тавсеаи равобити Тоҷикистон бо тамоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ гардид. Худи сарвари давлат дар Паёми соли 2016 ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудааст: «Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад».

Дар замони барои давлат сарнавиштсоз – солҳои навадуми асри гузашта – Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз вартаи низои шаҳрвандӣ раҳонида, бо иқдоми сулҳҷӯёна сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор сохт. Маҳз пас аз барқарории сулҳ бо кӯшиши Пешвои миллат бовари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон афзуд ва сиёсати хориҷии мамлакат ҳамчун сиёсати сулҳпарвар эътироф гардид. Ҷумҳурӣ бо пайгирии ҳамин сиёсат тавонист бо ҳаллу фасли масоили душвори миллӣ эътимоди шарикони хориҷиро ба даст орад. Таҳлилгарон ва масъулини сиёсати хориҷӣ таъкид менамоянд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои пайвастаи худ «меъмори сиёсати хориҷии мутавозуни Тоҷикистон» гардид. Ин сиёсат ба кишвар имкон дод, ки Тоҷикистон имрӯз бо беш аз 183 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъолу пурҳуқуқи зиёда аз 170 конвенсияи байналмилалӣ гардад ва дар хориҷи кишвар 39 намояндагиидипломатӣ ифтитоҳ намояд. Дипломатияи фаъоли давлати тоҷик бо такя ба принсипҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиати муштарак тавонист Тоҷикистонро ба як шарики боэътимоди байналмилалӣ табдил диҳад. Нашрияи бонуфузи аврупоии «Diplomatic World» ҳанӯз соли 2012 таваҷҷуҳ намуда буд, ки бо шарофати сиёсати «дарҳои кушода»-и Эмомалӣ Раҳмон эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол меафзояд ва раҳбари давлат бо мавқеи принсипиалии худ дар мавриди ваҳдат, инсондӯстӣ ва сулҳпарварӣ эҳтирому обрӯи бузург касб намудааст.

Ба сифати меъмори сиёсати хориҷӣ, Эмомалӣ Раҳмон бевосита ташаббускори таҳия ва қабули санадҳои муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии сиёсати хориҷиро барои даврони нави давлатдорӣ муаян кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015, таҳти № 332, «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид. Дар ин санади муҳим принсипҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар — аз ҷумла сиёсати “дарҳои кушода”, содиқ будан ба сулҳу субот ва ҳамкории беғаразона — расман таъкид ва муқаррар карда шудаанд. Ин санад идомаи мантиқии ҳамон рӯҳияе буд, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолият Пешвои миллат дар арсаи хориҷӣ пеш гирифта буд. Ин Консепсия рӯшан месозад, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷиашро бар пояи ҳамгироии манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои минтақавию ҷаҳонӣ пеш мебарад ва тарафдори ҳамкории фарогири байналмилалӣ бар зидди таҳдидҳои глобалист. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояш борҳо зикр кардааст, ки Тоҷикистон барои тавъамсозии ҳадафҳои миллӣ бо талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳову абзорҳои муассир меҷӯяд ва ҳамкории давлатҳои манфиатдорро дар муқобили хатарҳои муосир ҳамоҳанг месозад..

