Аз таърихи таълимоти сиёсӣ ва системаҳои сиёсии кишварҳои мухталиф бармеояд, ки аксран ҳизбҳои сиёсӣ дар заминаи манфиатҳои гурӯҳӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳокимият ташкил мешаванд. Садҳо аҳзоби сиёсиеро мисол овардан мумкин аст, ки хусусияти гурӯҳӣ дошта, манфиати қишри муайяни ҷоемеаро ҳимоя менамояд. Ҳатто дар кишварҳои мутамаддини ҷаҳони муосир ба монанди Амрико ва Аврупои Ғарбӣ сафи чунин ҳизбҳои сиёсӣ хеле зиёд мебошад.
Аз таҷрибаи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, махсусан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеояд, ки он табиатан халқӣ ва демократӣ буда, маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созанда мебошад. ҲХДТ ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар ҷиҳати амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ – гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.
Маҳз натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он дида, ҷонибдорӣ менамоянд.
Ташкили чунин як ҳизб дар ҳоле даст дод, ки дар кишвар садои тиру туфанг миллатро пароканда карда буд. Бо заминагузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон донишмандону олимон ва афроди солимфикру қавииродаро гирди ҳам ҷамъ овард, ки ҳар яке аз онҳо пайравони сиёсати Ҳукумат ва хостори сулҳу субот ва оромиву якпорчагии Тоҷикистони азизамон буданд. Мақсад ва мароми мо низ равшан буд – бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва озод, фароҳам овардани шароити мусоид, эҳёи фарҳанги миллӣ. Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоиро ҳамчун ҳадафи асосӣ пеш гирифт. Ҳадафи бунёди чунин як ҳизбро Пешвои милллат чунин иброз намудаанд: “Мо ин ҳизбро барои ҳокимиятсозӣ таъсис надодаем, мо чунин ҳокимиятро дорем, балки ҳадаф аз ташкили он таҳкими давлатдориамон, амалӣ гардондани ҳадафу ормонҳои мардум, омӯзиш ва равнақи демократия, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва эътирофу қадр кардани ақидаҳои гуногуну мухталиф дар ҷомеа мебошад”.
Ҳамин андешаҳои солиму созандаи Раиси муаззами ҳизб буданд, ки маҳбубияту мартабаи ҲХДТ дар байни ҷомеа боло рафт, тарафдорони зиёдеро сарҷамъ намуд, зеро ҳар як мароми мо ба дарди мардум мехурд ва воқеан ҳам қобили қабул аст. Дар воқеъ, бояд мо халқро созем, зеро танҳо халқ қудрати расонидани моро то ба нуқтаи мақсуд дорад. Бояд гуфт, ки баъзе аз ҳизбҳо ҳанӯз дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар талош доштанд, то ба сари қудрат бирасанд ва дар ин роҳ халқро на танҳо истифода карданд, ҳатто “сӯзонданд”. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ором намудани вазъи дохилӣ ва таъмини истиқлоли кишвар ба онҳо гузаштҳои зиёдеро фароҳам овард.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” (соли 1998) таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ мекунад, манъ карда мешавад.
Айни замон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ғояҳои созанда ва расидагӣ кардан ба дарди мардум мавқеи худро дар байни ҷомеа ва дар дили мардум устувортар карда истодааст, ки барои ҳизбу ин як дастоварди бузург аст. Оиннома ва Барномаи ҲХДТ мувофиқ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ таҳия шудаанд ва тавре Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХII ҲХДТ иброз намуданд, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди афзалиятноки соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаҳои стратегии марҳалаи нав арзёбӣ мегарданд.
Хулоса тамоми барномаву оинномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардуми кишвар бахшида шудаанд. Ҳизб бо нерӯ ва тавони худ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ, тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудаистодааст. Ин ҳизб бо нақшаву стратегияҳои миллии худ имрӯз барои ояндаи неки Тоҷикистон ва ободии ин сарзамин талош дорад, зеро ин ҳизбро нафари ватанхоҳу ватандор, бунёдгузору бунёдкор, миллатпарасту ваҳдатофарин ва дурандешу некбин – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ доранд, ки мояи ифтихори ҳар яки мо мебошанд.