ИСТИКЛОЛ – РАМЗИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ

6

Ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам

Умедам, орзуям ифтихорам , Тоҷикистонам.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Истиқлол нишонаи озодӣ, ҳисси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва оғози роҳи нави таърихии миллат ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.Истиқлол, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон лаҳза то имрӯз ин санаи фархунда барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад.

Ин маъниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас, возеҳу равшан баён кардаанд: Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.

Дар таърихи ҳама миллатҳо ҳастанд арзишу аҳамияти фавқулоддаву муҳим, аммо барои халқи тоҷик, чунин санаи бузурги дорои аҳамияти таърихӣ – 9 сентябр, ҷашни Истиқлол мебошад. Барои ҳар нафар ҷашн ин, пеш аз ҳама, шодию сурур ва шукуҳу тантана аст, шукуҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад. Маънои ҷашни Истиқлол чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни Истиқлол барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ҷой кардааст.

Ин субҳдам бидидам, ҳамроҳи резаборон,
Мерехт файзи раҳмат, бар мулки Тоҷикистон.
Мавлуди Тоҷикистон, мавлуди бахти тоҷик,
Ё раб, нигаҳбон шав, ин тоҷу тахти тоҷик!

Истиқлолият ба мардуми мо имкониятҳои назаррас дод, ки соҳиби рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гарданд, ҳамчунин, дар роҳи мустақилонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузоранд. Бо вуҷуди душвориҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки кишварро ба вартаи нобудӣ бурд, мардуми мо бо иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботро барқарор намуданд. Аз ҳамон замон Тоҷикистон ба роҳи созандагӣ ворид шуд. Дар даврони истиқлолият садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти муҳимми давлатӣ бунёд гардиданд. Таъсиси Артиши миллӣ дастоварди бузурге буд, ки амнияти давлат ва оромии мардумро таъмин сохт. Имрӯз истиқлолият ба ҷавонон шароити васеи таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар фароҳам сохтааст.

Варзишгарони тоҷик дар майдонҳои байналмилалӣ бо ифтихор парчами кишварро парафшон мекунанд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳдӯст дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас неруи истиқлол.
Кашад қад сӯйи фардо, қомати дилҷӯйи истиқлол.
Ҳазорон хирмани зар пеши истиқлол чизе нест.
Ҳазорон ташнаро сероб созад, ҷӯйи истиқлол.
Худоро, шукр мегӯям, ки ман соҳибватан ҳастам.
Надорам серие, то зиндаам аз рӯйи истиқлол!

Истиқлолият на танҳо озодӣ, ин масъулияти бузург аст. Ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд онро бо меҳнату садоқат ҳифз намояд ва насли наврас онро ҳамчун мероси муқаддас пос нигаҳ дорад. Истиқлолият неъмати бебаҳо ва амонати муқаддас буда, танҳо бо ваҳдат, ҳамбастагӣ ва заҳмати содиқона метавонем истиқлолияти давлатиро мустаҳкам намуда Ватани ободу ором мерос гузорем.

Бигзор, Ҷашни Истиқлол ба ватани азизи мо шукуфоӣ, пешравӣ ва ба мардуми азизи кишвар саодту комёбӣ ва пешравиҳои нав ба нав оварад.

Тупалов Ғ.Ш. – дотсенти кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