Дастовардҳои назарраси дипломатӣ ва нуфузи байналмилалӣ

Дар тӯли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими дипломатӣ ноил гардид, ки ҳар кадом бо иштироки фаъол ё роҳбарии шахсии ӯ амалӣ шудаанд. Аввалан, пас аз истиқлолият Тоҷикистон зуд вориди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва узвияти созмонҳои бонуфузро касб кард. Ҷумҳурӣ аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда, имрӯз дар доираи созмонҳои байналмилалӣ чун СММ, САҲА, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ғайра фаъолона фаъолият дорад. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаи худ тавонист нуфузи Тоҷикистонро дар ин созмонҳо боло барад ва мавқеи мустақили кишварро ҳимоят намояд. Масалан, Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол дар доираи Созмони Милал як қатор пешниҳодҳои муҳимро пеш бурд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро бо якдилӣ пазируфт. Танҳо то соли 2023, Тоҷикистон панҷ ташаббуси ҷаҳонии хешро дар СММ ба қайд гузошт, ки ин аз эътибори баланди сиёсати хориҷии кишвар шаҳодат медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин таҳти ибораи пурмаъно гуфтааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои сулҳҷӯёнаи худ меъмори сиёсати хориҷии мутавозуни Тоҷикистон гардид». Ин изҳори назар худ гувоҳи он аст, ки роҳбари давлат тавонист сиёсати хориҷиро бо тавозуни манфиатҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ созгор намояд. Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати дӯсту ҳамкор мешиносад, ва ин эътироф бевосита бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад. Ҳанӯз соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Париж) китоби таҳқиқотие таҳти унвони «Меъмори сулҳ» муаррифӣ гардид, ки ба саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва боло бурдани обрӯи Тоҷикистон бахшида шудааст. Муқарризони аврупоӣ таъкид карданд, ки Президенти Тоҷикистон манфиатҳои миллиро болотар аз ҳар гуна манфиатҳои гурӯҳӣ гузошта, бо азму иродаи қавӣ кишварашро ба масири пешрафт ва ҳамзистии осоишта раҳнамоӣ намуд. Ин гуна баҳои баланд дар расонаҳои бонуфузи хориҷӣ далолат бар он мекунад, ки симои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сулҳофар ва ҳомии манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Дипломатияи об: Тоҷикистон ҳамчун пешгоми ҷаҳонӣ

Яке аз самтҳои барҷастаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон — ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва иқлим аст, ки ба кишвар шуҳрати пешгомии глобалӣ овард. Бо дарки он ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои муътадили обист, Президент масъалаҳои обу иқлимро ба меҳвари дипломатияи байналмилалӣ табдил дод. Аз оғози истиқлол то имрӯз, бо ибтикори Тоҷикистон чанд ташаббуси калидии умумиҷаҳонӣ пазируфта шуд ва бо қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ расман эълон гардид:

1. Соли байналмилалии оби тоза — 2003, бо қатъномаи СММ A/RES/55/196 (20.12.2000).

2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005–2015, бо қатъномаи СММ A/RES/58/217 (23.12.2003).

3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013, бо қатъномаи СММ A/RES/67/204 (21.12.2012).

4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, бо қатъномаи СММ A/RES/71/222 (21.12.2016).

5. Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо — 21 март (ҳар сол), бо қатъномаи СММ A/RES/77/158 (14.12.2022).

Илова бар ин, Тоҷикистон ин ташаббусҳоро ҳамчун «платформаи амал» рушд додааст: раванди «Dushanbe Water Process» (конференсияҳои сатҳи баланд дар Душанбе аз соли 2018), ки ба татбиқи Даҳсолаи «Об барои рушди устувор, 2018–2028» хидмат мекунанд ва ба Конфронси миёнамӯҳлати СММ оид ба об (Ню-Йорк, 2023) саҳм гузоштанд.

Татбиқи пайдарпайи ин ташаббусҳо нишон дод, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба маркази дипломатияи об табдил ёфтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун пешрави ҳалли мушкилоти обии сайёра мешиносад. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар моҳи марти соли 2023 Тоҷикистон ҳамроҳ бо Шоҳигарии Нидерланд бори аввал баъд аз тақрибан 50 сол дар Ню-Йорк Конфронси бузурги обии СММ-ро ҳамраисӣ намуд. Ин Конфронси сатҳи баланд барои баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (2018-2028) даъват шуда, шахсан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамраисии ҷаласаи пӯшидашавандаро ба уҳда дошт. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ва дигар роҳбарони ҷаҳонӣ дар ин ҳамоиш аз нақши калидии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи об изҳори қадрдонӣ карданд.

Ба таври мушаххас, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) профессор Петтери Таалас дар Конфронси Душанбе-2025 оид ба пиряхҳо изҳор дошт: «Ман махсусан сипосгузорам ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои роҳбарии устувор ва эҳтиромонаашон дар кори ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зисти мо». Ин изҳори миннатдорӣ бори дигар собит месозад, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат натанҳо дар сатҳи қабул шудани қатъномаҳои СММ мемонанд, балки дар амал низ тавассути ҷалби пуштибонии ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ амалӣ мегарданд.

