ЭҲТИРОМ БА ОМӮЗГОР ЭҲТИРОМ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ

19

Омӯзгорон ҳамеша дар таърихи башарият ҳамчун сутуни маърифат, парвариши инсон ва пояи қавии миллатҳо шинохта шудаанд. Агар ба ҳар миллате назар афканем, мебинем, ки пешрафту камолоти он аз дараҷаи илму дониш, фарҳанг ва худшиносӣ вобаста аст. Аммо кӣ инсонро соҳиби дониш месозад? Кӣ шӯълаи маърифатро дар қалбҳо фурӯзон мекунад? Он омӯзгор аст – шахсияте, ки дар паси номаш таърих, фарҳанг ва ояндаи миллат меистад.

Ҳар миллате, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузорад, дар асл ба худ ва ба ояндаи худ эҳтиром менамояд. Миллатҳое, ки омӯзгорро қадр намекунанд, дер ё зуд ба буҳрони маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дучор мешаванд. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш соли 2024 қайд намуданд: “Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.

Вақте хонанда устодро бо муҳаббат мешиносад, аз илму ахлоқи ӯ баҳра мегирад, фардо ба шахси комил ва шаҳрванди бофарҳанг табдил меёбад. Аммо агар эҳтиром ба омӯзгор коста гардад, эҳтироми дониш, фарҳанг ва ҳатто давлатдорӣ заиф мешавад.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим файласуфон таъкид кардаанд, ки илму маърифат бо тарбияи устод ба инсон мерасад. Суқрот гуфта буд: «Илм ҷуз ёдоварӣ нест, ва омӯзгор касест, ки роҳи ёдоварии ҳақиқатро ба инсон нишон медиҳад».

Нақши омӯзгор танҳо дар таълими фаннӣ ва донишӣ маҳдуд намешавад. Омӯзгор дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми беназир дорад. Вай ба хонандагон таърихро меомӯзонад, забони модариро таълим медиҳад, арзишҳои миллӣ ва диниро бо зебоӣ мефаҳмонад. Ҳамин аст, ки эҳтиром ба омӯзгор ба маънои эҳтиром ба фарҳанг, забон, таърих ва худшиносии миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки бузургтарин фарзандони миллати тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Абуабдулло Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва садҳо олимону зиёиён бо заҳмати устодон парвариш ёфтаанд. Агар онҳо устодони муҳаббатпарвар ва ватандӯст намедоштанд, шояд дар таърихи башарият ва миллат чунин корномаҳои бузург анҷом намедодаанд.

Омӯзгор мисли меъмор аст, аммо на қасрҳои сангӣ, балки қасри маънавӣ месозад. Ӯ шахсият месозад, фарзанд месозад, миллат месозад. Ҳар як калимаи омӯзгор метавонад ба андешаи хонанда самти нав бахшад.

Зиёд аст теъдоди ҷавононе, ки бо як сухани устод роҳашонро пайдо карда, ба шахсияти бузург табдил ёфтаанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷомеа бояд омӯзгорро ҳамчун «меъмори наслҳо» қадр намоем.

Бузургии ҳар миллат аз бузургдошти омӯзгор сарчашма мегирад. Чӣ тавре ки чароғи устод торикиро нобуд месозад, эҳтироми омӯзгор ҷаҳолатро аз миён мебарад ва роҳи маърифатро равшан мекунад. Миллате, ки омӯзгорро гиромӣ медорад, худро аз пастӣ раҳо мекунад ва ба камол мерасад. Омӯзгорон на танҳо дониш меомӯзанд, балки инсонҳои комилро ташаккул дода, ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию инсондӯстиҳоро парвариш медиҳанд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба омӯзгор арҷгузорӣ ба худ, ба фарҳанг, ба ояндаи фарзандон ва ба миллат мебошад.

Ба ифтихори Рӯзи омӯзгор ҳамаи устодонро самимона табрик мегӯем! Бигзор заҳмати шабонарӯзии шумо дар роҳи парвариши наслҳои оянда ҳамеша қадрдонӣ гардад. Саломатӣ, саодат, сарбаландӣ ва ифтихори шогирдон ҳамеша ҳамроҳи шумо бошад. Шумо чароғи маърифат ва сарчашмаи бузургии миллат ҳастед!

Бобошои Абдусаттор,ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