Ҳиссаи Тоҷикистон дар амният ва ҳамкории ҷаҳонӣ

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба масоили об маҳдуд намешавад, балки дар тақвияти амнияту суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ саҳми назаррас дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар қалби Осиёи Марказӣ ва ҳаммарз бо Афғонистони ҷангзада, ҳамеша хатти пеши мубориза бо хатарҳои фаромиллӣ ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи вазъи геосиёсӣ, ҳанӯз аз солҳои 90-ум масъалаи таҳкими сарҳадот ва ҳамкорӣ барои таъмини амниятро ба миён гузошт. Бо талошҳои вай, Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо давлатҳои дӯст – аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои дигари минтақаву ҷаҳонӣ – ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, Созишномаи сулҳи ҳамаҷонибаро соли 1997 дар Москва ба имзо расонид. Ин санад на танҳо барои таъмини сулҳи дохилӣ, балки ҳамчун як дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, зеро бо дастгирии қувваҳои байналмилалӣ амалӣ шуд ва таҷрибаи нодири ҳаллу фасли осоиштаи низои дохилиро ба ҷаҳониён пешниҳод кард.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои муосири амниятӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта – фаъолона саҳм мегирад. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Эъломияи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо терроризмро дар чаҳорчӯби СММ пазируфт ва татбиқ мекунад. Ҳанӯз соли 2016 дар Душанбе бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милал Нақшаи амал оид ба мубориза бо экстремизм қабул шуд, ки аввалин ташаббуси минтақавӣ дар ин замина ба шумор мерафт. Бо иқдоми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе – тайи солҳои охир ба минбари муҳими мулоқоти байналмилалии зиддитеррористӣ табдил ёфтааст. Масалан, дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон моҳи майи соли 2019 Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ дар муқобили терроризм ва маблағгузории онро баргузор кард. Дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин ҳайатҳои воломақоми беш аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Ҳангоми ифтитоҳи конфронс Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки кишвар «ҷиҳати вокуниши муассир ба ин таҳдидҳо ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии марбута, аз ҷумла СММ ва САҲА, идома хоҳад дод». Ин изҳороти қатъӣ аз забони роҳбари давлат нишон медиҳад, ки Тоҷикистон барои амнияти минтақаву ҷаҳон худро масъул мешуморад ва дар пайкари муборизаи дастаҷамъона нақши фаъол мебозад.

Иқдоми муҳими дигаре, ки бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон ба амал татбиқ шуд, ин ташкили «Раванди Душанбе» дар соҳаи муқовимат бо терроризм мебошад. Дар чорчӯби ин раванд чандин ҳамоишу машваратҳои сатҳи олӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, 18–19 октябри 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ ва идоракунии марзҳо барои муқобила бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористон» баргузор шуд, ки онро Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо Идораи СММ оид ба зиддитерроризм (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ (UNRCCA), САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, бо пуштибонии Қатар ва Арабистони Саудӣ созмон доданд. Конфронс бо қабули Эъломияи Душанбе анҷом ёфт.

Дар ҷаласаҳо ҷониби Тоҷикистон таҷрибаи ҳифзи сарҳади тулонии муштарак бо Афғонистонро муаррифӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкории марзӣ барои амнияти фароминтақавиро таъкид намуд. Ин ҳамоишҳо расман ҳамчун қисми «Dushanbe Process» (Раванди Душанбе) сабт шудаанд, ки оғози он моҳи майи 2018 бо Конфронси сатҳи баланд дар бораи муқовимат ба терроризм ва пешгирии ифротгароии зӯроварона дар Душанбе гузошта шуда, соли 2019 бо ҳамоиши дигар дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм идома ёфт.

Намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ ва шарикон саҳми Тоҷикистонро дар ин раванд баланд арзёбӣ карданд; хусусан изҳороти расмии САҲА ва UNOCT мақоми Раванди Душанбе-ро ҳамчун минбари ҳамоҳангсозии талошҳои зиддитеррористӣ ва тақвияти механизмҳои марзбонӣ таъкид намуд.

Дар баробари мубориза бо хатарҳо, Тоҷикистон дар пешбурди ҳамкориҳои созанда низ пешсаф аст. Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, кишвар дар доираи чунин сохторҳои ҳамкории минтақавӣ чун Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фаъолиятҳои назаррас анҷом медиҳад. Тоҷикистон соли 2021 раёсати даврии СҲШ-ро бар ӯҳда дошта, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони давлатҳои узви созмонро муваффақона баргузор намуд. Дар ин ҷаласа санадҳои муҳиме ба имзо расиданд, ки барои амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ замина гузоштанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) борҳо ташаббуси таҳкими ҳифзи марзи ҷанубии худ (сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон)-ро матраҳ намуда, аз шарикони стратегӣ ёрии техникиву маънавӣ дарёфт кардааст. Ин талошҳо нишон медиҳанд, ки ҳифзи амният ва тарғиби ҳамкории амниятӣ яке аз афзалиятҳои доимии сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Эътирофи шахсият

Ҷамъбасти далелҳо нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеан меъмор ва рамзи рӯҳияи сиёсати хориҷии муосири Тоҷикистон аст: ӯ равияи хориҷии кишварро аз оғоз бо хирадмандӣ бунёд гузошта, онро пайваста дар масири сулҳ ва ҳамкорӣ ҳидоят намудааст. Ба шарофати ин роҳнамоӣ, Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба давлати сулҳпарвару боэътимод табдил ёфт, ки бо ҷаҳон сиёсати «дарҳои кушода» ва дӯстиро пайгирӣ мекунад. Ин тезис пайваста дар маводи расмии давлатӣ ва матбуоти миллӣ таъкид мешавад.

Натиҷаи амалӣ — афзоиши эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ: Тоҷикистон имрӯз дар созмонҳои ҷаҳонӣ аъзои фаъол ва ташаббускор аст; сухани он дар минбарҳои мӯътабари байналмилалӣ шунида мешавад (аз ҷумла дар рӯзномаи ҷаҳонии об).

Аз лиҳози эътирофи шахсӣ, соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Париж) муаррифии китоби таҳқиқотии «Меъмори сулҳ» баргузор шуд, ки ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва боло бурдани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон бахшида шудааст; ҳамон сол ЮНЕСКО ба ӯ медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» эҳдо кард.

Дар мавзӯъҳои глобалӣ — пеш аз ҳама дипломатияи об — иқдомҳои президентӣ ба қабули як силсила қатъномаҳои муҳими СММ ва ташкил кардани нишастҳои сатҳи баланд овард: аз Соли байналмилалии оби тоза-2003 то Даҳсолаи «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки Тоҷикистон онро дар сатҳи глобалӣ пеш мебарад.

Ҷиҳати амниятӣ, «Раванди Душанбе» барои ҳамоҳангсозии талошҳои зиддитеррористӣ ба роҳ монда шуд; конфронси сатҳи баланд дар Душанбе (октябри 2022) бо шарикии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардида, Эъломияи Душанберо пазируфт. Ин раванд саҳми амалии Тоҷикистонро дар амният ва суботи фароминтақавӣ намоён кард.

Муҳимтар аз ҳама, симои шахсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои давлатдор, ки манфиатҳои миллиро бо манфиатҳои башарӣ ҳамоҳанг месозад, дар берун низ эътироф шудааст: ӯро ҳамчун пешвои сулҳофар ва дурбин мешиносанд; дар матбуоти аврупоӣ ва байналмилалӣ нақши ӯ дар сулҳ, рушд ва дипломатияи об мунтазам барҷаста мешавад.

Бо назардошти ин далелҳо, ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон ниҳоят равшан аст: меъмори бинои муносибатҳои хориҷӣ ва рамзи нуфузи байналмилалии кишвар. Давоми чунин раҳбарии хирадмандона, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар равобити байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам карда, ба сулҳ, амният ва ҳамкории саросарӣ саҳми бештар гузорад.

Салимов Ф.Н., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон